Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Татбиқи барнома оид ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ дар Тоҷикистон

15.12.2017

Бо ташабусси Ширкати байналмилалии молиявӣ (IFC), ки аъзои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ мебошад, дар ҳамоҳангӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои молиявии ҷумҳурӣ, 14 декабри соли 2017 дар шаҳри Душанбе натиҷаҳои умумии се соли аввали татбиқи Барнома оид ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ дар Тоҷикистон (2014-2017) ҷамъбаст гардид.

Rasm_1.JPG

Дар чорабинии мазкур намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян Питер Олтерс, намояндаи доимии IFC дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Манижа Мамаднабиева, ҳамоҳангсози барномаҳои иқтисодии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ Малика Иброҳимова ва намояндагони ташкилотҳои молиявии кишвар, инчунин воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

IMG_4470.JPG

Дар қисмати ифтитоҳии ҷамъомад Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова ба сухан баромада, нақши маърифати молиявиро дар мусоидат ба дастрасии молиявӣ махсусан қайд намуд: “Дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ба рушди истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳим он дар банди алоҳидаи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои то 2030” ворид карда шудааст.

IMG_2a.jpg

Қисмати дуюми ҷамъомадро бо муаррифинома дар мавзӯи “Нақши Бонки миллии Тоҷикистон дар раванди баланд бардоштани маърифати молиявӣ” сардори Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии БМТ Рукмина Сафарова ҳусни оғоз бахшид. Дар доираи муаррифинома қайд гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун яке аз шарикони асосии Барномаи мазкур дар доираи паҳн намудани маводҳои саводнокии молиявӣ байни аҳолӣ фаъолона иштирок намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ ва беҳтар шудани сатҳи дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, бахусус дар самти баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ нисбат ба низомҳои пардохтҳои ғайринақдӣ, хизматрасониҳои молиявии электронӣ ва рақамӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Rasm_4.JPG

Дар идома, дар робита ба мавзӯъҳои баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ шахсони масъули Ширкати байналмилалии молиявӣ (IFC) ва намояндагони ташкилотҳои қарзӣ, ки аз ҷумла шарики барнома маҳсуб меёбанд, ба иштирокдорони чорабинӣ маърӯзаҳо пешниҳод намуданд.

Чорабиниро роҳбари Барномаи инфрасохтори молиявӣ ва рушди пардохтҳои ғайринақдии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Одинаева Зарина ҷамъбаст намуда, ба ҳамаи шариконе, ки дар татбиқи барномаи мазкур саҳмгузорӣ карданд, изҳори миннатдорӣ баён намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки дар доираи Барнома оид ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо шарикон дар давоми се соли татбиқ (2014-2017) беш аз 313 ҳазор нафар фарогир карда шуд ва барномаи мазкур то соли 2020 идома хоҳад ёфт.


Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 4406

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ