- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
- Таваррум дар моҳи январ0,7%
- 9,5%
- Пулҳои захиравӣ (январ), млрд. сомонӣ22,5
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 05 феврали с.2021)11,00 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (Январ)10,34
- Меъёри фоизӣ дар соли 2021
(% солона) - Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ)8,51
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ)24,04
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ)13,00
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (январ)22,05
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ)21,73
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 02.03.2021 1 USD 11.3045 1 EUR 13.6174 1 RUB 0.1527
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2019
- Соли молиявии 2018
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар БМТ
Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои ободониву кабудизоркунии муҳити атроф ва дастгирии ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар заминҳои ҳудуди Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон ва теппаҳои атрофи он, ки дар мавзеи Пуғуси дараи зебоманзари Варзоб ҷойгир мебошанд, ҳамасола ҳашарҳои ниҳолшинонӣ гузаронида мешаванд.
Дар мавсими ниҳолшинонии имсола низ дар ҳудуду атрофи Маркази таълимӣ миқдори зиёди ниҳолҳои ҳамешасабз ва ороишиву сояафкан шинонида мешавад. Қисмати зиёди корҳои ниҳолшинонӣ дар натиҷаи кӯшишу заҳматҳои кормандони Бонки миллии Тоҷикистон тариқи ҳашар дар шанбегиҳои дастаҷамъӣ, ки пайваста гузаронида мешаванд, амалӣ мешаванд.
Аз ҷумла, дар ҳашари ниҳолшинонии ҳафтаи гузашта, рӯзи 15-уми апрел бо иштироки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва зиёда аз 80 нафар кормандони бонк дар ҳудуди заминҳои Маркази таълимии Пуғус беш аз 400 бех ниҳолҳои дарахтони арчаву сӯзанбарг шинонида шуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар ҷараёни корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ шахсан иштирок намуда, барои андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати нигоҳубини дарахтон ва навниҳолҳо ба масъулини Маркази таълимии Пуғус дастуру ҳидоятҳои муфид дод.
Қобили қайд аст, ки дар мавсими ниҳолшинонии соли гузашта, дар ҳудуди заминҳои Маркази таълимӣ ва теппаҳои атрофи он тавассути заҳмати кормандони Бонки миллии Тоҷикистон зиёда аз 9 ҳазор дарахтони сояафкану ороишӣ ва нодиру хушнамо қомат афрохта, дар мавсими имсола то имрӯз иловатан 4057 адад ниҳолҳои санавбару сафедор ва бештар аз 18 000 бех гулҳои мавсимӣ шинонида шуданд, ки феълан муҳити маркази таълимиро ба як мавзеи хеле зебою диданӣ ва дилнишин табдил додааст.
Шуъбаи матбуоти
БМТ
Диданд: 1651
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ