Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи ноябр
    0,6%
  • 7,5%
  • Пулҳои захиравӣ (ноябр), млрд сомонӣ
    18,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Ноябр)12,96
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 13.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2402.32 2459.69
10 4717.66 4830.33
20 9289.23 9511.07
50 22984.87 23533.79
100 45804.97 46898.88

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ҷиҳати рушди иқтисодиёти кишвар

22.05.2017

19 майи соли 2017 дар доираи фаъолияти Ҳайати муштараки корӣ ҷиҳати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, таҳти №815 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ” дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзӣ ва соҳибкорони ватанӣ ҷаласаи васеи корӣ баргузор гардид.

andoz_1.JPG

Дар ифтитоҳи ҷаласа Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Машрабзода Ҳамидулло ва Муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ Сафарзода Лола баромад намуданд. Зимни суханронӣ, Муовини Раиси БМТ Машрабзода Ҳамидулло аз моҳият ва мақсади қарори Ҳукумати ҶТ таҳти №815 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ” ба намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ва соҳибкорони инфиродӣ шарҳи муфассал манзур намуд. Мавсуф аз вазъи феълии бозори кортҳои пардохтӣ дар кишвар ва рафти иҷрои қарори зикргардида, фаъолияти Ҳайати муштараки корӣ маълумот дода, зарурияти роҳандозӣ намудани муомилоти ғайринақдӣ ҳамчун омили асосии шаффофияти ҷараёнҳои молиявӣ дар низоми молиявии кишварро махсусан қайд намуд.

andoz_2.JPG

Сипас, ба ҳозирин муаррифӣ дар мавзӯи “POS-терминал манбаи бурди соҳибкорон”, ки аз ҷониби мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон таҳия шудааст, пешниҳод гардид. Муҳтавои муаррифӣ аз тарзи корбарии POS-терминал ва намудҳои он, роҳу усулҳои истифодабарии кортҳои пардохтӣ дар шароити бозори муосир, бартарияти истифодаи пардохти ғайринақдӣ дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, ҷалби муштариёни нав ва васеъ кардани гардиши мол бо истифода аз ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, васеъ намудани хизматрасонӣ бо зиёд намудани амалиётҳои ғайринақдӣ иборат буд. Зимни муаррифӣ қайд гардид, ки ҳаҷми умумии кортҳои пардохтӣ дар чор моҳи (январ-апрел) соли 2017 нисбати ҳамин давраи соли 2016 8,1 фоиз афзуда, ҳаҷми амалиёт бо кортҳои пардохтӣ дар ҳамин давра 9,8 фоиз зиёд шудааст. Инчунин ба соҳибкорони инфиродӣ номгӯи ташкилотҳои қарзие, ки бо бароришу хизматрасонии кортҳои пардохтӣ машғуланд, манзур карда шуд.

Дар рафти ҷаласа муҳокимаи пурмуҳтаво барпо шуда, ба суолҳои соҳибкорон оид ба шарту шароити насби POS- терминалҳои электронӣ, амалӣ намудани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, талабот барои ҳаққи хизмат ва пардохтҳои андозӣ, роҳандозӣ намудани имтиёзҳо Муовини Раиси БМТ Машрабзода Ҳ., сардори Идораи низоми пардохт Салоҳиддинов Ш., муовини сардори Раёсати санҷиши андозҳои Кумиати андоз Абдуллоев С. ва намояндагони ташкилотҳои қарзӣ посухҳои мушаххас пешниҳод намуданд. Дар рафти муҳокима ба соҳибкорон оид ба афзалиятҳои истифодаи терминалҳои электронӣ ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ ва истифодаи кортҳои пардохтӣ маълумот дода шуд.

andoz_3.JPG

Дар ҷамъбасти ҷаласаи васеи корӣ бо иштироки намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, ташкилотҳои қарзӣ ва соҳибкорони ватанӣ қарор дода шуд, ки дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ матни қарори №815 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ”, рӯйхати ташкилотҳои қарзӣ ва маълумоти иловагӣ дар намуди “суолу ҷавоб” манзур хоҳад шуд. Инчунин аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ пешниҳод карда шуд, ки тамоми ташкилотҳои қарзии бо бароришу хизматрасонии кортӣ машғул, дар сомонаи худ оид ба талаботи (шарту шароити) насб кардани POS - терминалҳои электронӣ барои муассисаҳои савдо ва хизматрасониро ба таври муфассал дарҷ намоянд.

andoz_4.JPG

Бояд қайд кард, ки Ҳайати муштараки корӣ ҷиҳати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, таҳти №815 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ” бо иштироки Бонки миллии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ 31 марти соли 2017 ташкил шудааст. Аз оғози фаъолияти ҳайати муштараки корӣ дар 573 муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ санҷиш гузаронида, дар 64 адади онҳо POS – теминалҳои электронӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар муассисаҳои савдо ва хизматрасоние, ки бо POS – терминалҳои электронӣ муҷаҳҳаз нестанд, бо роҳбарон ва кормандони онҳо оид ба зарурият ва афзалияти истифодабарии POS - терминалҳои электронӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Ба 509 адад муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи андоз барои дар муҳлати 25 рӯз насб кардани POS - терминалҳои электронӣ огоҳинома дода шуда, нисбати чор адад шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ ҷавобгарии маъмурӣ амалӣ карда шуд.

Дар натиҷа 812 соҳибкорон ба ташкилотҳои қарзӣ муроҷиат намуда, айни замон аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар асоси дархости онҳо раванди насби терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ амалӣ шуда истодааст.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Диданд: 1043

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4770 (54.38%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2171 (24.75%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        837 (9.54%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5862 (66.83%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1366 (15.57%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        316 (3.60%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ