Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи май
    0,5%
  • 10,0%
  • Пулҳои захиравӣ (май), млрд. сомонӣ
    18,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 майи с.2020)11,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (май)11,55
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-май)
    11,1
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-май)
    23,8
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-май)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (май)
    21,37
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-май)
    20,0




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 07.07.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3040.53 3113.14
10 5994.09 6137.24
20 11842.09 12124.90
50 29367.02 30068.36
100 58569.27 59968.01

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Июл      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31 1 2
  • Яндекс.Метрика

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ

14.08.2017

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати созандагию бунёдкорона ва иқдоми пешгирифтаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, имрӯзҳо дар ҳама гӯшаву канори шаҳри Душанбе ҷараёни корҳои навсозӣ ва ободгардонии боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва майдончаҳои варзишию истироҳатӣ вусъат меёбанд.

IMG_0747.JPG

Аз ҷумла, 11 августи соли равон бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як майдончаи варзишию истироҳатӣ барои наврасон ба истифода дода шуд. Лоиҳаи майдончаи мазкур аз ҷониби ширкати ПИТЛ “Душанбешаҳрсоз” тарҳрезӣ гардида, корҳои сохтмонӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сохтмони шаҳр” дар муддати се моҳ ба маблағи 520 000 сомонӣ ба анҷом расонида шуд.

IMG_0771.JPG

Дар маросими ифтитоҳи майдончаи мазкур муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Самӣ Шариф Ҳамид ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ зимни суханронӣ ҷавонону наврасонро бо фарорасии ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбодӣ намуда, нақши ҷавонони кишварро ҳамчун сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав ва эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуд.

IMG_0797.JPG

Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Самӣ Шариф Ҳамид изҳор дошт, ки ифтитоҳи иншооти мазкур идомаи дастгирии сиёсати бунёдкоронаи ҳукумати ҷумҳурӣ буда, иқдомоти мазкур дар Соли Ҷавонон боз идома хоҳанд ёфт.

IMG_0864.JPG

Қобили қайд аст, ки масоҳати умумии майдончаи варзишию истироҳатӣ 1086 метри мураббаъро ташкил дода, дар ҳудуди он як майдончаи варзишии универсалӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, маҷмаа барои бозии кӯдакон (чархофалаку алвонҷак), як ҳавзчаи шиноварӣ ва майдонча барои машғулиятҳои варзиши бадан сохта ба истифода дода шудааст.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 2115

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ