Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи сентябр
    0,4%
  • 9,6%
  • Пулҳои захиравӣ (сентябр), млрд. сомонӣ
    23,9
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 25 октябри с.2021)13,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (сентябр)12,43
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-сентябр)
    10,54
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-сентябр)
    23,86
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-сентябр)
    12,30
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    22,18
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    20,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.10.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3 320.91 3 400.22
10 6 554.84 6 711.39
20 12 963.59 13 273.19
50 32 170.79 32 939.08
100 64 176.81 65 709.47

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Октябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31 1
  • Яндекс.Метрика

Ширкати Moody’s рейтинги кредитии Тоҷикистонро дар сатҳи “B3, рушди устувор” баҳогузорӣ намуд

29.08.2017

Ширкати рейтингии байналмилалии Moody’s Investors Service рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар дараҷаи “B3, рушди устувор (B3, Outlook Stable)” баҳогузорӣ намуд. Ҳисоботи он 28 августи соли ҷорӣ дар сомонаи ширкати мазкур нашр гардид. Рейтинги мазкур рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистонро пешбинӣ менамояд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи дастуру тавсияҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор шуда буд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор масъалаи рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистонро бо агентиҳои рейтингии байналмилалӣ муайян намояд.

modeus.jpeg

Рейтинги кредитии мамлакат нишондиҳандаи молиявӣ барои сармоягузорони коғазҳои қиматнок (вомбаргҳо) ба ҳисоб меравад. Рейтинги кредитӣ – василаи муқаррарии молиявӣ барои муайян кардани дараҷаи эътибори вомбаргҳои ин ё он ширкат, корпоратсия ё ҳатто ин ё он давлат буда, вобаста ба сатҳи эътимод аз ҷониби агентиҳои бонуфуз бо ҳуруфи “А”, “В” ва “С” ишора мешавад.

Интишори натиҷаҳои баҳодиҳии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз талаботҳои асосии ворид шудан ба бозорҳои байналмилалии сармоя ба шумор рафта, дар рушди сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, бонкҳои сармоягузорӣ ва шарикони рушд нақши мусбат дошта метавонад.

Маълумоти бештарро вобаста ба хулосаи ширкати рейтингии байналмилалии Moody’s Investors Service дар бораи рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сомонаи ширкати Moody’s Investors Service дастрас карда метавонед.

Идораи муносибатҳои байналмилалӣ


Диданд: 2882

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ