- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
- Таваррум дар моҳи феврал0,3%
- 3,6%
- Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ36,2
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 12 феврали с.2024)9,5 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (феврал)5,08%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2024
- Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)12,57 %
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)23,06 %
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)13,00%
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)20,74%
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)23,71%
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 20.03.2024 1 USD 10.9541 1 EUR 11.8852 1 RUB 0.1185
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2022
- Соли молиявии 2021
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Телефони боварии БМТ (44-600-15-20)
- Реҷаи кории телефони боварии БМТ: душанбе - ҷумъа аз 08:00 то 17:00
(Танаффуси нисфирӯзӣ: аз 11:30 то 12:30)
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Ҳамоиши “Рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ”
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” 21 феврали соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони бонк ҳамоиши васеъ баргузор гардид.
Ҳамоишро сардори идораи кормандони бонк Давлаҳмад Гадоев ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ дар баробари масъалаҳои муҳими соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин ба рушди туризм, таблиғи намунаҳои фарҳанги миллӣ ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои фарҳанги таърихӣ, мавқеи геополитикии мусоид, гуногунии манзараҳои табиӣ, олами бойи ҳайвоноту наботот ва ҷомеаи босуботу мардуми меҳмоннавоз барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ имкониятҳои фарох дорад. Яъне эълон гардидани соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” агар аз як тараф Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ақсои олам ҳамчун кишвари дорои таъриху табиати нодир муаррифӣ намояд, аз тарафи дигар рушди ҳунарҳои миллӣ, дар баробари беҳтар намудани вазъи иқтисодии аҳолӣ, муаррифгари фарҳанги бостонӣ ва тамаддунофари мардуми кишварамон мегардад”.
Сипас, сардори шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи Роҳбарияти БМТ, доктори илми филология, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоҳасан Султонов дар назди иштирокдорон вобаста тарғибу ташвиқи ҷаҳонгардӣ дар адабиёти классикӣ ва имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар қаламрави Тоҷикистон маърӯза намуд. Зикр гардид, ки табиати нодиру зебо ва ёдгориҳои таърихӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини гардиши сайёҳони хориҷӣ, рушд додани туризми кӯҳию кӯҳнавардӣ, экологӣ, таърихӣ, таълимӣ ва туризми этнографӣ имкониятҳои фаровон дорад.
Сардори идораи омор ва тавозуни пардохт Бахтиёр Баҳриддинов дар навбати худ зимни суханронӣ қайд намуд, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бозори хизматрасониҳои сайёҳӣ нақши муҳим доранд. Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ ширкатҳои сайёҳии зиёд фаъолият дошта, ҷиҳати тақвият бахшидан ба фазои ҳуқуқии рушди соҳа, ба қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ тағйироту иловаҳо ворид шуда истодааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки имрӯз таваҷҷуҳи давлат ба рушди соҳа бештар гардида, соҳаи сайёҳӣ ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад.
Дар рафти ҳамоиш таъкид гардид, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзии кишвар тавсия дода шудааст, ки бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ, ҷиҳати ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз рӯи имкониятҳои молиявии ҷойдошта ба соҳибкорон ва ҳунармандон қарзҳои имтиёзнок пешниҳод намоянд.
Ҳамзамон, барои фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасониҳои бонкӣ ба аҳолӣ ва меҳмонони хориҷӣ ба ташкилотҳои қарзӣ супориш дода шудааст, ки шумораи марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои хизматрасонии хазинавӣ ва таҷҳизоти автоматии худкори қобилияти анҷомдиҳии амалиёти мубодилавидоштаро дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва гузаргоҳҳои гумрукӣ, махсусан дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст ва Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон бештар намуда, фаъолияти самараноки онҳоро ба роҳ монанд.
Дар қисмати хотимавӣ, ташаббускорони чорабинӣ ва иштирокдорон бо дарки баланди масъулият, ҷамъомадро бо овардани иқтибос аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад” ҷамъбаст намуданд.
Шуъбаи матбуоти БМТ
Диданд: 3791
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ