Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Идоракунии корпоративӣ дар низоми молиявӣ-бонкии Тоҷикистон: муаммоҳо ва имкониятҳои рушд

27.02.2018

27 феврали соли 2018 бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо лоиҳаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) ва иштироки намояндагони ширкатҳои “Имкон консалтинг” ва “Legal Consulting Group”, раисони Раёсат ва роҳбарони Шӯрои нозирони бонкҳои кишвар дар мавзӯи «Идоракунии корпоративӣ дар низоми молиявӣ-бонкии Тоҷикистон: муаммоҳо ва имкониятҳои рушд” конфронси амалӣ гузаронида шуд.

Дар маросими ифтитоҳии чорабинӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, роҳбари лоиҳаи IFC дар Тоҷикистон Манижа Мамаднабиева, менеҷери барномаҳои DFID дар Осиёи Марказӣ Денис Хил ва менеҷери барномаҳои IFC оид ба идоракунии корпоративӣ дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Сергей Трипутен оид ба идоракунии корпоративӣ ҳамчун низоми самараноки ҳамкориҳои Шӯрои нозирон ва Раёсати бонкҳо суханронӣ намуданд.

IFC_1.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни баромад изҳор дошт, ки ҳадаф аз баргузории конфронси амалӣ - баланд бардоштани фаъолияти самараноки Шӯрои нозирон дар бонкҳо ва ҳамкории зичи Шӯрои нозирон ва Раёсати бонкҳо дар фаъолияти ташкилотҳо буда, баргузории чорабинии мазкур метавонад дар идоракунии самарабахши корпоративии низоми бонкии кишвар мусоидат намояд.

IFC_3.JPG

Баъдан, барандаи кори конфронси амалӣ муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ дар навбати худ оид ба вазъи кунунии идоракунии корпоративӣ дар низоми бонкии кишвар, самтҳои мукаммалгардонӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба он баромад намуд. Номбурда бо назардошти вазифаҳои гузошташуда дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати андешидани чораҳои мушаххас дар низоми бонкӣ, хусусан дар самти коҳиш додани хавфҳо ва ҷорӣ намудани усулҳои идоракунии корпоративӣ таъкид кард, ки “Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба тақвияти институтсионалии қоидаву меъёрҳои идоракунии корпоративӣ ва такмили санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкории зичро ба роҳ мондааст. Ва дар ояндаи наздик ба қонунгузориҳои бонкӣ, аз ҷумла, дар бахши зиёд намудани уҳдадориҳо ва масъулияти тамоми мақомоти идоракунӣ, низоми назорати дохилӣ ва аудит як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд”. 

IFC_2.JPG

Дар идомаи конфронси амалӣ, дар доираи барномаи корӣ мутахассисони Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, ширкати “Имкон консалтинг” ва ширкати “Legal Consulting Group” барои иштирокдорон вобаста ба нақши директорони мустақил дар фаъолияти самараноки Шӯрои нозирон, аҳамияти Кумитаи Шӯрои нозирон, вазифа ва мавқеи котиби корпоративӣ ва имконияти рушди вазифаи зерин дар ташкилотҳои қарзӣ маърӯза намуданд.

IFC_4.JPG

Дар рафти машғулиятҳои амалӣ баромади мутахассисон аз ҷониби гурӯҳи коршиносон таҳлил гардида, иштирокдорон ба саволҳои худ вобаста ба зарурати Шӯрои нозирон дар фаъолияти бонкҳо, самтҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Шӯрои нозирон, нақши котибони корпоративӣ, вазифаҳо, салоҳият ва масъулияти Шӯрои нозирон ва Раёсати бонкҳо посухҳои мушаххас гирифтанд.

IFC_5.JPG

Қобили қайд аст, ки конфронси мазкур дар доираи ҳамкориҳо бо Корпоратсияи байналмилалии молиявии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба татбиқи Барномаи идоракунии корпоративӣ дар Осиёи Марказӣ, бо дастгирии Ҳукумати Швейтсария (SECO) ва Британия Кабир (DFID), баргузор мегардад.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Диданд: 3923

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ