Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи декабр
    0,4%
  • 9,4%
  • Пулҳои захиравӣ (декабр), млрд. сомонӣ
    22,0
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 августи с.2020)10,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (декабр)10,35
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-декабр)
    9,93
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-декабр)
    21,20
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-декабр)
    16,30
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (декабр)
    22,02
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (декабр)
    21,52




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 03.02.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3450.84 3533.26
10 6814.72 6977.46
20 13483.34 13805.35
50 33470.15 34269.48
100 66775.53 68370.25

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Феврал      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
  • Яндекс.Метрика

Ташрифи ҳайати Фонди Авруосиёии устуворӣ ва рушд ба БМТ

02.08.2017

2 августи соли 2017 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев гурӯҳи намояндагони Бонки Авруосиёии Рушдро дар доираи татбиқи барномаи ислоҳотҳое, ки бо дастгирии молиявии Фонди Авруосиёии устуворӣ ва рушд (ФАУР) амалӣ мегардад, ба ҳузур пазируфт.

Мулоқоти мазкур дар доираи иҷроиш ва татбиқи шартҳои транши сеюми қарзи молиявии дастгирии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Фонди мазкур, дар чаҳорчӯбаи Номгӯи чорабиниҳои сиёсати иқтисодӣ баргузор гардид.

Muovini_1 2.082017.JPG

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва рушди минбаъдаи воқеии иқтисодиёт ибрози назар намуда, масоили вазъи ҷории макроиқтисодӣ ва дурнамои миёнамуҳлат ба он, имкониятҳои эҳтимолии ворид намудани ислоҳотҳо ба қоидаҳои муқаррар кардани қурби расмии мубодила, таҷдид кардани қиматҳои ҳудуди нишондиҳандаҳои монетарӣ ва дигар имкониятҳои мавҷуда барои ҳамкориҳои минбаъдаро муҳокима намуданд.

Зимни мулоқот Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев изҳор дошт, ки барномаи мазкур барои дастгирии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим буда, Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар ин самт бо Фонди Авруосиёии устуворӣ ва рушд омода мебошад.

Дар навбати худ, директори Гурӯҳи лоиҳаи қарздиҳии молиявии Фонди Авруосиёгии устуворӣ ва рушд Алишер Мирзоев ба Бонки миллии Тоҷикистон барои мусоидат ва омодагӣ ба ҳамкорӣ изҳори миннатдорӣ намуда, вобаста ба масъалаҳои дар боло зикргашта, андешаҳои худро пешниҳод намуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар мулоқоти мазкур инчунин як қатор мудирони аршад ва мутахассисони Гурӯҳи лоиҳаи қарздиҳии молиявии Фонди Авруосиёии устуворӣ ва рушд Тигран Костанян, Наталя Писарева, Элвира Курманалиева, Павел Бирюков, Анатолий Трифонов, Ян Рудаковский, сардори идораи молияи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Ашуриён ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон ширкат доштанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 2357

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ