- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
- Таваррум дар моҳи феврал0,4%
- 4,5%
- Пулҳои захиравӣ (феврал), млрд. сомонӣ36,0
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 06 феврали с.2023)11,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (феврал)8,55%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2023
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-феврал)12,38 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-феврал)22,71 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-феврал)15,97 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)20,50 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)20,93 %
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 03.04.2023 1 USD 10.9139 1 EUR 11.8907 1 RUB 0.1400
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2021
- Соли молиявии 2020
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Эълон
Оид ба ҷалби мушовири инфиродии масоили ҳуқуқӣ барои кӯмак ба Бонки миллии Тоҷикистон дар амалинамоии қисмати 4-и барномаи “Рушди инфрасохтори молиявӣ”-и лоиҳаи грантии Бонки Ҷаҳонӣ - “Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ”
Муҳлат: 6-7 моҳ;
Реҷаи кор: рӯзи кории пурра (дар хона/дар идора);
Маълумоти умумӣ:
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ» грант дарёфт намуд ва мехоҳад як ҳиссаи маблағи онро барои пардохти хизматрасониҳо истифода намояд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори татбиқи қисмати 4-и барномаи "Беҳтар намудани инфрасохтори молиявӣ" мехоҳад мушовири инфиродии масоили ҳуқуқиро барои кӯмак ба Бонки миллии Тоҷикистон дар раванди такмили қонунгузории соҳаи танзим ва назорати бонкӣ, ки аз тарафи мушовирони байналмилали дар доираи лоиҳаи зикргардида таҳия шудааст, ба кор ҷалб намояд. Мушовир бояд лоиҳаи ниҳоии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро таҳия намуда, ба Бонки миллии Тоҷикистон дар рафти татбиқи онҳо кӯмак расонад.
Вазифаҳо:
- Гузаронидани экспертизаи муфассали ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои омодагашта, ба монанди лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунҳои соҳаи бонкӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ, ба ҳолати ниҳоӣ овардани онҳо барои қабул ва бақайдгирии давлатии минбаъда;
- Ба тасвияи ҳуқуқӣ ва ба тарзу усулҳои ба қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон хос мутобиқ намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ пешниҳод шудаанд, инчунин ҷустуҷӯ ва истифодаи истилоҳоту мафҳумҳои ҳуқуқии муносиб, бо ҳатман нигоҳ доштани моҳияту мазмуни ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда;
- Ворид кардани тағйироти зарурӣ ба ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида бо мақсади таъмини мувофиқати онҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҳатман нигоҳ доштани моҳияту мазмуни ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда;
- Дастгирии БМТ дар раванди татбиқ: омода кардани таклифҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурии иловагӣ, пешниҳод кардани онҳо ба мақомоти давлатӣ/ҳукумат/парламент;
- Дар ҷараёни омода ва қабул кардани ҳуҷҷатҳо, мушовир бо мутахассисони гуруҳи кории БМТ бояд мулоҳизаю эродҳои воҳидҳои сохтории БМТ, мақомоти давлатӣ ва парламентро дида барояд. Дар сурати қобили қабул будани эроду мулоҳизаҳои мазкур мушовир ҳуҷҷатҳои бо назардошти онҳо ислоҳшударо пешниҳод менамояд;
- Дастгирии БМТ дар пешниҳоди маълумот, шарҳҳо ва омода намудани дархостҳое, ки ба раванди татбиқи пешниҳодҳо дахл дорад;
Талабот:
- Маълумоти олии ҳуқуқӣ;
- Хуб донистани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии бонкӣ;
- Собиқаи кории на камтра аз панҷ солаи ҳуқуқшиносӣ дар соҳаи бонкӣ;
- Маҳорати тадқиқоти истилоҳшиносӣ, дақиқ муайян кардан ва донистани истифодаи бамавриди истилоҳоту мафҳумҳои соҳаи ҳуқуқ ва молия;
- Донистани тартиб ва доштани таҷрибаи ба қонунгузорӣ ворид кардани тағйиру иловаҳо, таҷрибаи ҷорӣ кардани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ афзалият дорад;
- Ташаббускорӣ, мустақилӣ ва қобилияти ташкилотчигӣ ва роҳбарӣ.
Талаботи иловагӣ:
- Донистани забони англисӣ ва малакаи кор бо ҳуҷҷатҳои соҳаи ҳуқуқ бо забони англисӣ;
Довталабон муносиб барои тафтиши маълумоти пурсишнома (CV) ва суҳбат таклиф карда мешаванд.
Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд CV-и худро тариқи почтаи электронӣ (бо нишон додани дар мавзӯи мактуб: “Мушовири инфиродии масоили ҳуқуқӣ” ва Ному насаб) ба унвони дар поён зикргардида то 20-уми сентябри соли 2017 ирсол намоянд.
Бонки миллии Тоҷикистон
Хиёбони Рӯдакӣ, 107А
ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003
e-mail: pscp@nbt.tj
Лоиҳаи Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ
Лоиҳаи № P130091
Диданд: 1521
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон

- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ