- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
- Таваррум дар моҳи январ0,7%
- 9,5%
- Пулҳои захиравӣ (январ), млрд. сомонӣ22,5
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 05 феврали с.2021)11,00 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (Январ)10,34
- Меъёри фоизӣ дар соли 2021
(% солона) - Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ)8,51
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ)24,04
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ)13,00
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (январ)22,05
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ)21,73
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 26.02.2021 1 USD 11.3045 1 EUR 13.8277 1 RUB 0.1530
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2019
- Соли молиявии 2018
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
БМТ: Баррасии вазъи феълии иқтисодиёт бо Департаменти хазинадории ИМА
12 июли соли 2017 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҳайати намояндагии Департаменти хазинадории ИМА, ки таҳти сарварии Муовини Ёрдамчии Департаменти хазинадории ИМА хонум Клей Берр ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот анҷом дод.
Дар оғози мулоқот Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон муҳтарам Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳозирин оид ба самтҳои гуногуни бахши молия, ислоҳот дар низоми бонкии мамлакат ва иҷроиши стратегияи Бонки миллии Тоҷикистон дар раванди солимгардонии низоми бонкӣ андешаронӣ намуданд.
Сипас, ҷонибҳо аз вазъи феълии иқтисодиёт, масъалаи шаффофият ва риоя намудани меъёрҳои байналмилалӣ оид ба муқаррароти бонкӣ ва талаботи музокироти қаблан доиргаштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилаии Асъорро дар хусуси таҳияи барномаи нав дар доираи “Механизми васеи қарздиҳӣ” мавриди баррасӣ қарор дода, изҳор доштанд, ки барои ҳалли масоили марбут ба низоми бонкию молиявӣ ҳамкории судмандро идома хоҳанд дод.
Инчунин, дар рафти мулоқот, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев масъалаи ҳамкории бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо бонкҳои бонуфузи ИМА дар самти ҳисоббаробаркуниҳо, аз ҷумла кушодани суратҳисоби муросилотӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар самти амалӣ намудани кумакҳои техникӣ дар доираи барномаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) сухан карда, масоили гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррумӣ дар татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати идоракунии хавфҳо, таъмини суботи молиявӣ, назорати бонкӣ ва идоракунии захираҳои байналмилалиро дар ин раванд барои Бонки миллии Тоҷикистон афзалиятдор арзёбӣ намуданд.
Бояд қайд кард, ки дар мулоқоти мазкур, инчунин хонум Лина Бхатнагар – корманди Бюро оид ба корҳои Аврупо ва Авруосиёи Департаменти хазинадории ИМА, ҷаноби Грегори Брайн Сил – Атташеи Департаменти хазинадории ИМА, хонум Кетрин Кроуфорд – Вакили муваққатии Сафорати ИМА дар Душанбе, ҷаноби Ҷорҷ Шервуд - мутахассис оид ба сиёсати Сафорати ИМА дар Душанбе ва хонум Замира Тошматова – мушовир оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ
Диданд: 1368
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ