Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,1%
  • 7,3%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд сомонӣ
    17,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Октябр)13,06
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 06.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2402.16 2459.53
10 4717.35 4830.01
20 9288.61 9510.44
50 22983.33 23532.21
100 45801.90 46895.73

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Натиҷаи сафари Раиси БМТ ба ИМА

17.10.2017

Рӯзҳои 11-14-уми октябри соли 2017 дар шаҳри Вашингтони ИМА Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА Фарҳод Салим, Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор Илҳом Раҷабов, сардори Идораи муносибатҳои байналмилалӣ Фарҳод Билолов дар ҳафтаи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ иштирок намуда, дар доираи кори он якчанд мулоқотҳои судмандро барпо намуданд. 

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар доираи ҳайати расмӣ дар мулоқоти Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон бо намояндагони доираҳои тиҷоратии ИМА ширкат варзида, оид ба талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, шароит ва имкониятҳои мусоид барои сармоягузорони хориҷӣ ва соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, аз ҷумла гидроэнергетика, туризм, низоми бонкӣ ва ширкати бозорҳои дохилӣ дар бозорҳои коғазҳои қиматноки ҷаҳонӣ маълумоти муфассал манзур намуд. 

Зикр гардид, ки фаъолияти Шӯрои мазкур барои густариши ҳамкориҳои минбаъда байни Тоҷикистону ИМА заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард. 

1.JPG

Зимни сафари мазкур Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, инчунин як қатор мулоқоту вохӯриҳоро бо намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва сармоягузорони хориҷӣ доир намуд.

Аз ҷумла, Ҷ.Нурмаҳмадзода бо муовини директор-Мудири Хазинаи Байналмилалии Асъор ҷаноби Тао Чжан оид ба натиҷаи иҷроиши тадбирҳо дар доираи чаҳорчӯбаи барномаи нави ХБА, зарурати роҳандозии барномаи нави ХБА ва ҷалби саривақтии сарчашмаҳо дар доираи барномаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуд. Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд бо Хазинаи Байналмилалии Асъор омода аст ва яке аз нақшаҳои наздики оянда ин оғоз намудани Барномаи нави ХБА барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин самт даъват гардид, ки ҷонибҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушд ва нигоҳдории суботи молиявию бонкӣ чораҳои заруриро хоҳанд андешид.  

2.JPG

Инчунин, дар доираи ин сафар Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Джордан ва Вазири молияи Швейтсария Ули Мауер мулоқоти судманд анҷом дод. 

Ҷ.Нурмаҳмадзода зикр намуд, ки дар давоми беш аз 20 соли ҳамкорӣ Швейтсария тавонист, манфиатҳои Тоҷикистонро дар Шӯрои директорони ХБА ва Бонки Ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, барои баланд бардоштани иқтидори сиёсати монетарӣ, идораи захираҳои байналмилалӣ ва хавф ба Бонки миллии Тоҷикистон мусоидат намояд. Қайд карда шуд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки миллии Швейтсия дар шарикии ХБА, Бонки ҷаҳонӣ ва Департамент оид ба рушди байналмилалӣ (DFID) ҷиҳати дастгирии доимӣ ва рушди масоили низоми бонкӣ ҳамеша эҳсос карда мешавад.

“Ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ҳамкасбони швейтсариягӣ, аз ҷумла дар самти боло бурдани иқтидори БМТ оид ба масоили идораи захираҳои байналмилалӣ, идораи хавф, сиёсати монетарӣ ва расонидани кӯмак дар бахши хуб ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстонаи шарикӣ бо бонкҳои тиҷоратии Швейтсария, исботи ин гуфтаҳост»,-изҳор дошт Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

3.JPG

Дар баробари ин, дар доираи ин сафар Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода дар вохӯрӣ бо Гурӯҳи Электорати ХБА (минбаъд Гурӯҳи ХБА) ба сухан баромада, барои фароҳам овардани имконияти мусоид барои ширкат дар чорабинии 25-умин солгарди ҳамкориҳои кишварҳоямон дар доираи Гурӯҳи ХБА миннатдории худро баён намуд. Ҳамзамон ҷаноби Мирослав Панекаро барои таъйин гардиданаш ба вазифаи Директори иҷроияи ХБА табрик гуфта, қайд намуд, ки дар марҳилаи раисии Швейтсария дар Электорат ҳамаи манфиатҳо ва ташаббусҳои аъзои Гурӯҳ ба эътибор гирифта шуда, дар натиҷа бо шарофати дастгирии Швейтсария аз ҷониби Шӯрои директорон қарорҳои мусбат қабул карда шуданд.

Таҷрибаи шарикии давлатҳои аъзои Гурӯҳи ХБА ва Дафтари директорони иҷроия на танҳо ба пешниҳоди овоз ва ҳимояи манфиатҳои давлатҳои аъзо, балки барои баланд бардоштани манфиатҳои шӯроҳои давлатҳои аъзои Гурӯҳ мусоидат намуд. Дар робита ба ин, Ҷ.Нурмаҳмадзода изҳори умед кард, ки Директори феълии Гурӯҳи ХБА ин таҷрибаро идома дода, мисли роҳбари қаблӣ манфиатҳои аъзои Гурӯҳ ва Шӯрои директорони Хазинаи байналмилалии асъорро дастгирӣ менамояд.

Дар ҷамъбасти суханронӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода барои бартараф намудани таъсири буҳрони молиявӣ ва дар амал татбиқ намудани ислоҳоти пешбинишуда зарурати қабули барномаи ХБА барои Тоҷикистонро (бо назардошти он ки барномаи охирон барои кишвари мо соли 2009 тарҳрезӣ карда шуда буд) бо дастгирии Электорат муҳим арзёбӣ намуд. 

Масъалаи татбиқи барнома аз ҷониби Хазинаи байналмилалии асъор идомабахши мавзӯи баррасии мулоқоти Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Директори Департаменти Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) оид ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Ҷиҳад Азур гардид.

4.JPG

Зимни вохӯрӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба масъалаи Шарҳ аз рӯи моддаи IV барномаи ХБА ва нашри он, баррасии натиҷаҳо оид ба иҷроиши тадбирҳои пешакӣ дар доираи барномаи нави ХБА, зарурати барномаи нав ва ҷалби ҳамзамони захираҳо дар доираи барнома, пешниҳодҳо оид ба кӯмаки техникӣ махсусан ишора намуд. Дар интиҳо Ҷ.Нурмаҳмадзода ба дастгирии ХБА изҳори умед намуда, зикр кард, ки барномаи ХБА ба таҳкими суботи иқтисодӣ ва мусоидат ба ислоҳоти сохтории васеъ, бахусус дар бахши молия ва низоми бонкӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои буҳрони молиявӣ ва таъсири манфии он ба иқтисодиёти кишвар равона хоҳад шуд.

Дар натиҷаи сафари корӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар доираи мулоқотҳои тарафайни судманд масъалаи тавсеа бахшидани ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ муҳим арзёбӣ намуда, ҷиҳати идома додани ҳамкориҳои минбаъда пешниҳоду таклифҳои манфиатбахш манзур намуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 1284

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4765 (54.95%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2091 (24.11%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        825 (9.51%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5839 (67.34%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1356 (15.64%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        313 (3.61%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ