Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,1%
  • 7,3%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд сомонӣ
    17,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Октябр)13,06
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 06.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2402.16 2459.53
10 4717.35 4830.01
20 9288.61 9510.44
50 22983.33 23532.21
100 45801.90 46895.73

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Соҳаи суғурта ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида мешавад

16.08.2017

16 августи соли равон, таҳти роҳбарии муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода бо иштироки намояндагони ташкилотҳои суғуртаи кишвар вобаста ба вазъи имрӯзаи бозори суғурта дар ҷумҳурӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Машрабзода Ҳ.М. зикр намуд, азбаски сохторҳои назорати суғуртавии давлатҳо - аъзои ИДМ дар ҳайати Бонкҳои марказии ин давлатҳо фаъолият доранд, Хадамоти давлатии назорати суғуртавии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2016, №408 “Дар бораи масъалаҳои Хадамоти давлатии назорати суғуртавӣ” ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2017, №851 “Дар бораи ба БМТ вогузор кардани ваколати назорати суғуртавӣ” ба сохтори Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида шуда, минбаъд фаъолияти Идораи назорати суғуртавӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида мешавад.

Seminar_2.JPG

Сипас, Ҳамидулло Машрабзода аз суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сездаҳуми Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи суғурта иқтибос овард, ки “таҷрибаи пешқадами давлатҳои дунё дар ин самт нишон медиҳад, ки амалӣ намудани хизматрасониҳои суғуртаи ҳатмӣ аз ҷониби ширкатҳои хусусии суғуртавӣ барои рушди рақобат дар бозори суғурта, пайдо шудани хизматрасониҳои нави суғуртавӣ, баланд гардидани сифати онҳо ва самаранокии фаъолияти ширкатҳои суғуртавӣ мусоидат менамояд”. Ӯ зикр намуд, ки бахши суғурта дар ташаккул ва рушди бозорҳои сармоя нақши ҷиддӣ дорад, зеро он яке аз харидорони асосии коғазҳои қиматноки давлатию корпоративӣ гашта, барои муҳайё намудани маблағҳои озод ва ба соҳаҳои дигари иқтисодиёт сармоягузорӣ намудани онҳо метавонад кўмак намояд.

Seminari_sugurta.JPG

Дар рафти ҷаласа қайд гардид, ки мавҷудияти талаботи ҷамъиятӣ ба хизматрасониҳои суғурта, мавҷудияти ширкатҳои суғуртакунанда ва назорати давлатӣ аз рӯи фаъолияти суғурта шартҳои асосӣ ва зарурии ташкили фазои ягонаи суғурта дар ҳар давлат мебошанд. Маҳз ба туфайли мавҷудияти ин се шарт, соҳаи суғурта ба яке аз институтҳои муҳими ҷамъиятӣ мубаддал гашта, механизм ё худ фишанги асосии инфрасохтори бозор мегардад.

Зимни муҳокимаронӣ иштирокдорон ба масъалаҳои гуногуни рушди бахши суғурта таваҷҷуҳ зоҳир намуда, вобаста ба мушкилоти ҷорӣ ва имкониятҳои мавҷуда андешаҳои худро баён доштанд. Таъкид гардид, ки камбудиҳои ҷойдошта дар бахши мазкур ислоҳ гашта, ташкилотҳои суғуртавӣ фаъолияти худро мувофиқи талаботҳои иҷозатномадиҳӣ ва қоидаҳои намудҳои суғуртаи ба онҳо иҷозатдодашуда дар асоси рақобати солим ба роҳ мемонанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 1390

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4765 (54.93%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2094 (24.14%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        825 (9.51%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5840 (67.33%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1356 (15.63%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        314 (3.62%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ