- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
- Таваррум дар моҳи май0,7%
- 7,5%
- Пулҳои захиравӣ (май), млрд. сомонӣ30,1
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 25 октябри с.2021)13,25 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (май)12,49
- Меъёри фоизӣ дар соли 2022
(% солона) - Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-май)10,54
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-май)23,91
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-май)22,00
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (май)20,41
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (май)16,70
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 04.07.2022 1 USD 10.5168 1 EUR 10.9564 1 RUB 0.1769
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2020
- Соли молиявии 2019
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса Ясмин Гуэдар
10 апрели соли 2018 вохӯрии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуэдар сурат гирифт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар низоми молиявӣ, аз ҷумла низоми бонкӣ, инчунин густариш ёфтани муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса дар самтҳои сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро баррасӣ намуданд.
Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев дар хусуси тавсеа бахшидани ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки Фаронса, табодули таҷрибаи мутахассиони ду кишвар дар низоми бонкӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати таъсиси намояндагиҳои бонкҳои тиҷоратии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар кард.
Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуэдар дар навбати худ аз таҷрибаи ҳамкории шарикӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Фаронса, ки қаблан дар доираи Шартномаи ҳамкорӣ (1999-2007) хеле хуб ба роҳ монда шуда буд, хотиррасон шуд. Хонум Ясмин Гуэдар барои барқарор кардани ҳамкорӣ дар бахши бонкӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд ва изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Фаронса барои ҷавонон барномаҳои махсус дорад, ки дар он мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон низ метавонанд ширкат варзида, бо истифода аз таҷрибаи бардошта дар рушди низоми бонкӣ саҳми худро гузоранд.
Дар ҷамъбаст, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз вусъат бахшидани ҳамкорӣ ва таваҷҷуҳи Хонум Ясмин Гуэдар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, пешниҳоду таклифҳои ӯро ҷиҳати такмили мутахассисони ҷавон дар Фаронса ва қабули мутахассисони низоми бонкии Фаронса дар Бонки миллии Тоҷикистон бо хушнудӣ пазируфт.
Шуъбаи матбуоти БМТ
Диданд: 1844
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ