Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

«Сиёсати пулию қарзӣ ва самтҳои пешбурди он дар доираи супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

29.01.2018

“Садои мардум», №11 (3805) 27.01.2018

(соати парламентӣ)

25 январи соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор оид ба мавзӯи «Сиёсати пулию қарзӣ ва самтҳои пешбурди он дар доираи супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соати парламентӣ баргузор гардид, ки дар он намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзид.

Тавре Абдуҷаббор Азизӣ зикр кард, пешбурди сиёсати дурусти пулию қарзӣ ба рушди иқтисодиёту ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мусоидат мекунад.

Ба ин масъала зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дахл карда, таъкид намуданд, ки: «Вазъи низоми пуливу қарзии кишвар, бахусус, фишори қурб ба асъори миллӣ, ноустувории сармояи бонкӣ, сатҳи нокифояи қарздиҳӣ ба иқтисоди миллӣ ва ҷалби сармоя моро водор месозад, ки дар ин самт тадбирҳои таъхирнопазир андешем».

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин Салом роҷеъ ба тадбирҳои андешидашуда доир ба солимгардонии низоми бонкӣ, таҳкими сиёсати пулию қарзӣ, мусоидат ба таъмини суботи молиявӣ ва рушди устувори иқтисодӣ ибрози назар карда, таъкид намуд, ки новобаста аз идома ёфтани таъсири манфии буҳрони сиёсӣ — иқтисодӣ соли 2017 як қатор нишондиҳандаҳои низоми бонкӣ мусбат ҷамъбаст гардиданд. Аз ҷумла, бақияи умумии пасандозҳо соли сипаригардида 9,3 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 37,4 млн. сомонӣ зиёд аст. Бо мақсади паст намудани сатҳи долларикунонии иқтисодиёт ва хавфи асъорӣ, инчунин баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба пули миллӣ, ҳаҷми бақияи пасандозҳо бо асъори хориҷӣ 10,9 фоиз коҳиш ёфта, бо пули миллӣ 19,2 фоиз афзоиш дода шуд. Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда қариб 8 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 1,3 фоиз кам мебошад.

Ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол (зиёда аз 30 рӯз батаъхирафтода), ки тамоюли камшавӣ доранд, то 31 декабри соли 2017-ум 35,8 фоизро ташкил намуд, яъне нисбат ба аввали сол 11 банди фоизӣ (1,6 млрд. сомонӣ) коҳиш ёфт. Ин аз нисбатан беҳтар гардидани пардохтпазирии бонкҳои мушкилдор шаҳодат медиҳад.

- Умуман, соли гузашта даромаднокии дороиҳо, сармояи ташкилоти қарзӣ ва пардохтпазирии онҳо нисбат ба соли қаблӣ мусбат ҷамъбаст гардид. Ба буҷет 541,4 млн. сомонӣ андоз ва ба мизоҷон ба маблағи 302 млн. сомонӣ фоиз аз рӯйи пасандозҳо пардохт карда шуд, — гуфт Икромӣ Сироҷиддин Салом.

Қайд гардид, ки ҷиҳати ба танзим даровардани ҳаҷми пул дар муомилот, пешгирӣ намудани фишорҳои қурбӣ ва сатҳи таваррум 187 музоядаи коғазҳои қиматнок ба маблағи 8,7 млрд. сомонӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба соли 2016 қариб 2 маротиба ё ба маблағи 4,4 млрд. сомонӣ зиёд мебошад. Дар доираи фишанги нави амонатҳои шабонарӯзӣ (овернайт) 18,5 млрд. сомонӣ аз ҷониби ташкилоти қарзӣ ҷалб гардид. Татбиқи сиёсати қурбӣ дар асоси талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ амалӣ гардид ва қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 12,0 фоиз (дар соли 2016 -10,8 фоиз) коҳиш ёфт ва фарқи он ба 0,9 банди фоизӣ баробар шуд, ки ба меъёри байналмилалӣ мутобиқ мебошад.

Сироҷиддин Икромӣ дар идома зикр намуд, ки дахолатҳои асъории Бонки миллии Тоҷикистон соли 2017 бе истифода аз захираҳои тиллоии асъорӣ ва кам кардани ҳаҷми онҳо, асосан аз ҳисоби маблағҳои бо рубли русӣ харидоришаванда анҷом дода шуданд. Бо мақсади қонеъ кардани талабот ба доллари нақди ИМА дар ин давра ташкилоти қарзӣ тақрибан ба маблағи 300 млн. доллар таъмин карда шуданд.

Яке аз масъалаҳои муҳими низоми бонкӣ вусъат додани амалиёти ғайринақдӣ, рушди инфрасохтори низоми пардохт, бемамоният ва сари вақт пешниҳод намудани хизматрасонии кортҳои пардохтӣ аз ҷониби ташкилоти қарзӣ мебошад. Дар ин робита Сироҷиддин Икромӣ қайд кард, ки оид ба вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ва тақвият бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо Кумитаи андоз ҳайати муштараки корӣ таъсис шуд. Дар давраи фаъолияти он дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ зиёда аз 1119 терминали электронӣ насб гардид ва шумораи умумии онҳо ба 1944 расонида шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 2,7 маротиба зиёд мебошад, вале ин ҳанӯз моро қаноатбахш карда наметавонад. Ҳоло аз ҷониби ташкилоти қарзӣ зиёда аз 1500 терминали электронӣ харидорӣ шудааст ва ҳангоми муроҷиати мизоҷон дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ насб карда мешаванд. Айни ҳол, миқдори умумии кортҳои пардохтии бонкӣ зиёда аз 1694 ҳазорро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли қаблӣ 4,5 фоиз зиёд аст.

Миқдори дорандагони кортҳои пардохтӣ низ 4,1 фоиз зиёд шуда, 1672 ҳазор нафарро ташкил намуд. Тавассути кортҳо 17,6 млн. амалиёт ба маблағи умумии 8,3 млрд. сомонӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 16,6 фоиз зиёд аст. Шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ мувофиқан 685 ва 3325 ададро ташкил медиҳад. Дар муқоиса ба соли қаблӣ шумораи банкоматҳо 114 адад кам ва шумораи терминалҳои электронӣ 870 адад зиёд шудааст.

Умуман, соли 2017 дар ҷумҳурӣ тавассути низоми гуногуни ҳисоббаробаркунӣ зиёда аз 83,0 млн. амалиёти пардохти ғайринақдӣ ба маблағи 656,3 млрд. сомонӣ гузаронида шуд ва афзоиши онҳо мувофиқан 37,0 ва 59,2 фоизро ташкил дод. Ин аз нисбатан беҳтар гардидани таъмини шаффофият ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасонии бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ва эътимоди онҳо ба низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад.

Бо дастгирии бевоситаи Роҳбари давлат дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон интишори нахустин рейтинги қарзии кишвар ва барориши аввалин коғазҳои қиматноки давлатӣ (евробондҳо) ба маблағи 500 млн. доллари ИМА ба бозори ҷаҳонӣ муваффақона амалӣ шуд, ки саҳифаи нав дар ташаккулёбии иқтисодиёти миллии ҷумҳурӣ ва ҳамгироии он ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

- Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ баҳри устувории низоми бонкии кишвар дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати ҷумҳурӣ чораҳои зарурӣ андешида, раванди ислоҳоти соҳаи бонкдориро бо мақсади баланд бардоштани рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар идома медиҳад, — гуфт дар фарҷом Сироҷиддин Икромӣ.

Дар хотима вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров, Ҷамшед Саидов, Насиба Содиқова, Мавзуна Шарофиддинова, Гулбаҳор Назирӣ, Ҷаббор Ахмедов, Рустам Қудратов, Зуфархон Исмоилзода, Мирзодавлат Сабурзода ва Муҳаббатшо Рӯзадор роҷеъ ба хавфҳои қарзие, ки ба низоми бонкдорӣ таҳдид мекунанд, тадбирҳо оид ба паст кардани фоизи қарзҳо, чораҷӯйӣ ҷиҳати беҳбуд бахшидани фаъолияти низоми бонкдорӣ, фаъолияти бонкҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва ғайра савол дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

http://sadoimardum.tj/ma-lisi-ol/dar-mamlakat-1672-azor-nafar-korti-pardoht-dorand/


Диданд: 3697

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ