- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
- Таваррум дар моҳи декабр0,4%
- 9,4%
- Пулҳои захиравӣ (декабр), млрд. сомонӣ22,0
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 05 феврали с.2021)11,00 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (декабр)10,35
- Меъёри фоизӣ дар соли 2020
(% солона) - Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-декабр)9,93
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-декабр)21,20
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-декабр)16,30
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (декабр)22,02
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (декабр)21,52
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 19.02.2021 1 USD 11.3032 1 EUR 13.6554 1 RUB 0.1527
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2019
- Соли молиявии 2018
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҳайати намояндагии БАТР
12 июли соли 2017 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев Ҳайати намояндагии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушдро таҳти роҳбарии Директори Департамент оид ситонидани қарзҳои корпоративии БАТР ҷаноби Камен Захариев ба ҳузур пазируфт. Ҳайати БАТР-ро дар мулоқот роҳбари намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Айтен Рустамова ҳамроҳӣ намуд.
Дар оғози мулоқот Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон муҳтарам Ҷамолиддин Нуралиев Ҳайати намояндагии БАТР-ро бо вазъи макроиқтисодӣ шинос намуда, аз натиҷаҳои ноилшуда дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиротҳо ба қонунгузории низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалӣ намудани як қатор ислоҳотҳо дар ин самт маълумоти мушаххас манзур намуд.
Аз ҷумла таҳия ва қабул шудани як қатор қонунҳои нав дар самти низоми пардохт, муқовимат ба қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, татбиқи бонкдории исломӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони низоми молиявӣ аз ҷониби Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев фаъолияти назаррас дар низоми бонкии кишвар арзёбӣ гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба мавзуи қонунгузории соҳаи низоми бонкӣ дахл намуда, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба бархе аз қонунҳои бахши низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти сиёсати қарзӣ, пасандозҳо, таъмини гарави амволи манқул ва гарави амволи ғайриманқул, ки ҳангоми баррасии ҳолатҳои баҳснок дар рафти ба мушкилот гирифтор шудани ташкилотҳои қарзӣ ба амал меояд, бахусус дар раванди ситонидани қарзҳо мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар идомаи мулоқот директори Департамент оид ба ситонидани қарзҳои корпоративии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷаноби Камен Захарев зикр намуд, ки чунин ҳолатҳои баҳсӣ дар таҷрибаи бонкҳои байналмилалӣ низ ҷой дорад ва барои такмил додани қонунгузорӣ бинобар аз байн бурдани нофаҳмиҳо дар низоми бонкӣ масъалагузорӣ бояд кард.
Бо назардошти чунин мавридҳои баҳснок дар қонунгузорӣ ва такмил додани он Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев бо манзур намудани машваратчии ботаҷриба дар самти қонунгузорӣ тавассути амалӣ намудани кӯмакӣ техникӣ дар ин самтро аз ҷониби БАТР ба манфиати кор дар фаъолияти минбаъдаи ҳам БАТР ва ҳам Бонки миллии Тоҷикистон муфид арзёбӣ намуд.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ доир гардид, ҷонибҳо барои тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти таҳкими санадҳо ва қонунгузории соҳаи бонкӣ изҳори омодагӣ баён намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар мулоқоти мазкур дар ҳайати намояндагии БАТР сармутахассиси Департамент оид ба ситонидани қарзҳои корпоративӣ хонум Марина Кердемелиди, мушовири ҳуқуқӣ Шавкат Ахмедов ва мутахассиси намояндагии БАТР дар Тоҷикистон Муҳаммад Дадабаев қарор доштанд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ
Диданд: 1640
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ