Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,1%
  • 7,3%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд сомонӣ
    17,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Октябр)13,06
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 06.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2402.16 2459.53
10 4717.35 4830.01
20 9288.61 9510.44
50 22983.33 23532.21
100 45801.90 46895.73

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Мулоқоти Сироҷиддин Икромӣ бо ҳайати машваратии ширкати байналмилалии “ISRA Consultancy Sdh”

18.07.2017

17 июли соли равон, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ Ҳайати машваратии ширкати байналмилалии “ISRA Consultancy Sdh”-ро, таҳти роҳбарии профессор Ашраф Ҳошим, ки аз 17-ум то 29 июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ нахуст аз натиҷаи корҳои дар марҳилаи аввал анҷомдодаи Ширкати машваратии байналмилалии “ISRA Consultancy Sdn” бо Гурӯҳи корӣ, вобаста ба мувофиқа намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ, изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуд, ки барои ҷоннок намудани кор дар ин самт дар таркиби Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон воҳиди нави сохторӣ - Шуъбаи назорати бонкдории исломӣ таъсис дода шудааст.

Ikromi_1.JPG

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ қайд намуд, ки фаъолияти ташкилоти қарзии исломӣ хусусияти ба худ хос дошта, танзиму назорати он бояд тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ, аз ҷумла стандартҳои Шўрои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ (IFSB) ва Ташкилоти баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит барои институтҳои молиявии исломӣ (AAOIFI) сурат бигирад, бинобар ин, лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маҳз бо назардошти муқаррароти стандартҳои номбаршуда бояд таҳия шаванд.

“Маҳз бо ҳамин мақсад Бонки миллии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ бо ШМ “ISRA Consultancy Sdn”-ро ба имзо расонидааст, то ҷараёни татбиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ тавассути пешниҳоти кӯмаки машваратӣ ба Гурӯҳи корӣ пурра ва дуруст амалӣ шавад”, таъкид намуд Сироҷиддин Икромӣ.

Ikromi_2.JPG

Дар навбати худ намояндагони ширкати машваратии байналмилалии “ISRA Consultancy Sdh” ба фаъолияти Гурӯҳи корӣ дар марҳилаи якуми ҳамкорӣ баҳои хуб дода, омодагии хешро барои идома додани ҳамкорӣ дар ин самт бо Бонки миллии Тоҷикистон баён намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки тибқи Фармони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз санаи 23.10.2015 барои татбиқи фаъолияти бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ дар ҳайати мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон, намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон”, ҶСК “Ориёнбанк” ва як қатор ташкилотҳои маблағгузории хурд таъсис дода шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо ШМ “ISRA Consultancy Sdn” лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро барои таъсиси ташкилотҳои қарзии исломӣ мавриди баррасӣ ва мувофиқа қарор медиҳанд.

Дар марҳилаи якуми ҳамкорӣ (аз моҳи феврал то моҳи июни соли 2017) якчанд лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди таҳия, баррасӣ ва такмил қарор дода шуда, баъди бо ШМ “ISRA Consultancy Sdn” мувофиқа гардидан, аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд. Ва феълан 4 адади он дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузашта, 2 адади он ба таврӣ расмӣ интишор гардидааст. Аз ҷумла, “Низомнома оид ба Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ; Тағйиру иловаҳо ба Тартиби гузаронидани санҷиши тахассусии номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ; Тартиби табдили ташкилоти қарзии анъанавӣ ба ташкилоти қарзии исломӣ; Тартиби таъсиси Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ, ваколатҳо ва талабот ба аъзои он; Дастурамал “Дар бораи амалиётҳое, ки мутобиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ дар ташкилотҳои қарзии исломӣ анҷом дода мешаванд”.

Ikromi_3.JPG

Айни замон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо коршиносони ШМ “ISRA Consultancy Sdn” мувофиқа гардида, дар баррасии воҳидҳои дахлдори сохтории БМТ қарор дорад, ки баъдан барои мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол мегардад.

Қобили қайд аст, ки ин ташрифи дуюми роҳбарият ва коршиносони ШМ “ISRA Consultancy Sdn” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, зимни ин сафари корӣ, натиҷаи корҳои анҷомдода дар марҳилаи якум баррасӣ мегарданд. Сипас, дар доираи нақшаи кории Гурӯҳи корӣ ва ШМ “ISRA Consultancy Sdh” барои марҳилаи дуюм лоиҳаи якчанд санади нав ва лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор хоҳанд гирифт.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 2270

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4765 (54.94%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2093 (24.13%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        825 (9.51%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5840 (67.34%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1356 (15.63%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        314 (3.62%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ