Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,1%
  • 7,3%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд сомонӣ
    17,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Октябр)13,06
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 05.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2404.08 2461.50
10 4721.20 4833.95
20 9296.30 9518.31
50 23002.55 23551.89
100 45840.34 46935.09

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро то сатҳи 14,75 фоизи солона паст намуд

23.01.2018

Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд – Кумита) аз 23 январи соли 2018 меъёри бозтамвилро ба андозаи 1,25 банди фоизӣ паст фароварда, дар сатҳи 14,75 фоизи солона муқаррар намуд. Қарори мазкур вобаста ба нисбатан коҳиш ёфтани хавфҳои таваррумӣ ва наздик гардидани сатҳи таваррум ба нишондиҳандаи мақсаднок барои давраи миёнамуҳлат -7,0 фоизи солона(+/-2%) қабул гардид.

Тибқи маълумоти оморӣ сатҳи таваррум дар ҷамбасти соли 2017 ба 6,7 фоиз расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,6 фоиз тағйир ёфт. Тибқи ҳисобҳо саҳми маҳсулоти хӯрокворӣ дар таварруми солона бартарӣ дошта, 4,3 банди фоизӣ, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 1,2 банди фоизӣ ва хизматрасониҳо 1,2 банди фоизиро ташкил дод. Омилҳои асосии таъсиррасон ба раванди тағйирёбии сатҳи нархҳо бо омилҳои кӯтоҳмуддати мавсимӣ ва пешниҳодот, бахусус дар натиҷаи болоравии нархи маҳсулоти сабзавот (картошка, сабзӣ, пиёз) дар нимсолаи аввал вобастагӣ дошт. Ҳамзамон, афзоиши ҳаҷми нишондиҳандаҳои пулӣ вобаста ба қарор оид ба сармоякунонии бонкҳои муаммодор то андозае фишорҳои қурбӣ ва таваррумиро дар нимаи аввали соли 2017 ба вуҷуд оварда буд.

Вобаста ба ин, бо андешидани чораҳои қатъии сиёсати монетарӣ муяссар гардид, ки фишорҳои монетарӣ нисбатан дар давоми сол коҳиш ёбанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сатҳи таварруми аслӣ, ки тамоюли дарозмуддати нархҳоро бе таъсири лаппишҳои кӯтоҳмуддат инъикос менамояд, дар соли 2017 ба 1,6 фоизи солона баробар шуд ва ин аз маҳдуд гардидани таъсири омилҳои монетарӣ шаҳодат медиҳад.

Дар маҷмуъ, ба сатҳи таваррум омилҳои ғайримонетарӣ, аз лиҳози мавсимӣ ва равандҳои кӯтоҳмуддат таъсир расонида, нишондиҳандаи мазкур дар доираи дурнамои нишондиҳандаи мақсаднок пасттар ҷамъбаст ёфт.

Интизор меравад, ки дар ибтидои сол ба таври муқаррарӣ эҳтимоли ба миён омадани тағйирёбиҳои кӯтоҳмуддат вобаста ба таъсири омилҳои мавсимӣ мавҷуд буда, дар давраи миёнамуҳлат бошад, тибқи дурнамо сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаи мақсаднок (7,0% + 2 б.ф.) боқӣ хоҳад монд.

Инчунин, дар баробари баланд гардидани нархи нафт дар бозори ашёи хоми ҷаҳонӣ, устувор гардидани қурби рубли русӣ ва нисбатан муътадилгардии талаботи ташкилотҳои қарзӣ ба асъори хориҷӣ аз ҳисоби қонеъ гардонидани барзиёдии он аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, эҳтимолияти афзоиши вуруди интиқолҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ дар аввали соли равон ва то андозае коҳишёбии омилҳои берунӣ ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, аз ҷумла хавфҳои қурбию таваррумӣ мавҷуд аст.

Дар давраи миёнамуҳлат эҳтимолияти хавфҳо бо тадриҷан афзоиш ёфтани сатҳи талабот дар бахши истеъмолию хароҷотҳои инвеститсионӣ вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, болоравии нархҳои маъмурӣ, ноустувории молиявӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва хавфи зиёд шудани интизориҳои таваррумӣ метавонанд таъсири худро ба сатҳи нархҳо расонанд.

Бо дарназардошти нисбатан пастравии интизории сатҳи таваррум, коҳиш ёфтани таъсири омилҳои берунӣ ва тадриҷан ба эътидол омадани вазъи макроиқтисодӣ, Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро то сатҳи 14,75 фоизи солона поён бурд.

Қобили зикр аст, ки меъёри фоизи бозтамвил маҳз барои таъсирбахш намудани фишангҳои фоизии амалиётҳои монетарӣ, идоракунии босамари сатҳи пардохтпазирӣ ва татбиқи сиёсати пайгиронаи монетарӣ баҳри нигоҳдории муътадилии сатҳи нархҳо истифода мешавад.

Бонки миллии Тоҷикистон бо дарназардошти вазъи ҷории макроиқтисодӣ ва сатҳи талабот, пайваста таъсири омилҳои берунӣ ва дурнамои сатҳи таваррумро мавриди таҳлилу мониторинг қарор дода, вобаста ба он, фишангҳои амалиётии сиёсати пулию қарзиро дар ҷаласаҳои минбаъдаи Кумита баррасӣ хоҳад намуд.

Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ татбиқи сиёсати пайгиронаи пулию қарзиро ҷиҳати ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо дар давраи миёнамуҳлат идома медиҳад.

Ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон тибқи нақшаи Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардида, дар ҳолати зарурӣ қарори навбатӣ фавран дида баромада шуда, оид ба тағйиротҳо тавассути сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон эълон хоҳад гардид.

Шуъбаи матбуот



Диданд: 1238

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4761 (55.01%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2083 (24.07%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        822 (9.50%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5828 (67.34%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1356 (15.67%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        312 (3.60%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ