Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи ноябр
    0,6%
  • 7,5%
  • Пулҳои захиравӣ (ноябр), млрд сомонӣ
    18,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Ноябр)12,96
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 16.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2396.01 2453.23
10 4705.05 4817.42
20 9264.01 9485.25
50 22921.82 23469.23
100 45678.88 46769.77

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Вохӯрӣ бо намояндагони ташкилотҳои суғуртавӣ дар доираи омодагӣ ба даври 2-юми баҳодиҳии тарафайни низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО

12.12.2017

7 декабри соли 2017 дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрӣ бо намояндагони ташкилотҳои суғуртавии кишвар дар доираи омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даври дуюми баҳодиҳии тарафайни низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) баргузор гардид.

_MG_6999-800.jpg

Дар оғози чорабинӣ Муовинони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин ва Машрабзода Ҳамидулло бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки азбаски айни замон ташкилотҳои суғуртавӣ субъектони ҳисоботдиҳандаи Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва омодагӣ ба баҳодиҳии тарафайн, инчунин, ҷиддӣ омода будани ташкилотҳои суғуртавӣ дар рафти вохӯриҳо бо коршиносон-баҳогузорон чораҳои зарурӣ андешида шаванд. 

Ҷиҳати шиносоӣ бо раванди баҳодиҳии тарафайн аз ҷониби намояндагони Департаменти мониторинги молиявӣ дар доираи мавзӯъҳои зерин рӯнамоиҳо (презентатсия) пешкаш карда шуданд:

  • Омодагӣ ба даври дуюми баҳодиҳии тарафайн, ки аз ҷониби Гурӯҳи Авросиё (ГАО) оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) амалӣ гашта истодааст;
  • Ҳисоботи Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (БХМ ҚД/МТ (бахши ташкилотҳои суғуртавӣ));
  • Талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти МҚД/МТ/МПСҚО.

_MG_7036.jpg

Пас аз анҷом ёфтани баромадҳои кормандони Департамент, аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ як қатор саволҳо пешниҳод гардид. Қабл аз муҳокимаи саволҳо, намоядагони ташкилотҳои суғуртавӣ иброз доштанд, ки ташкил намудани чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани донишу малака ва огоҳӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО фоидаовар мебошад.

Қобили зикр аст, ки И.в. Директори Департамент Файзуллозода Ф. ба саволҳои аз ҷониби намояндагони ташкилотҳои суғуртавӣ ҷавобҳои амиқ пешниҳод намуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки омодагии ташкилотҳои суғуртавӣ ба даври 2-юми баҳодиҳии тарафайн зарур буда, боиси пешрафти минбаъдаи соҳаи МҚД/МТ/МПСҚО хоҳад гашт.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ташкил намудани вохӯрӣ бо намояндагони бахши хусусӣ натиҷаи ҳамкории судманд байни Департамент ва ташкилотҳои номбурда мебошад.


Департаменти мониторинги молиявӣ


Диданд: 964

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4770 (54.34%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2175 (24.78%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        840 (9.57%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5867 (66.84%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1367 (15.57%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        316 (3.60%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ