Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи ноябр
    0,6%
  • 7,5%
  • Пулҳои захиравӣ (ноябр), млрд сомонӣ
    18,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Ноябр)12,96
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 13.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2402.32 2459.69
10 4717.66 4830.33
20 9289.23 9511.07
50 22984.87 23533.79
100 45804.97 46898.88

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Стратегияи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ

28.03.2018

Стратегияи ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 бо иштироки Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва як қатор вазорату идораҳои калидии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 27 марти соли 2018 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар оғози машварати корӣ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчук бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, аз сатҳи ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҷонибҳо зикр карданд, ки мақсад аз ҳамоиши имрӯза мукаммал намудани Стратегияи ҳамкорӣ бо назардошти самтҳои муҳимми иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бо истифода аз захираҳои мавҷуда баҳри татбиқи минбаъдаи самаранок дар доираи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то солҳои 2030 мебошад.

563A9250-1.JPG

Сипас, Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян- Петер Олтерс лоиҳаи Стратегияи ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо назардошти самтҳои барои кишвар афзалиятнок муаррифӣ намуд. Мавсуф оид ба имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи интегратсияи минтақавӣ ва шароити муосид барои татбиқи ислоҳот, истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ, рушди хоҷагии қишлоқ, истеҳсоли маҳсулот ва саноат, рушди сайёҳӣ, истифода аз бозорҳои калони наздисарҳадӣ сухан кард. Ян- Петер Олтерс дар доираи муаррифӣ ташхиси маҷмӯии тадқиқоти кишвар ва Машварат оид ба Стратегияи ҳамкорӣ бо кишварро бо назардошти имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла суботи молиявӣ, ислоҳоти низоми бонкӣ ва сиёсати фискалӣ, институтҳои самарабахши давлатӣ, фазои мусоиди корӣ, шаффофият, хизматрасонӣ ва маълумотҳои оморӣ, инфрасохтори стратегӣ ва сармояи инсонӣ, ки коршиносони Бонки ҷаҳонӣ таҳия намудаанд, муаррифӣ кард.

563A9277-4.JPG

Аз ҷониби Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев муаррифинома дар мавзӯи “Дурнамои бахши молиявӣ барои солҳои 2019-2023” манзур гардид, ки дар он оиди раванди татбиқи босамари сиёсати монетарӣ ва асъорӣ, вазъи молиявии низоми бонкӣ ва фаъолияти низоми пардохти мамлакат, аз он ҷумла, оид ба натиҷаҳои чораҳои андешидашуда дар самти ҷиҳати ислоҳоти соҳа ва имкониятҳо аз рӯи амалисозии нақшаҳои минбаъда дар давраи то соли 2023 қайд карда шуд.

Зимни муаррифӣ Ҷамолиддин Нуралиев оид ба таҳким бахшидани механизми татбиқи сиёсати монетарӣ тавассути ҷорӣ намудани воситаҳои муосир, таъмини сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаи пешбинишуда, гузариш ба низоми ҳадафгирии таваррум, ҷоннок намудани ҳамкориҳо бо мақсади тақвияти муносибатҳои муросилотӣ, мусоидат ба ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла ба низоми бонкӣ, таъмини шароити мусоид барои иҷрои нишондиҳандаҳои асосии барномаҳои давлатии рушди иқтисоди миллӣ, таъмини дастрасии соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ, такмили идоракунии корпоративӣ, этикаи бонкдорӣ, тартибу қоидаҳои анҷомдиҳии амалиётҳои бонкӣ ва баланд бардоштани ихтисоси кормандони низоми бонкӣ, махсус дар самти идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ таҳлили ҳамаҷонибаро манзури ҳозирин гардонид.

563A9267-3.JPG

Ҷамолиддин Нуралиев дар суханронӣ инчунин дар хусуси таъмини ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии молиявии аҳолӣ, таъмини фаъолияти мунтазаму боэътимоди низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон, саривақт анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ ва вусъат бахшидани пардохти ғайринақдӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Вобаста ба масъалаҳои болозикр Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев изҳор дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ ба ҳайси як институти бонуфузи байналмилалӣ метавонад ҳамчун замина барои ҷалби институтҳои молиявии байналмилалӣ (донорҳо) ва рушди сармоягузориҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузорӣ намояд.

563A9735-6.JPG

Дар навбати худ, муаррифиномаи Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев аз ҷониби Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, аз ҷумла Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчук ва Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян - Петер Олтерс хуш пазируфта шуд. Ян - Петер Олтерс изҳор дошт, ки вобаста ба масъалаҳои зикршуда имкон аст лоиҳаҳои якҷояи алоҳида таҳия ва мавриди баррасӣ қарор дода шаванд, ки аз тавсеа ёфтани ҳамкориҳои муштараки судманд дар оянда дарак медиҳанд.

563A9265-5.JPG

Дар машварати корӣ оид ба муҳокимаи лоиҳаи Стратегияи ҳамкорӣ бо кишвар Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода оид ба “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва мақсади асосии он, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода оид ба “Нақши бахши хусусӣ дар таъмини рушди устувор”, инчунин Роҳбари лоиҳаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) дар Тоҷикистон Манижа Мамаднабиева, намояндагони Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Сусанна Хайрапетян, Пол Волний, Ҳасан Алиев оид ба сармоягузорӣ ба аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои итегратсионии минтақавӣ, рушди босамар ва саҳми институтҳои муосир баромад намуда, фикру ақидаҳои худро оид ба лоиҳаи мазкур пешниҳод намуданд.

563A9699-2.JPG

Дар ҷамъбасти машварати корӣ оид ба муҳокимаи лоиҳаи Стратегияи ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 Вазири молияи ҶТ Файзиддин Қаҳҳорзода Ҳайати Бонки ҷаҳониро барои ҳамкорӣ ва дастгирии соҳаҳои гуногуни кишвар изҳори миннатдорӣ кард. Зикр карда шуд, ки барномаи мазкур бояд ҳадафманд бошад ва масъалаҳое, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 афзалият дода шудааст, фарогир бошад.

563A9182-7.JPG

Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчук низ дар навбати худ ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои омодагии ҳаматарафа ва баромадҳои пурмуҳтаво баҳри тақвият додани ҳамкории дуҷониба сипосгузорӣ намуда, изҳори умед кард, ки ояндаи наздик Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳайси яке аз кишварҳои пешрафта мавқеъгирӣ хоҳад шуд. Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс изҳор дошт, ки баъди таҳияи лоиҳаи ниҳоии Стратегия ҳамкорӣ ва муҳокимаи якҷояи ҷамъбастӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Бонки ҷаҳонӣ он барои баррасӣ ва тасдиқ ба Дафтари асосии Бонки ҷаҳонӣ манзур мегардад.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 1506

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4770 (54.38%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2171 (24.75%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        837 (9.54%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5862 (66.83%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1366 (15.57%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        316 (3.60%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ