- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
- Таваррум дар моҳи январ0,7%
- 9,5%
- Пулҳои захиравӣ (январ), млрд. сомонӣ22,5
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 05 феврали с.2021)11,00 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (Январ)10,34
- Меъёри фоизӣ дар соли 2021
(% солона) - Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ)8,51
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ)24,04
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ)13,00
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (январ)22,05
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ)21,73
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 01.03.2021 1 USD 11.3045 1 EUR 13.6897 1 RUB 0.1507
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2019
- Соли молиявии 2018
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Ғолиби “Ҷоми бонкҳо” муайян шуд
Дар доираи барномаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Бонки миллии Тоҷикистон бо Фонди олмонии хазинаҳои амонатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ аз 28 март то 31 марти соли ҷорӣ дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон мусобиқаи “Ҷоми бонкҳо” баргузор ва ҷамъбаст гардид.
Мақсад аз баргузории ин сабқати иқтисодӣ, ки бо иштироки панҷ даста аз бонкҳои кишвар - БДА ҶТ “Амонатбонк”, ҶСК “Бонки Эсхата”, ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд”, ҶСП “Казкоммертсбонк” ва ҶСП “АксесБонк Тоҷикистон” гузаронида шуд, баланд бардоштани маҳорати идоракунии кормандони роҳбарикунандаи зинаҳои болоӣ ва миёнаи бонкҳо ба ҳисоб меравад.
Дар рафти сабқат аз ҷониби дастаҳо ҷанбаҳои муҳими бонкӣ аз қабили банақшагирии пардохтпазирӣ, тарофаҳо оид ба амалиётҳои дороиҳо ва уҳдадориҳо, таҳлили нишондиҳандаҳои бонкӣ, стратегияи бонкӣ, банақшагирӣ ва бозомӯзии кормандон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҳар дастаи иштирокчӣ бо барномаҳои шартии тавозуни ҷудогонаи солона ва нишондиҳандаҳои ба он вобаста дар панҷ давра фаъолияти ташкилоти шартии худро муаррифӣ намуданд.
Дар ҷараёни мусобиқа миёни панҷ даста - дастаи ҶСК “Бонки Эсхата” тибқи талаботи ҷорӣ дар асоси маълумотҳои ҷойдошта идоракунии дуруст ва самараноки бонки шартиро таъмин намуда, бо муаррифии беҳтарин барнома дар ин сабқати бонкӣ ғолиб дониста шуда, соҳиби «Ҷоми бонкҳо» гардид.
Дастаҳои ҶСП “Казкоммертсбонк” ҷои дуввум, ҶСП “АксесБонк Тоҷикистон” ҷои сеюм, БДА ҶТ “Амонатбонк” ҷои чаҳорум ва ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” ҷои панҷумро касб намуданд.
Ҷоми номбурдаро ба ғолибон масъулини Фонди олмонии хазинаҳои амонатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Татяна Фелдган, Инна Мазур ва намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон тақдим намуда, барои дар амал татбиқ кардани натиҷаҳои бадастомада, ба иштирокчиёни мусобиқа комёбиҳо орзу намуданд.
Қобили қайд аст, ки баргузории чунин мусобиқаҳо байни бонкҳо ба рушди низоми бонкӣ ва беҳтар шудани маҳорат ва малакаи касбии кормандони ташкилотҳои қарзӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар бахши хотимавии сабқат ташаббускорони мусобиқаи «Ҷоми бонкҳо» таъкид намуданд, ки ба ин монанд мусобиқаҳо солҳои минбаъд низ баргузор хоҳанд шуд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ
Диданд: 3282
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ