Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Ҷаласаи 27-уми Пленарии Гурӯҳи АврОсиё оид ба МҚД/МТ

29.11.2017

Аз 21 то 24 ноябри соли 2017 дар ш. Маскав (Федератсияи Русия) ҷаласаи 27-уми Пленарии Гурӯҳи АврОсиё (ГАО) оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) ва ҷаласаҳои Гурӯҳҳои кории ташкилоти мазкур баргузор гардид. Дар чорабинии зикргардида, ҳайатҳои давлатҳои-аъзоёни ГАО, аз ҷумла Белорус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, инчунин намояндагони як қатор кишварҳои дигар ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар ГАО мақоми мушоҳидро соҳиб мебошанд, ширкат варзиданд.

Jalasa-1.png

Ҷаласаи 27-уми Пленарии ГАО аз ҷониби Раиси Гурӯҳ муҳтарам Чиханчин Юрий Анатолевич (Федератсияи Русия) роҳбари карда шуд. Раиси ГАО паёми Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Путин В.В.ро манзури иштирокчиёни ҷаласа намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки ҳамкории гуногунҷабҳа байни давлатҳои-аъзои ГАО боиси самаранок муқовимат намудан бар зидди авҷ гирифтани терроризм ва ҷиноятҳои муташаккил, муҳофизати манфиатҳои умумидавлатӣ, ҳифзи сулҳ, субот ва амнияти байналмилалӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари дигар давлатҳои-аъзои ГАО, дар ҷаласаи 27-уми Пленарии ГАО ширкат варзид. Роҳбарияти ҳайат, ки ба он намояндагони Департаменти мониторинги молиявӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон шомил буданд, аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Роҳбари комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО)  Ватанзода М.М. амалӣ гардид.

Jalasa-2.png

Дар ҷаласаи Пленарӣ намояндаи Ҷумҳурии Мардумии Чин, хонум Цзиньхуа ХАО ба ҳайси Раиси ГАО барои солҳои 2018-2019 ва ба ҳайси муовини Раис Чиханчин Юрий Анатолевич интихоб гардиданд. Ҳамзамон, дар доираи ҳафтаи Пленарӣ ба Маркази минтақавии иттилооти ҳамоҳангсози Осиёи Марказӣ (ЦАРИКЦ) унвони мушоҳид дар ГАО пешҳниҳод гардид.

Ҷаласаи Пленарӣ дар баробари масъалаҳои дар боло зикргардида, лоиҳаи ҳисобот оид ба натиҷаи баҳодиҳии тарафайни Ҷумҳурии Қирғизистонро, ки 1-умин ҳисобот дар даври 2-юми баҳодиҳии тарафайни ГАО оид ба мутобиқати низоми МҚД/МТ/МПСҚОи давлатҳои-аъзои ГАО ба стандартҳои Гурӯҳи Татбиқи Чораҳои Молиявӣ (ФАТФ) нашрияи соли 2012 мебошад, баррасӣ намуд. Дар натиҷаи баррасӣ намудани лоиҳаи ҳисобот, ҷаласаи Пленарӣ ба хулосае омад, ки ба коршиносон-баҳогузорон ва Котиботи ГАО супориш оид ба такмил додани матни лоиҳаи ҳисобот ва пешниҳоди он барои тасдиқ дар ҷаласаи навбатии 28-уми Пленарии ГАО дода шавад. Қобили зикр аст, ки аз ҷониби ҷаласаи Пленарӣ қарори марбута нисбати супориши зикргардида қабул гардид.

Дар рафти ҷаласаи Пленарӣ давлатҳои-аъзои ГАО бо як қатор тағйиротҳо дар стандартҳои ФАТФ, фаъолияти гурӯҳи мазкур дар марҳилаи қабл аз ҷаласаи 27-уми Пленарӣ ошно гардида, бо ташаббусҳои ҷадиди ин ташқилот дар доираи фаъолияти дигар созмонҳои байналмилалӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО аз наздик шинос шуданд.

Ҳамзамон, бояд тазаккур дод, ки ҳайатҳои давлатҳои-аъзои ГАО, дар доираи ҷаласаи Пленарӣ, маълумотро нисбати тағйиротҳо дар низоми миллии МҚТ/МТ/МПСҚО-и кишварҳои худ пешниҳод намуда, инчунин хозиринро бо ҷараёни омодагӣ, гузаронидан ва натиҷаҳои Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм шинос намуданд. Маълумоти иловагӣ аз натиҷаи ҷаласаи 27-уми Пленарӣ инчунин дар сомонаи расмии ГАО гузошта шудааст (www.eurasiangroup.org).

Департаменти мониторинги молиявӣ


Диданд: 2730

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ