Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи декабр
    0,4%
  • 9,4%
  • Пулҳои захиравӣ (декабр), млрд. сомонӣ
    22,0
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 05 феврали с.2021)11,00
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (декабр)10,35
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ)
    8,51
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ)
    24,04
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ)
    13,00
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (январ)
    22,05
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ)
    21,73




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 24.02.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3383.83 3464.64
10 6680.68 6840.23
20 13215.27 13530.87
50 32799.98 33583.30
100 65435.19 66997.90

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Феврал      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
  • Яндекс.Метрика

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҳайати ширкати байналмилалии “Alvarez&Marsal”

30.05.2017

30 майи соли 2017, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Айтен Рустамова ва Директори ширкати байналмилалии машваратии “Alvarez&Marsal” Николай Кузнетсовро ба ҳузур пазируфт.

1.JPG

Мулоқоти мазкур дар доираи кӯмаки техникии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва шартномаи ҳамкорӣ бо Ширкати байналмилалии машваратии “Alvarez&Marsal” ҷиҳати таҳияи нақшаи солимгардонии ду бонки низомсоз ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи феълии низоми бонкӣ дар кишвар, аз ҷумла ҳолати молиявии ду бонки низомсоз ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, сифати сандуқи қарзӣ, дороиҳо ва уҳдадориҳо, шабакаи филиалҳо, вазъи таъминоти барномавӣ ва иттилоотӣ ибрози назар намуданд.

2.JPG

Зимни мулоқот Муовини якуми Раис Ҷамолиддин Нуралиев изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо ширкати “Alvarez&Marsal” ҷиҳати таҳия намудани нақшаи солимгардонии бонкҳои мазкур омода аст. Аз ҷумла бо ишора ба таҷрибаи касбии мутахассисони ширкат Ҷамолиддин Нуралиев изҳори боварӣ намуд, ки аз ҷониби ширкати “Alvarez&Marsal” модели нав ва муносиб барои солимгардонии бонкҳои номбурда таҳия ва пешниҳод хоҳад шуд.

Дар навбати худ, директори Ширкати байналмилалии машваратии “Alvarez&Marsal” Николай Кузнетсов барои ҳамкорӣ ва мусоидат аз намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, қайд кард, ки барои сазовор гаштани интизории Бонки миллии Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи кофӣ дар ин самт тамоми саъю кӯшиши худро равона хоҳад сохт.

Боиси тазаккур аст, ки дар мулоқоти мазкур инчунин аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Марина Ермакова, мутахассисони Ширкати байналмилалии машваратии “Alvarez&Marsal” Александр Волчков, Александр Еремин, Андрей Шинкаренко ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ширкат намуданд.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Диданд: 2601

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ