Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,1%
  • 7,3%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд сомонӣ
    17,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Октябр)13,06
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 06.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2402.16 2459.53
10 4717.35 4830.01
20 9288.61 9510.44
50 22983.33 23532.21
100 45801.90 46895.73

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Маблағгузории хурд тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ

30.03.2018

Дар доираи Лоиҳаи Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP), таърихи 29-30 марти соли 2018, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди мактабҳои миёна дар назди Вазорати маориф ва илми ҶТ барои кормандони ташкилотҳои қарзии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор, Левакант, Норак, Шаҳринав, Файзобод, Нуробод, Хуросон, Ҳамадонӣ, Муъминобод ва Зафаробод семинари омӯзишӣ оид ба маблағгузории хурд мувофиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ баргузор намуд.

Муовини Раиси БМТ Сироҷиддин Икромӣ зимни суханронии ифтитоҳӣ вобаста ба моҳияти низоми бонкдории исломӣ – ҳамчун ягона низоми молиявие, ки новобаста аз таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ дар асоси қоидаву рукнҳои динӣ ва қонунҳои шариат фаъолият мекунад ҳарф зада, зикр намуд, ки маҳз бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” дар назди Бонки миллии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои фаъолияти бонкии исломӣ таъсис дода шудааст.

563A0140.JPG

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳамзамон қайд намуд, ки “Мақсади асосии Барномаи VOLIP паст намудани сатҳи камбизоатӣ бо роҳи беҳтар намудани саводнокии касбии ҷавонон ва тақвияти малакаву маҳорати амалии занҳои коргари беихтисос, дастгирии молиявии онҳо ҷиҳати таъмин ба шуғл ва гирифтани даромад мебошад. Дар доираи лоиҳаи номбурда маблағгузории гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ, хусусан, дар деҳот, тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ ба воситаи ташкилотҳои қарзии интихобгардида дар минтақаҳо пешбинӣ шудааст. Ташкил намудани дастгирии баҳрабарандагон тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ мақсади асосии Лоиҳа мебошад. Умед дорем, ки семинари мазкур иқдоми амалӣ барои воқиф намудани мардум аз меъёрҳои бонкдории исломӣ гардида, ба рушди минбаъдаи он дар кишвар шароити мусоид фароҳам меорад”.

563A7839.JPG

Сипас, мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ба иштирокдорон оид ба раванди амалишавии маблағгузории хурди исломӣ дар доираи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон”, намудҳои маблағгузории хурди исломӣ ва имкониятҳои амалии истифодаи он дар шароити Тоҷикистон ва ҷараёни татбиқи низоми бонкдории исломӣ аз ҷониби БМТ маълумот доданд. Аз ҷумла, бо назардошти он, ки маблағҳои Барномаи VOLIP дар асоси амалиёти Муробаҳа ва Салам амалӣ мегарданд, вобаста ба ин намуди амалиётҳои маблағгузорӣ, хусусиятҳои асосӣ, раванди амалиёт, санадҳо, тарзи ҳисоб ва бозпардохти маблағ рӯнамоиҳо (презентатсия) пешниҳод гардиданд.

Дар рафти машғулиятҳои амалӣ ба иштирокдорон муяссар гардид, ки оид ба намудҳои маблағгузории исломӣ, нақшаҳо дар заминаи принсипҳои маблағгузории хурди исломӣ ва ташкили фаъолияти бонкӣ ҷиҳати қарздиҳии хурди исломӣ дар доираи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон” маълумот гиранд.

Дар қисмати ҷамъбастии барномаи омӯзишӣ ҳамоҳангсози Барномаи VOLIP Исроил Исмоилов оид ба нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати таъмини татбиқи бомуваффақияти Барномаи мазкур дар заминаи беҳтар намудани раванди қарздиҳии хурд барои соли 2018 маърӯза намуд.

563A0137.JPG

Лозим ба ёдоварист, ки маблағи лоиҳаи мазкур тавассути ташкилотҳои қарзии ватанӣ (БДА “Амонатбонк”, ҶСК “Бонки Эсхата”, ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон”, ҶСК ”Коммерсбонки Тоҷикистон”, ҶСП ТАҚХ “Имон Интернешнл”, ҶСП ТАҚХ “Ҳумо”, ҶДММ ТАҚХ “Арванд”) амалӣ карда мешаванд. Айни ҳол, лоиҳаи Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар 11 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Норак, Сарбанд ва ноҳияҳои Шаҳринав, Файзобод, Нуробод, Хуросон, Муъминобод, Ҳамадонӣ ва Зафаробод амалӣ шуда истодааст.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 1401

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4764 (54.97%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2089 (24.10%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        824 (9.51%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5836 (67.34%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1356 (15.65%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        313 (3.61%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ