Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши бонкдорӣ ва молия

01.08.2017

Дар доираи иҷрои талаботи банди 8-уми Протоколи ҷаласаи ХVII Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2017, имрӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи “Гурӯҳи кории дохилибонкӣ дар бораи беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахши бонкдорӣ ва молия” таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев баргузор гардид.

jalasa_2 (2).JPG

Дар ҷаласаи машваратӣ аъзоёни Гурӯҳи корӣ тибқи Нақшаи чорабиниҳои дохилии Бонки миллии Тоҷикистон масъалаҳои гуногуни низоми бонкӣ, аз ҷумла мусоидат ба беҳтар шудани фазои сармоягузории кишвар тариқи татбиқи ислоҳот дар қонунгузорӣ, таъмини сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаи пешбинишуда, таъмини рушди ҳамкориҳо бо мақсади тақвияти муносибатҳои муросилотӣ, мусоидат ба ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла ба низоми бонкӣ, таъмини шароити мусоид барои иҷрои нишондиҳандаҳои асосии барномаҳои рушди иқтисоди миллӣ, таъмини дастрасии соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ, такмили тартибу қоидаҳои анҷомдиҳии амалиётҳои бонкӣ ва омӯзиши қоидаҳои муайянкунии фоизи қарзҳои бонкӣ, афзун намудани барориши коғазҳои қиматнок бахусус бо мақсади рушди бозори дуюмдараҷаи бозори коғазҳои қиматнок, ҳамчунин андешидани чораҳои зарурӣ баҳри боз ҳам самаранок намудани ин фишанг, таҳлили муроҷиати шаҳрвандон бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии молиявии онҳо, таъмини фаъолияти мунтазаму боэътимоди низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон, саривақт анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ ва вусъат бахшидани пардохти ғайринақдиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни ҷаласаи машваратӣ Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев барои фароҳам овардани заминаи мусоид ҷиҳати баррасии минбаъдаи масъалаҳо дар самти ҷалби сармоягузорӣ дар сатҳи байниидоравӣ, дар навбати аввал дар сатҳи дохилӣ баррасӣ намудани ҷанбаҳои асосии фаъолият барои беҳтар кардани фазои сармоягузориву соҳибкориро дар бахши бонкдорӣ ва молия зарур арзёбӣ намуданд.

“Татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи муқаррарнамудаи таваррум дар ҳамоҳангӣ бо сиёсати фискалӣ яке аз самтҳои фаъолияти Гурӯҳи корӣ баҳри беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ хоҳад буд”, - зикр намуд Ҷамолиддин Нуралиев ҳангоми баррасии тарҳи дохилии нақшаи корӣ.

Марҳилаи минбаъдаи фаъолият ҷиҳати татбиқи талаботи банди 8-уми Протоколи ҷаласаи ХVII Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар бораи беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахши бонкдорӣ ва молия” таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода идома меёбад. Зикр карда шуд, ки аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар ҳамбастагӣ бо институтҳои молиявии байналмилалӣ қонунҳоеро, ки барои беҳтар намудани низоми бонкӣ ва фазои сармоягузорӣ мусоидат менамоянд, такмил дода мешаванд.

jalasa_2 (1).JPG

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва кӯмакҳои техникӣ ҳамкориҳо бо институтҳои молиявии байналмилалӣ, фондҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои қарзии кишварҳои хориҷи дуру наздик бештар бояд тақвият дода шаванд.

Дар доираи ҷаласаи мазкур Гурӯҳи кории дохилибонкӣ таҳти роҳбарии Муовини якуми Раис Ҷамолиддин Нуралиев лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳоро дар бораи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мавриди муҳокима қарор дода, ҷиҳати баррасии минбаъда дар сатҳи Гурӯҳи кории байниидоравӣ бо иштироки вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод менамояд.

Дар ҷаласаи машваратӣ инчунин Муовинони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, Лола Салимова, Ҳамидулло Машрабзода ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдор ширкат варзида, барои таҳияи нақшаи чорабиниҳои Гурӯҳи корӣ пешниҳоду таклифҳои ҷолиб намуданд.

Боиси тазаккур аст, ки “Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар бораи беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахши бонкдорӣ ва молия” 18 апрели соли 2017 бо мақсади иҷрои талаботи банди 8-уми Протоколи ҷаласаи ХVII Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ба он вазорату идораҳои дахлдор шомил мебошанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 1888

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ