Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,1%
  • 7,3%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд сомонӣ
    17,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Октябр)13,06
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 06.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2402.16 2459.53
10 4717.35 4830.01
20 9288.61 9510.44
50 22983.33 23532.21
100 45801.90 46895.73

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Мулоқоти корӣ бо Ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Бонки миллии Тоҷикистон

26.05.2017

26 майи соли 2017 таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо роҳбари Ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) ҷаноби Пол Росс дар доираи сафари кориаш ҷиҳати тавсиябахшии анъанавӣ оид ба моддаи IV Созишномаи ХБА дар  Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти корӣ доир гардид.

1.JPG

Нахуст Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода Ҳайати ХБА, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва вазорату идораҳои дахлдорро ба Бонки миллии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз сатҳи ҳамкорӣ бо ХБА изҳори қаноатмандӣ намуд. Дар оғози мулоқот ҷонибҳо дар масоили пешбурди сиёсати иқтисодии давлат, вазъи феълии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати фискалӣ, рушди бахши воқеии иқтисодиёт, суботи молиявӣ, вазъи низоми бонкии кишвар, татбиқи ислоҳот дар ин самт ва тадбирҳои пешбинишуда табодули назар намуданд. 

2.JPG

Зимни ҷаласа ҷонибҳо лоиҳаҳои “Таҳлили устувории қарзи давлатӣ” ва “Мушкилиҳои низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дар доираи моддаи IV-и Созишномаи ХБА баррасӣ намуда, оид ба бандҳои алоҳидаи лоиҳаҳои мазкур пешниҳоду таклифҳо манзур намуданд. Аз ҷумла оид ба таҳлили дурнамои устувории қарзи беруна ва қарзи дохилӣ, стратегияи қарзи давлатӣ, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, хавфҳои мавҷуда ва солимгардонии бонкҳои мушкилотдор, ворид намудани татбиқи ислоҳот дар низоми бонкӣ пешниҳодҳои ҷолиб баён карда шуданд. Инчунин, ҳангоми баррасии лоиҳаҳо методологияи таҳлили нишондиҳандаҳо аз ҷониби ХБА, мавҷуд будани тафовут байни таҳлили ҷониби Тоҷикистон ва ХБА аз рӯи нишондиҳандаҳои асосӣ ва мутобиқ кардани маълумотҳо ибрози назар карда шуд. 

Дар идомаи баррасӣ Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба сухан баромада, оид ба муқаррар намудани рейтинги кишвар аз ҷониби институтҳои байналмилалӣ ва таъсири таҳлили дурнамои нишондиҳандаҳои алоҳида аз рӯи методологияи ХБА ба рейтинги мазкур ибрози назар намуд. 

3.JPG

Дар навбати худ роҳбари Ҳайати ХБА ҷаноби Пол Росс барои пешниҳоду таклифҳои ҷолиб аз ҷониби намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи ҶТ изҳори миннатдорӣ баён карда, зикр намуд, ки лоиҳаҳои “Таҳлили устувории қарзи давлатӣ” ва “Мушкилиҳои низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо дарназардошти пешниҳоду таклифҳои зикршуда ва муҳокимаи иловагӣ бори дигар баррасӣ гардида, такмил хоҳанд шуд. 

Дар ҷамъбасти мулоқот Ҷ.Нурмаҳмадзода изҳори боварӣ намуд, ки новобаста аз вазъи номуътадили низоми молиявӣ ва дар ҳолати ҳассос қарор доштани бахши бонкии кишвар, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон Нақшаи стратегии солимгардонии фаъолияти БМТ барои соли 2015-2019 қабул гардида, дар доираи он як қатор ислоҳотҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон ва дар низоми бонкии кишвар татбиқ гардиданд. Ҷамшед Нурмаҳмадзода инчунин таъкид дошт, ки дар ҳамкорӣ бо шарики доимӣ - Хазинаи Байналмилалии Асъор ҳалли мушкилоти мавҷудаи иқтисодию молиявӣ, аз ҷумла низоми бонкӣ ба таври назаррас имконпазир хоҳад шуд. 

4.JPG

Боиси тазаккур аст, ки дар мулоқоти корӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Маҷидӣ Юсуф, Муовини сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Амирҷон Убайдуллоев, Муовини якуми Вазири молияи ҶТ Каримзода Ҷамшед, Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ХБА Илҳом Раҷабов, Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Нигина Анварӣ ва намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдор ширкат варзида, оид ба бандҳои алоҳидаи лоиҳаҳои зикршуда пешниҳодҳо манзур намуданд.

Ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор таҳти роҳбарии ҷаноби Пол Росс дар Тоҷикистон барои гузаронидани машваратҳои корӣ дар доираи моддаи IV Созишномаи ХБА бо сафари корӣ қарор дошта, ӯро дар ин ҳайат намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон Юрий Соболев, иқтисоддонони ХБА Далматсио Бенитсио, Терри Бейл, Джангянг Юу ва Каролина Кастелланос ҳамроҳӣ доранд.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Диданд: 1294

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4764 (54.97%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2089 (24.10%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        824 (9.51%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5836 (67.34%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1356 (15.65%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        313 (3.61%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ