- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
- Таваррум дар моҳи декабр0,4%
- 9,4%
- Пулҳои захиравӣ (декабр), млрд. сомонӣ22,0
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 05 феврали с.2021)11,00 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (декабр)10,35
- Меъёри фоизӣ дар соли 2020
(% солона) - Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-декабр)9,93
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-декабр)21,20
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-декабр)16,30
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (декабр)22,02
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (декабр)21,52
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 24.02.2021 1 USD 11.3035 1 EUR 13.7383 1 RUB 0.1528
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2019
- Соли молиявии 2018
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Баррасии шакли ҳисоботи амалиётҳои амонатӣ-пасандозӣ дар БМТ
Имрӯз, 7 апрели соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола семинари машваратӣ оид ба тарзи таҳия ва пешниҳод намудани шакли ҳисоботи омории №1-АП «Ҳисобот оид ба амалиётҳои амонатӣ-пасандозӣ» барои мутахассисони бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд баргузор гардид.
Дар оғози семинар Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Л.Ҷ қайд намуд, ки шакли ҳисоботи омории №1-АП «Ҳисобот оид ба амалиётҳои амонатӣ-пасандозӣ» мувофиқи талаботҳои ҷаҳони муосир бинобар такмил ёфтани Дастурамали “Низоми ҳисобҳои миллӣ”, ки аз ҷониби Комиссияи Аврупоӣ, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Созмони Ҳамкории Иқтисодии Рушд, Созмони Милали Муттаҳид ва Бонки ҷаҳонӣ коркард шудааст, таҳия гаштааст.
- Таҳаввулоти назаррас дар ҳамаи соҳаҳои ҷаҳони муосир ба амалияи байналмилалии пешниҳоди ҳисоботи оморӣ таъсири мусбат расонида, дар самти танзими низоми ҳисобҳои миллӣ, стандартҳои байналмилалии ҳисоби молиявӣ ва тавозуни пардохт тағйироти ҷиддӣ ба амал овардааст, ки ин дар навбати худ зарурати тағйир додани ҳамаи шаклҳои ҳисоботи омориро ба амал овард. Дар робита ба ин, шакли нави ҳисоботи омории №1-АП «Ҳисобот оид ба амалиётҳои амонатӣ-пасандозӣ», ки ба талаботҳои Хазинаи Байналмилалии Асъор мутобиқ гардонида шудааст, ба таваҷҷуҳи ҳозирин пешниҳод мегардад, - зикр намуд Муовини Раис Салимова Л.Ҷ.
Номбурда бо таъкид ба он ки пешниҳоди омори дақиқ имрӯз дар аксари кишварҳо талаботи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад, илова намуд, ки тарзу усули омода ва пешниҳод намудани шакли нави ҳисоботи омории №1-АП аз шаклҳои ҳисоботии пешина ба таври назаррас тафовут дошта, дар асоси меъёрҳои Хазинаи Байналмилалии Асъор мукаммал гардонида шудааст.
Сипас, аз ҷониби мутахассисони Идораи омор ва тавозуни пардохт ба иштирокдорони семинар дар хусуси тарзи омода ва пешниҳод намудани шакли ҳисоботи омории №1-АП «Ҳисобот оид ба амалиётҳои амонатӣ-пасандозӣ» ва аҳамияти он муаррифии муфассал манзур карда шуд.
Қобили қайд аст, ки шакли ҳисоботи омории №1-АП «Ҳисобот оид ба амалиётҳои амонатӣ-пасандозӣ» бо мақсади иҷрои стандартҳои байналмилалӣ дар асоси талаботҳои Низоми ҳисобҳои миллӣ такмил гашта, минбаъд ҳисоботҳои омории №1-А, №2-ПМ, №9-ФА, №2-ДП ва №3-ГБА-ро аз байн мебарад.
Шуъбаи матбуоти
БМТ
Диданд: 1650
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ