Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,1%
  • 7,3%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд сомонӣ
    17,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Октябр)13,06
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 10.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2387.69 2444.71
10 4688.40 4800.37
20 9230.72 9451.16
50 22838.59 23384.02
100 45512.42 46599.34

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Вохӯрии ҷамъбастӣ дар доираи баҳодиҳии тарафайни низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО

19.03.2018

14 марти соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии ҷамъбастии ҳайати коршиносон-баҳогузорони Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) бо ҳайати Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ      Ватанзода Маҳмадалӣ - баргузор гардид.

563A7797.JPG

Дар доираи ташрифи ҳайати мазкур тибқи барнома як қатор вохӯриҳои  коршиносон-баҳогузорони ГАО бо намояндагони Тоҷикистон, аз ҷумла, бо ҳайати Комиссия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, cохторҳои назоратӣ ва бахши хусусӣ гузаронида шуданд.

Дар рафти суханронӣ роҳбари Комиссия Ватанзода М.М. изҳор дошт, ки мақсад аз баргузории вохӯриҳои болозикр баҳогузории мутобиқати самаранокии кишвар ба стандартҳои байналмилалӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО, инчунин, фаъолияти мақомоти салоҳиятдор дар ин самт мебошад.

563A7785.JPG

Дар рафти ҷаласаи ҷамъбастӣ, аз ҷониби коршиносон-баҳогузорон шакли ниҳоии лоиҳаи ҳисобот оид ба ҳайати сайёрӣ пешниҳод гардид, ки дар оянда барои тақвият бахшидани ҳамкории муштарак миёни мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо коршиносон-баҳогузорони ГАО ҷиҳати омода намудани ҳисоботи баҳодиҳии тарафайни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа ба стандартҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) ва самаранокии низоми МҚД/МТ/МПСҚО ба кор бурда хоҳад шуд.

563A7824.JPG

Хотиррасон менамоем, ки дар Ҳайати Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ (роҳбари Комиссия); Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (муовини роҳбари Комиссия); Муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;  Муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муовини сардори Хадамоти муҳоҷират; Муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Директори Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон (котиби Комиссия) ва Раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошанд.

Департаменти мониторинги молиявӣ



Диданд: 914

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4767 (54.88%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2102 (24.20%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        826 (9.51%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5848 (67.33%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1357 (15.62%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        314 (3.62%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ