- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
- Таваррум дар моҳи март1,7%
- 7,3%
- Пулҳои захиравӣ (март), млрд. сомонӣ24,3
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 25 октябри с.2021)13,25 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (март)12,24
- Меъёри фоизӣ дар соли 2022
(% солона) - Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-март)10,32
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-март)24,08
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-март)-
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (март)20,59
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (март)18,75
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 29.04.2022 1 USD 12.4950 1 EUR 13.1360 1 RUB 0.1600
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2020
- Соли молиявии 2019
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Таваррум дар соли 2017 аз сатҳи нишондиҳандаи мақсаднок пасттар ҷамъбаст гардид
Тибқи маълумоти омори расмӣ сатҳи таваррум дар моҳи декабри соли 2017 ба 0,3 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли қаблӣ бетағйир мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки сатҳи таваррум дар маҷмӯъ зери таъсири омилҳои мавсимии кӯтоҳмуддат қарор дошта, он асосан дар натиҷаи болоравии нархи баъзе аз маҳсулоти хӯрокворӣ ба вуқӯъ омад. Дар сохтори таварруми ҳосилшуда, дар моҳи декабр бештар қиматшавии нархи ангур 44,9 фоиз, бодиринг 14,8 фоиз, тухм 4,7 фоиз ва гази моеъ 13,8 фоиз саҳмгузор буданд.
Ҳамзамон, дар ин моҳ нархи сабзӣ 16,6 фоиз, карам 8,3 фоиз, шакар 4,0 фоиз ва гӯшти гов 2,1 фоиз раванди коҳишёбӣ доштанд.
Сатҳи таваррум дар соли 2017, аз сатҳи нишондиҳандаи мақсаднок барои давраи миёнамуҳлат муайяншуда (7,0 фоиз) андаке пасттар ҷамъбаст гардида, ба 6,7 фоиз баробар шуд.
Диаграммаи 1. Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
Ба ин раванд пеш аз ҳама сиёсати фаъоли зиддитаваррумии монетарӣ, сатҳи муътадили талаботи дохилӣ, нисбатан ба эътидол омадани қурби пули миллӣ ва коҳишёбии интизориҳои таваррумӣ дар нимаи дуюми сол таъсири мусбат расонид.
Саҳми маҳсулоти хӯрокворӣ дар таварруми солона аз ҳама зиёд 4,3 банди фоизӣ, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 1,2 банди фоизӣ ва хизматрасониҳо 1,2 банди фоизиро ташкил намуд.
Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати пулию қарзии шаффоф ва пайгиронаро амалӣ намуда, истифодаи фишангҳои монетарӣ ва асъорӣ, пеш аз ҳама меъёри бозтамвилро ҷиҳати танзими ҳаҷму арзиши пул ва бартараф намудани таъсири фишорҳо ба сатҳи нархҳо ва ба ин васила ноил гардидан ба ҳадафи мақсадноки таваррум равона менамояд.
Диданд: 1150
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ