Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи апрел
    2,2%
  • 10,6%
  • Пулҳои захиравӣ (апрел), млрд. сомонӣ
    18,6
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 майи с.2020)11,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (апрел)12,18
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-апрел)
    11,11
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-апрел)
    23,88
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-апрел)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (апрел)
    21,89
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-апрел)
    20,97




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.05.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2945.70 3016.05
10 5804.43 5943.06
20 11462.78 11736.53
50 28418.74 29097.43
100 56672.72 58026.16

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Май      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    27 28 29 30 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Мулоқоти Икромӣ Сироҷиддин бо Мушовири Комиссияи Аврупоӣ Олег Хирбу

18.05.2017

17 майи соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин бо ҳайати Комиссияи Аврупоӣ таҳти роҳбарии Мушовири Комиссияи Аврупоӣ оид ба масъалаҳои дастгирии буҷет ва идораи молияи давлатӣ барои Осиёи Марказӣ ҷаноби Олег Хирбу баргузор гардид.

EU_jalasa_1.JPG

Вохӯрии мазкур дар доираи мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Неъматулло Ҳикматуллозода бо Директори генералии рушди байналмиллалӣ ва ҳамкориҳои Комиссияи Аврупо ҷаноби Мансервиси, ки 5 майи соли 2017 дар шаҳри Йокогама ба мувофиқа расида буд, амалӣ шуда истодааст.

EU_jalasa_2.JPG

Зимни мулоқот Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин ҳайати Комиссияи Аврупоиро бо вазъи феълии макроиқтисодӣ дар Тоҷикистон шинос намуда, қайд кард, ки новобаста аз таъсири омилҳои буҳронӣ ба кишвар, ислоҳот дар низоми бонкӣ марҳила ба марҳила татбиқ мегардад.

Дар навбати худ ҷаноби Олег Хирбу изҳор дошт, ки мақсади ташрифи ҳайати Комиссияи Аврупо аз баррасии вазъи иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии ислоҳот дар бахши идораи молияи давлатӣ ва транши навбатии Комиссияи Аврупо оид ба дастгирии буҷети давлатӣ иборат мебошад.

EU_jalasa_3.JPG

Қобили қайд аст, ки Мушовири Комиссияи Аврупоӣ оид ба масъалаҳои дастгирии буҷет ва идораи молияи давлатӣ барои Осиёи Марказӣ ҷаноби Олег Хирбуро дар ин вохӯрӣ Мачей Мадалински – Мудири бахши ҳамкориҳо, Даниела Чемпелова – Мудири барномаҳо ва Гнел Седракян – машваратчӣ оид ба масъалаҳои идораи молияи давлатии Комиссияи Аврупоӣ ҳамроҳӣ мекарданд.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Диданд: 1291

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ