Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи ноябр
    0,6%
  • 7,5%
  • Пулҳои захиравӣ (ноябр), млрд сомонӣ
    18,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Ноябр)12,96
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 13.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2402.32 2459.69
10 4717.66 4830.33
20 9289.23 9511.07
50 22984.87 23533.79
100 45804.97 46898.88

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Мулоқоти Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев бо Вазири молияи Швейтсария Ули Маурер

10.07.2017

9 июли соли 2017 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев Мушовири Федералӣ-Вазири молияи Швейтсария ҷаноби Ули Маурерро, ки дар доираи сафари кории Ҳайати баландмақоми Швейтсария рӯзҳои 8-9 июли соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфт.

Ҷаноби Ули Маурерро дар ин мулоқот Сафири фавқулодаи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Урс Шмидт, Котиби давлатӣ оид ба масъалаҳои байналмилалии молиявии Вазорати молияи Швейтсария ҷаноби Йорг Гассер, Мушовири дипломатӣ оид ба масъалаҳои байналмилалии молиявии Вазорати молияи Швейтсария хонум Даниела Штоффел, Директор, Мушовир ва Консули Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Валбурга Роз, сардори Раёсати муносибатҳои берунаи Вазорати молияи Швейтсария ҷаноби Питер Миндер ва сардори Раёсати институтҳои байналмилалии молиявии Вазорати молияи Швейтсария хонум Фридерике Поленс ҳамроҳӣ доштанд.

Muovin_11.JPG

Дар оғози мулоқот Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев меҳмононро бо шарҳи мухтасари вазъи кунунии макроиқтисодӣ ва низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуда, изҳор доштанд, ки новобаста аз таъсири буҳрони иқтисодӣ ва мушкилиҳои низоми бонкӣ, Бонки миллии Тоҷикистон тавонист бо татбиқи як қатор ислоҳотҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад ва устувории молиявиро дар сатҳи муътадил нигоҳ дорад.

Зимни вохӯрӣ Ҷамолиддин Нуралиев инчунин аз сатҳи ҳамкориҳои судманд дар доираи Гурӯҳи Бретон-Вуд, аз ҷумла шарикӣ бо Швейтсария дар ҳошияи ҳамкориҳо бо Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ ибрози қаноатмандӣ намуд.

Ҷамолиддин Нуралиев аз вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар доираи дигар институтҳои байналмилалии молиявӣ, аз қабили Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Бонки Осиёгии сармоягузорӣ ва инфрасохторӣ (Asian Infrastructure Investment Bank, AIIB) ва таҳкими шарикӣ дар ин ҳошия ибрози назар намуданд.

Илова ба ин, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба вазъи феълии иқтисодиву молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкат дар татбиқи лоиҳаи глобалии иқтисодии (Хитой) “Як камарбанд – як роҳ”, ки бо ҷаҳонишавии мавқеи худ таваҷҷуҳи аксари давлатҳои пешрафтаро ҷалб намудааст, муколамаи ҷолиб доир намуданд.

Дар навбати худ, Мушовири Федералӣ - Вазири молияи Швейтсария, ҷаноби Ули Маурер, аз сатҳи ҳамкориҳои Бонки миллии Швейтсария ва Бонки миллии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, барои тавсеа бахшидани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар самти устувории низоми бонкӣ, аз ҷумла фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва бахшҳои гуногуни иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии хешро баён намуд.

Muovin_22.jpg

Дар рафти муҳокимаронӣ Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз таҷрибаи ғании Швейтсария дар бахши фаъолияти бонкдорӣ ибрози назар намуда, тавсеа бахшидани ҳамкориҳои ҷойдоштаро дар самти табодули таҷриба ва такмили ихтисоси кормандони низоми бонкӣ тавассути пешниҳоди кӯмакҳои техникӣ хуб арзёбӣ намуданд. Вобаста ба ин, заруратро бештар дар самти гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррумӣ дар татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати идоракунии хавфҳо, таъмини суботи молиявӣ, назорати бонкӣ ва идоракунии захираҳои байналмилалӣ, ки омӯзиши дақиқи ин самтҳо барои Бонки миллии Тоҷикистон афзалият доранд, махсусан қайд гардида, аз тарафи ҷаноби Ули Маурер қобили дастгирӣ қарор гирифт.

Қайд карда шуд, ки бо назардошти муносибати хуби ҳамкориҳои тарафайн ва обрӯю нуфуз доштани ширкатҳои швейтсариягӣ дар самти тасфияи филизоти қиматбаҳо, Бонки миллии Тоҷикистон бо Ширкати бонуфузи “Металор”-и Швейтсария ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст.

Ҳамзамон, ҷонибҳо дар хусуси ҳамкории минбаъда дар самти ҷалби сармоягузорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида намуданд. Ҷаноби Ули Маурер шаффофият ва дастрасӣ ба маълумоти фарохтар оид ба муътадилии сиёсӣ ва самтҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистонро яке аз заминаи асосии ҷалби сармоягузории хориҷӣ, ки имконияти пайдо кардани ҳавасмандӣ ва маълумоти бештарро аз соҳаҳои мухталифи Ҷумуҳурии Тоҷикистон фароҳам меоварад, зарур арзёбӣ намуд.

Дар идомаи вохӯрӣ, ки роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳайати Вазорати молияи Швейтсария дар он ширкати фаъол доштанд, дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ муҳокимаи ҷолиб ба амал омад.

Muovin_33.JPG

Дар хотима, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев Мушовири Федералӣ - Вазири молияи Швейтсария ҷаноби Ули Маурер ва ҳайати кориашро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам намуда, ҷиҳати таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар самтҳои зикршуда даъват ба амал овард.

Боиси тазаккур аст, ки Ҳайати намояндагии Вазорати молияи Швейтсария зимни сафари корӣ доир намудани як қатор мулоқоту вохӯриҳоро бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла, Бонки Ҷаҳонӣ, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор ба нақша дошт.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Диданд: 1745

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4770 (54.38%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2171 (24.75%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        837 (9.54%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5862 (66.83%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1366 (15.57%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        316 (3.60%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ