- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
- Таваррум дар моҳи октябр0,1%
- 7,3%
- Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд сомонӣ17,7
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат7% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 02 декабри с.2019)12,25 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнаи коғазҳои
қиматноки БМТ (Октябр)13,06
- Меъёри фоизӣ дар соли 2019
(% солона) - Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)10,40
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)22,45
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)19,39
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)21,77
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)22,51
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 09.12.2019 1 USD 9.6800 1 EUR 10.7380 1 RUB 0.1515
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2018
- Соли молиявии 2008
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
СБҲМ 9 – модели нави ҳисобдорӣ барои воситаҳои молиявӣ
28 декабри соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисони ширкати аудитории “Эрнст энд Янг” (Покистон) Арслан Халид ва Омер Чугтай барои намояндагони бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд рӯнамоӣ (презентатсия) дар мавзӯӣ “СБҲМ 9 – модели нави ҳисобдорӣ барои воситаҳои молиявӣ” пешниҳод гардид.
Чорабинии мазкур бо иштироки Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, Муовинони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, Лола Салимова ва роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ баргузор гардид.
Зимни муариффии рӯнамо (презентатсия) қайд гардид, ки солҳои охир дар таҳияи ҳисоботҳои молиявӣ тағйиротҳои назаррас назаррас рух дод. Аз ҷумла, дар шароити буҳрони молиявии ҷаҳонӣ Стандартҳои байналмилалии ҳисоби молиявӣ - 39 (СБҲМ-39) бинобар ба муаммоҳои зиёд овардан дар хориҷ кардан ё ба фурӯш баровардани воситаҳои молиявӣ ба талаботи имрӯзаи ҳисобдорӣ ҷавобгӯ нест. Дар робита ба ин, таҷриба ва натиҷаҳои буҳрони молиявиро ба назар гирифта, Шӯро оид ба стандартҳои байналмилалии ҳисоби молиявӣ (IASB) барои баҳисобгирии воситаҳои молиявӣ меъёри нави СБҲМ 9-ро таҳия намуд, ки дар назар аст, бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2018 тибқи ҳамин модел кор мебаранд.
Мутахассисони ширкати аудитории “Эрнст энд Янг” Арслан Халид ва Омер Чугтай ба намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд вобаста ба тафовути меъёри нав аз меъёри куҳна, усулҳои асосии таҳияи ҳисоботи молиявӣ оид ба воситаҳои молиявӣ, гурӯҳбандии дороиҳо, методҳои баҳогузории воситаҳои молиявӣ дар вақти эътироф ба санаҳои ҳисоботӣ ва тартиби баҳогузории беқурбшавии воситаҳои молиявӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Зимни муҳокимаи мавзӯъ Роҳбарияти БМТ бори дигар таъкид намуд, ки истифодаи меъёри СБҲМ - 9 аз 1 январи соли 2018 ҳатмӣ гашта, намояндагони бонкҳо барои дар амал татбиқ намудани меъёрҳои СБҲМ - 9 дар ташкилотҳои худ бояд чораҳои зарурӣ андешанд. Дар сурати пеш омадани зарурат бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд ҷиҳати татбиқи меъёри мазкур метавонанд ба ширкатҳои машваратӣ муроҷиат намоянд.
Шуъбаи матбуоти БМТ
Диданд: 614
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ
-
-
НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
-
СУОЛИ РӮЗ
Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?-
Ба ман фарқ надорад;
4765 (54.92%) -
Не, аз он ягон фоида нест;
2095 (24.14%) -
Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
826 (9.52%)
-
Ба ман фарқ надорад;
-
Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
-
Не, муроҷиат накардам;
5842 (67.33%) -
Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
1356 (15.63%) -
Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
314 (3.62%)
-
Не, муроҷиат накардам;
-