Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,1%
  • 7,3%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд сомонӣ
    17,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Октябр)13,06
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 12.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2392.09 2449.22
10 4697.21 4809.39
20 9248.32 9469.19
50 22882.61 23429.09
100 45600.45 46689.47

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Ваҳдати миллӣ - таҷассумгари якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол

23.06.2017

22 июни соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷаласаи идона баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Машрабзода Ҳамидулло кормандони бонкро бо фарорасии ин санаи фархундаи таърихӣ табрик намуд. Зимни суханронӣ Машрабзода Ҳ. иброз дошт, ки ин санади тақдирсози сулҳ рамзи воқеии баҳамоиву сарҷамъии миллат, иттиҳоду ягонагии мардум, пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардида, миллати моро ба ҳам овард ва ба сӯйи нақшаҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун сохт. Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми бонкии мамлакат, низ фаъолияти худро хуб ба роҳ монда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Rasm_1.JPG

Сипас, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Маҷид Салим аҳли толорро бо ҷашнҳои фархундаи 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва иди саиди фитр таҳният гуфта, иброз дошт, ки оромию суботи ҷомеа аз ваҳдат аст. Маҷид Салим аз таърихи ба даст омадани ваҳдати миллӣ, ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат ёдрас шуда, афзуд:
- Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо райъи вакилон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Пешвои миллат он вақт ба халқи тоҷик муроҷиат карда гуфта буд: «То даме, ки силоҳро нагузорему сулҳу оромиро дар сарзамини худ барқарор насозем ва ба меҳнати созанда шурӯъ накунем, ҳеҷ гуна кӯмаку мусоидати кишварҳои дигар вазъияти моро беҳтар карда наметавонанд ва то охирин гурезаи иҷбориро ба ватан барнагардонам худро орому осуда ҳис карда наметавонам ва тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизамон садоқатмандона меҳнат мекунам”.

Бо заҳмат ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусолиҳаи миллӣ ва гуфтушуниди байни тоҷикон шурӯъ шуд ва баъд аз чандин даври музокирот 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гардида, сафҳаи тозаеро дар таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон боз намуд.

Rasm_2.JPG

Дар идомаи ҷаласа, сардори шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи роҳбарияти БМТ Султонов Мирзоҳасан аз нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлату давлатдорӣ сухан карда, аз ҷумла қайд намуд: “ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки реша дар фарҳангу хиради воло ва азалии мардуми тоҷик дорад, имрӯз воқеан таҷассумгари иттиҳоду якпорчагии ҳамаи сокинони Тоҷикистон мебошад.

Таърих гувоҳ аст, ки мардуми шарафманди мо тавассути фарҳанги таҳаммулгарову башардӯстонаи хеш борҳо давлату ҷомеаи шаҳрвандии худро аз гирдбоди ҳалокатбори ҷангу хунрезиҳо берун кашидааст. Фарзандони фарзона ва фидоии он тавонистаанд, ки истиқлолияту озодӣ ва асолату ҳувияти миллиро бо ҷасорату матонат, зиракиву фаросат ва ҳусни тадбир ҳифз карда, ба онҳо ҷилову бақои тоза бахшанд. Имрӯз давлат ва Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Пешвои миллат дар фазои солими сулҳу субот ва ваҳдату ҳамрайъӣ нақшаҳои бузургу ояндасози давлатдории миллиро амалӣ карда истодаанд”.

Rasm_3.JPG

Воқеан таҳкими дастовардҳои истиқлолият, бунёди пояҳои давлатдории миллӣ, пуштибонии амнияту суботи сиёсӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, тақвияти иқтидори иқтисодиву иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва рушди рӯзафзуни Ватани азизамон маҳз аз фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вобастагӣ дорад.

Дар хотимаи маҷлис, Муовини Раис Машрабзода Ҳ. бори дигар иштирокдорони ҷаласаро аз номи Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо ҷашни Ваҳдати миллӣ ва иди саиди фитр табрику таҳният намуда, барояшон осмони софу зиндагии осудаи пурфайз таманно намуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 1325

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4768 (54.50%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2155 (24.63%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        833 (9.52%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5859 (66.97%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1362 (15.57%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        315 (3.60%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ