- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
- Таваррум дар моҳи январ0,7%
- 9,5%
- Пулҳои захиравӣ (январ), млрд. сомонӣ22,5
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 05 феврали с.2021)11,00 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (Январ)10,34
- Меъёри фоизӣ дар соли 2021
(% солона) - Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ)8,51
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ)24,04
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ)13,00
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (январ)22,05
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ)21,73
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 09.03.2021 1 USD 11.3045 1 EUR 13.4987 1 RUB 0.1509
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2019
- Соли молиявии 2018
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Вусъат бахшидани ҳамкориҳои дуҷонибаи Бонки миллии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор: Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷиҳад Алвазир
17 апрели соли 2018 дар Дафтари асосии Хазинаи байналмилалии асъор воқеъ дар шаҳри Вашингтони ИМА ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор таҳти роҳбарии Муовини директори Департаменти бозорҳои пулӣ ва сармояи ХБА ҷаноби Ҷиҳад Алвазир мулоқоти корӣ доир намуд.
Дар мулоқоти корӣ ҳайати Бонки миллии Тоҷикистонро Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор Илҳом Раҷабов ва ҳайати ХБА-ро роҳбари Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал ва як қатор намояндагони сохторҳои ХБА ҳамроҳӣ намуданд.
Дар оғози мулоқот Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳамкории Хазинаи байналмилалии асъор бо Бонки миллии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, барои вусъат бахшидани дурнамои ҳамкорӣ дар сатҳи нав изҳори ҳавасмандӣ намуд. Ҷамолиддин Нуралиев дар атрофи масоили пешбурди сиёсати иқтисодии давлат, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати фискалӣ, рушди бахши воқеии иқтисодиёт, таъмини суботи молиявӣ, вазъи низоми бонкии кишвар, татбиқи ислоҳот дар ин самт ва тадбирҳои пешбинишуда қайд карда гузашт. Ҷамолиддин Нуралиев қайд намуд, ки дар натиҷаи андешидани як қатор тадбирҳо бо истифода аз фишангҳои муосири иқтисодӣ нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, аз ҷумла сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда нигоҳ дошта шуд.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи Муовини директори Департаменти бозорҳои пулӣ ва сармояи Хазинаи байналмилалии асъор ҷаноби Ҷиҳад Алвазирро барои татбиқ намудани барномаҳои якҷояи Бонки миллии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор, инчунин мусоидат ба кӯмакҳои техникӣ дар самти татбиқи ислоҳот дар сиёсати монетарӣ, аз ҷумла бо истифода аз фишангҳои муосир бо роҳи гузаштан ба ҳадафгирии таваррумӣ ҷалб намуд.
Дар идомаи мулоқоти корӣ Муовини директори Департаменти бозорҳои пулӣ ва сармояи ХБА ҷаноби Ҷиҳад Алвазир барои ташриф ба Дафтари асосии ХБА ҳайати Бонки миллии Тоҷикистонро хайрамақдам гуфта, ҷиҳати идома ва тавсеа бахшидани ҳамкории ХБА бо Бонки миллии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд.
Муовини директори Департаменти бозорҳои пулӣ ва сармояи ХБА ҷаноби Ҷиҳад Алвазир дар идомаи суханронӣ зикр намуд, ки ХБА омода аст дар оянда ба Бонки миллии Тоҷикистон кӯмаки техникӣ пешниҳод намояд. "Барои ин бахшҳои мушаххаси низоми бонкӣ ва самтҳои асосии фаъолият барои кӯмаки техникиро нишон додан лозим аст. Аз ин рӯ, бо пешниҳод намудани ин номгӯй аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба кӯмаки техникӣ эҳтиёҷ мавҷуд аст, Хазинаи байналмилалии асъор омӯхта, баъдан лоиҳаи кӯмакҳои техникиро таҳия менамояд", - зикр намуд ҷаноби Ҷиҳад Алвазир.
Дар ҷамъбасти мулоқот, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва хеле мусоид баргузор гашт, барои дар оянда тавсеа бахшидани ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногуни низоми бонкӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 2207
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ