Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Муаррифии роҳбари дафтари БАТР дар Тоҷикистон

27.03.2017

Масоили рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд имрӯз, 27 марти соли 2017 дар Душанбе баррасӣ гардид. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода Ноиби якуми Президенти БАТР, роҳбари гурӯҳи хизматрасонии муштариён ҷаноби Филипп Беннетро барои ташрифи расмӣ ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.

EBRD_270317_1.JPG

Зимни мулоқот Ҷ.Нурмаҳмадзода аз ҳамкориҳои зич ва дастгирии БАТР дар вазъи буҳронӣ изҳори миннатдорӣ баён карда, аз тавсеа бахшидани муносибатҳои тарафайни минбаъда дар самти низоми бонкии кишвар, аз ҷумла беҳтар кардани вазъи низоми бонкӣ, саҳмгузорӣ дар маблағгузории соҳибкории хурду миёна, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва амсоли инҳо сухан кард. Зикр карда шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар барномаҳои БАТР, ки дар дохил ва берун аз кишвар доир мегарданд, бо мудири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар БАТР - Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев фаъолона ширкат варзида, тамоми масоили мавҷударо дар хусуси низоми бонкии кишвар мавриди пешниҳод ва баррасии БАТР қарор медиҳад.

Дар идома Ҷ.Нурмаҳмадзода таваҷҷуҳи намояндагии БАТР-ро ба масъалаи маблағгузорӣ ва татбиқи барномаҳои пешбининамудаи ХБА ҷиҳати дастгирии низоми бонкии кишвар ҷалб намуда, барои равона шудани онҳо ба дастгирии соҳибкории хурду миёна, аз ҷумла дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, инчунин устувор гардонидани сиёсати монетарӣ ва ғайра ибрози андеша намуд.

EBRD_270317_2.JPG

Дар навбати худ Ноиби якуми Президенти БАТР, ҷаноби Филипп Беннетт ба сухан баромада, инчунин аз тавсеа бахшидани ҳамкории дуҷониба дар соҳаи низоми бонкии Тоҷикистон изҳори омодагӣ баён намуд. Мавсуф аз ислоҳот дар низоми бонкии ҶТ, сармоякунонии бонкҳои муаммодор, ба амал омадани фишорҳои буҳронӣ ба низом, ҳалли мушкилоти бонкҳо, аз ҷумла мушкилиҳои андозӣ сухан карда, барои боз ҳам рушд додани ҳамкориҳои тарафайн дар самти низоми бонкии кишвар пешниҳоду машваратҳои ҷолиб манзур намуд.

Сипас, ҷаноби Филипп Беннетт роҳбари намояндагии доимии БАТР дар Тоҷикистон хонум Айтен Рустамоваро, ки ба тозагӣ интихоб шудааст, ба роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон муаррифӣ намуд. Мавсуф изҳори боварӣ кард, ки минбаъд низ ҳамкориҳо байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ идома ва рушд хоҳанд ёфт.

EBRD_270317_3.JPG

Боиси тазаккур аст, ки дар вохӯрӣ инчунин Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва як қатор роҳбарони сохторҳои калидии БМТ ширкат варзида, дар муколамаи пурмуҳтаво ибрози назар карданд. Ноиби якуми Президенти БАТР ҷаноби Филипп Беннетро дар мулоқоти мазкур Директори минтақавӣ оид ба Осиёи Марказии БАТР Нил Маккейн, Директори минтақавӣ оид ба Русия ва Осиёи Марказии БАТР Наташа Ханженкова ва мушовири Ноиби якуми Президенти БАТР Агнежка Лукасик ҳамроҳӣ карданд.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ




Диданд: 2513

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ