Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи апрел
    2,2%
  • 10,6%
  • Пулҳои захиравӣ (апрел), млрд. сомонӣ
    18,6
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 майи с.2020)11,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (апрел)12,18
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-апрел)
    11,11
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-апрел)
    23,88
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-апрел)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (апрел)
    21,89
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-апрел)
    20,97




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 02.06.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2965.07 3035.88
10 5843.17 5982.71
20 11540.24 11815.84
50 28612.39 29295.71
100 57060.02 58422.72

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Июн      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
    29 30 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Таъмини рақобати солим баҳри рушди бахши суғурта

13.12.2017

11 декабри соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода ва ташкилотҳои суғуртавии кишвар ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла қайд намуд, ки вохӯрии мазкур дар такя ба қарорҳои қабулгардида аз Ҷаласаи 13-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (30.05.2014) оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши суғурта ва бо мақсади рушди соҳаи суғуртаи ҷумҳурӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта баргузор мегардад.

1.jpg

Зикр гардид, ки бо мақсади рушди бахши суғурта заминаи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ фароҳам шуда истодааст, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии интиқолдиҳанда барои расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ва амволи мусофирон” дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, лоиҳаи қонуни нав “Дар бораи суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ” дар ҳолати таҳия қарор дорад.

Дар идомаи ҷаласа масъулини Идораи назорати суғуртавӣ дар мавриди динамикаи бозори суғуртаи кишвар дар чор соли охир, нишондиҳандаҳои асосӣ оид ба сармояи оинномавӣ, дороиҳо ва уҳдадориҳо аз рӯи намудҳои суғурта, намудҳои бештар истифодашавандаи суғурта, воридоти ҳаққи суғуртавӣ, пардохти (ҷуброни) суғуртавӣ, корҳои анҷомдодашуда дар бахши суғурта ва камбудиҳои ҷойдошта дар бахши мазкур таҳлили мушаххас мавриди манзури ҳозирин қарор доданд.

_MG_7600.JPG

Дар қисмати муҳокимаронӣ намояндагони ташкилотҳои суғуртавии кишвар оид ба самтҳои гуногуни рушди бахши суғурта дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, вобаста ба масъалаҳои ҷойдошта ва имкониятҳои бартараф намудани он андешаҳои худро баён доштанд.

Дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода қайд намуд, ки ҷиҳати рушди соҳа ташкилотҳои суғуртаро лозим меояд, ки дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро тибқи талаботҳои иҷозатномадиҳӣ ва дар асоси қоидаҳои намудҳои суғуртаи иҷозатдодашуда бо мақсади таъмини рақобати солим ва беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар ин бахш татбиқ намояд.

_MG_7595-3.JPG  

Шарҳ: Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2016, №408 “Дар бораи масъалаҳои Хадамоти давлатии назорати суғуртавӣ” ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2017, №851 “Дар бораи ба БМТ вогузор кардани ваколати назорати суғуртавӣ”, Идораи назорати суғуртавӣ ҳамчун воҳиди таркибии Бонки миллии Тоҷикистон, таъсис ёфта, фаъолияти соҳаи суғуртавиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат, танзим ва рушди самараноки хизматрасонии суғуртавӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии суғурташавандагон ва давлатро таъмин менамояд. Айни замон дар ҷумҳурӣ 22 ташкилоти суғуртавӣ фаъолият доранд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 1368

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ