- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
- Таваррум дар моҳи декабр0,4%
- 9,4%
- Пулҳои захиравӣ (декабр), млрд. сомонӣ22,0
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 05 феврали с.2021)11,00 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (декабр)10,35
- Меъёри фоизӣ дар соли 2020
(% солона) - Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-декабр)9,93
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-декабр)21,20
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-декабр)16,30
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (декабр)22,02
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (декабр)21,52
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 23.02.2021 1 USD 11.3035 1 EUR 13.7179 1 RUB 0.1506
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2019
- Соли молиявии 2018
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Фаъолияти Гурӯҳҳои кории Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон
27 апрели соли 2017, дар доираи баргузории ҷаласаҳои Гурӯҳҳои кории Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (Alliance for Financial Inclusion - AFI), иштирокдорони Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи маълумоти оморӣ доир ба дастрасии молиявӣ (Financial Inclusion Data Working Group) ва Гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиши таҷриба дар соҳаи стратегияи дастрасии молиявӣ (Financial Inclusion Strategy Peer Learning Group) ба баррасии масъалаҳо оид ба пешбурд ва мубодилаи иттилоот аз рӯйи андозагирии дастрасии молиявӣ пардохтанд.
Фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи маълумоти оморӣ доир ба дастрасии молиявӣ (Financial Inclusion Data Working Group) таҳти роҳбарии намояндаи Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (AFI) Чарлес Марва сурат гирифта, дар мавзӯи таъсири баҳодиҳии дастрасии молиявӣ зергурӯҳҳо таҳлилу баҳсҳо доир намуданд. Дар доираи баррасии ин мавзӯъ намояндаи Бонки Гана доктор Амедику Сеттор баромад намуд ва оид ба тадбирҳои минбаъда барои дастрасии молиявӣ ва таъсири баҳодиҳӣ сухан кард.
Фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиши таҷриба дар соҳаи стратегияи дастрасии молиявӣ (Financial Inclusion Strategy Peer Learning Group), ки дар он ҳамаи аъзоёни Гурӯҳҳои корӣ ширкат варзиданд, ба масъалаи Стратегияи дастрасии молиявӣ бахшида шуд. Шарҳи муфассалро дар мавзӯи Стратегияи миллӣ оид ба дастрасии молиявӣ дар Фаластин намояндаи Мақомоти монетарии Фаластин Муҳанад Салус ба аъзоёни Гурӯҳҳои корӣ муаррифӣ намуд. Дар баррасии ин масъала намояндаи Бонки Бангладеш Ҳабибур Раҳмон, намояндаи Вазорати иқтисод ва молияи Сенегал Амадоу Бамба, намояндаи Бонки Ҷумҳурии Бурунди Симплайз Нзабиумва ва намояндаи Бонки марказии Салвадор Отто Родригес ширкат варзиданд. Инчунин оид ба татбиқи Стратегияи дастрасии молиявӣ дар кишварҳои аъзо намояндагони Бонки Мехико ва Бонки Нигерия баромад намуда, аз татбиқи он дар кишварҳои худ ба иштирокдорон муаррифии муфассал пешниҳод намуданд. Баъд аз баррасӣ ва таҳлилҳо намояндагони Гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиши таҷриба дар соҳаи стратегияи дастрасии молиявӣ (Financial Inclusion Strategy Peer Learning Group) ба зергурӯҳҳо тақсим шуда, фаъолиятро бо мубодилаи таҷриба ва малака дар самти дастрасии молиявӣ идома доданд.
Ҳамин тариқ, барои расидан ба ҳадафҳои худ аъзои Гурӯҳҳои кории Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (Alliance for Financial Inclusion - AFI) навовариҳо ва таҷрибаву малакаи мутахассисони соҳибтаҷрибаро аз кишварҳои аъзо мавриди омӯзиш қарор доданд. Таҳияи низоми умумии иттилоот байни аъзои Иттиҳоди мазкур, бо мақсади андозагирии ҳамгироии молиявӣ ва мубодилаи таҷрибаи андӯхта нисбат ба нишондиҳандаҳои асосӣ, усулҳои тадқиқот, таҳлил ва истифодаи маълумот, баҳри иттилоъ додан дар самти дастрасии молиявӣ равона мегарданд.
Дар ҷамъбасти фаъолият гурӯҳҳои корӣ мавзӯъҳои асосии Нақшаи фаъолиятро барои ҷаласаи 11 Гурӯҳҳои кории Иттиҳод, ки соли равон дар Арабистони Саудӣ баргузор хоҳад шуд, баррасӣ ва муайян намуданд.
Боиси тазаккур аст, ки аз 24 то 28 апрели соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи понздаҳуми Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ ва ҷаласаи даҳуми Гурӯҳи корӣ оид ба андӯхтани таҷриба дар самти стратегияи дастрасии молиявии Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (AFI) баргузор шуда истодааст.
Шуъбаи матбуоти
БМТ
Диданд: 1165
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ