Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,1%
  • 7,3%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд сомонӣ
    17,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Октябр)13,06
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 10.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2387.69 2444.71
10 4688.40 4800.37
20 9230.72 9451.16
50 22838.59 23384.02
100 45512.42 46599.34

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Пардохти ғайринақдӣ - яке аз тарзҳои нисбатан мувофиқу осони пешбурди ҳисоббаробаркунӣ мебошад

02.08.2017

Шакли ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ чист?
Ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ – пардохтҳое мебошанд, ки бе истифодаи пули нақд бо роҳи истифодаи чек, кортҳои пардохтии бонкӣ ва дигар воситаҳои электронии пардохтӣ, супоришномаҳои пардохтӣ ва дар ҳоли ҳозир тавассути пулҳои электронӣ ва ҳамёнҳои электронӣ анҷом дода мешаванд.

Пул – воситаи ҳисобу китоби тарафайн аст. Барои мубодилаи мол ҷамъият ба як эквиваленти универсалӣ дар шакли баъзе молу ашёи мубодилашаванда эҳтиёҷ дорад. Нақши пулро дар марҳилаи ибтидоӣ – мол, дар марҳилаи дувум – тилло иҷро мекард ва марҳилаи сеюм бошад марҳилаи гузариш ба пули коғазӣ ё кредитӣ ном гирифтааст. Шакли нисбатан мувофиқу дастраси пулро таҳаввулоти он падид овард. Дар ҳоли ҳозир навъҳои электронии пардохт зарурат ба пули нақдро дар муомилот тадриҷан камтар карда истодаанд.

ТАҲАВВУЛОТИ ПУЛ

ev_tj.jpg

Тӯли солҳои 60-70-и асри 20 бонкҳо дар кишварҳои мухталиф тадриҷан низоми ҳисоббаробаркуниҳоро тавассути кортҳои пардохтӣ ҷорӣ карданд, ки он зуд хусусияти байналмилалиро касб намуд.

Дар замони муосир воситаҳои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринакдӣ ба зинаи сифатан нави таҳаввулоти худ қадам мегузоранд. Масалан, дар иқтисодиёти Шветсия, аз рӯи маълумоти Бонки ҳисоббаробаркуниҳо байналмилалӣ, пули нақд танҳо 3% ҳаҷми умумии муомилоти пулиро ташкил медиҳад, дар ИМА бошад ин рақам дар сатҳи 7% қарор дорад. Шумораи зиёди кишварҳо ҳоло тадриҷан аз ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ ба усулҳои нисбатан мусоид, арзон ва самараноки муомилоти ғайринакдӣ мегузаранд.

Дар айни замон 18,5% аҳолии Тоҷикистон соҳиби кортҳои пардохтии бонкӣ мебошанд.

Афзалиятҳои асосии ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар чист?

Осонӣ

Яке аз афзалиятҳои пардохтҳои ғайринақдӣ, хоҳ кортҳои пардохтии бонкӣ ё дигар усулҳои ҳисоббаробаркунӣ тариқи воситаҳои электронии пардохт бошад, ин осонии истифодаи онҳост. Зарурати бо худ ҳамроҳ гирифта гаштани маблағи калони пул аз байн рафта, ҳамзамон ҳамеша имкони пардохтани нархи моли харидашуда дар дохил ва хориҷи мамлакат вуҷуд дорад. Ҳар дафъа пули нақд гирифтан, майда кардани пули калонарзиш ё бақияпулӣ бо танга гирифтан зарурат ва маъно надорад. Масалан, барои дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ умуман шарт нест, ки ҳатман аз банкомат пули нақд гиранд, балки кифоя аст, ки дар мағоза, барои хизматрасонии коммуналӣ ё мобилӣ ва ғайра пардохтро тариқи ғайринақдӣ анҷом диҳанд.

Гирифтани маблағи нақд аз суратҳисобҳои кортӣ дар нуқтаи хизматрасонӣ ва ё фавран фиристодани пул аз суратҳисобҳои кортӣ ба шиносҳо ва наздикони дар масофаи дурбуда низ имконпазир гардид.

БЕХАТАРӢ

Воситаҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ҳангоми дуруст истифода шудан тарзи нисбатан бехатари пардохти мол ё хизматрасонӣ мебошанд. Якум ин ки онҳо имкон медиҳанд, ки ҳамроҳи худ нақдинаи зиёд гирифта нагардем ва дар хусуси бехатар нигоҳ дошта шудани онҳо дар ташвиш набошем. Дуюм, дар сурати гум шудани (дуздӣ, гумшавӣ, нобудсозӣ ва ғ.) ҳамён, пули нақдро яқинан баргардонидан номумкин аст, дар ҳоле ки маблағҳои дар суратҳисоби корти пардохтии бонкӣ ё дар ҳамёни электронӣ бударо зуд банд кардан мумкин аст. Камтар будани хавфи гумшавии маблағи пулӣ ва имконияти барқарорсозии он ба соҳиби маблағ дар ҳимояи онҳо боварӣ мебахшад.


Назорату пайгирии хароҷот

Маълумот дар бораи ҳамаи он маблағҳое, ки барои молу хизматрасонии гуногун харҷ кардед, дар воситаҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ маҳфуз нигоҳ дошта мешавад. Вақте ки Шумо дар бораи маблағҳои харҷкардаатон маълумот доред, метавонед ба саволи “Пул ба куҷо рафт?” ҷавоб пайдо намоед. Ба воситаи корти пардохтии бонкӣ пардохт кардани моли харидашуда – ин воқеан супориши Шумо ба бонк аст, ки аз суратҳисоби Шумо маблағ дода шавад. Бо доштани нусхаи электронии ҳамаи пардохтҳо барои Шумо пайгирию назорат кардани транзаксияи (амалиёти) даркорӣ осонтар мебошад. Масалан, агар моли пулаш додашуда нохост бесифат барояд, имкон аст, ки дар сурати бе ягон асос гашта нагирифтани мол пулатонро бозхост намоед.

Интизоми буҷет

Вақте ки маълумотро дар бораи маблағҳои сарфкардаатон таҳлил мекунед, Шумо метавонед буҷети худро беҳтар пеш бурда, хароҷотҳоятонро пешакӣ ба нақша гиред. Дар ҳоли ҳозир ба ғайр аз беруннависи суратҳисоби бонкӣ боз замимаҳои мобилӣ ва дигар василаҳо барои пайгирию назорати хароҷот вуҷуд доранд. Масалан, тариқи СМС – паёмак (огоҳинома) метавонед бо осонӣ дар бораи маблағ дар суратҳисобатон маълумот гиред. Ин дар навбати худ ба шумо кӯмак менамояд, ки бошуурона хароҷоти барзиёдро маҳдуд карда, баръакс, маблағҳоятонро пасандоз ва афзун намоед.


ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ИЛОВАГӢ

Ҳоло хизматрасониҳои иловагии зиёде мавҷуданд, ки онҳро бонкҳо ва ҳам баъзе муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ба хотири зиёд кардани боварии муштариён пешниҳод мекунанд. Ба ин метавон барномаҳои тахфифӣ барои ҳавасмандсозии истифодаи шакли ғайринақдии пардохт, пешниҳоди бонусҳо, имконияти истифодаи хизматрасонии хос (дар фурудгоҳҳо, меҳмонхонаҳо ва ғ.), пардохти бефоизи молу хизматрасонӣ ва ғ. дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро дохил кард.

dop_tj.jpg


Диданд: 1560

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4767 (54.84%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2105 (24.22%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        828 (9.53%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5853 (67.34%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1357 (15.61%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        314 (3.61%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ