Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,1%
  • 7,3%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд сомонӣ
    17,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Октябр)13,06
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 06.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2402.16 2459.53
10 4717.35 4830.01
20 9288.61 9510.44
50 22983.33 23532.21
100 45801.90 46895.73

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Иштироки Ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои ватанӣ дар семинари Хазинаи байналмилалии асъор:"Қатъ гардидани муносибатҳои муросилотии бонкӣ дар мамлакатҳои минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ"

18.04.2018

Ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев ва ташкилотҳои қарзии ватанӣ 18 апрели соли 2018 дар ҷаласаи сатҳи баланд дар мавзӯи “Қатъ гардидани муносибатҳои муросилотии бонкӣ дар мамлакатҳои минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ“, ки бо иқдоми Хазинаи байналмилалии асъор, Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтони ИМА  баргузор гардид, ширкат варзиданд. Дар чорабинии мазкур дар қатори намояндагони низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин, ҳайати ҷумҳуриҳои  Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва намояндагони бонкҳои муросилотии ҷаҳонӣ, институтҳои байналмилалии молиявӣ ва мақомотҳои танзимкунанда иштирок доштанд.

563A3909-1.JPG

Чорабинии мазкурро Муовини Директори Хазинаи байналмилалии асъор Тао Чжан ифтитоҳ намуда, ҳозиринро барои иштирок дар машварати сатҳи баланд хайрамақдам гуфт ва барои ширкати фаъол даъват намуд.

Дар қисмати аввали чорабинӣ  саҳми ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ  ҷиҳати ҳалли мушкилоти муносибатҳои муросилотии бонкии кишварҳо баррасӣ карда шуд. Вобаста ба ин мавзӯъ ва корҳои анҷомдодашуда дар ин самт Муовини Дабири кулли Шӯрои суботи молиявӣ Рупер Торн, сардори хадамоти Департаменти низоми пулию қарзӣ ва бозорҳои сармояи ХБА Анантакришнан Прасад, мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои бахши молияи Бонки Ҷаҳонӣ Эмилӣ ван дер Дус де Виллбуа муаррифии муфассал пешниҳод намуданд.

563A3924-2.JPG

Дар ин қисмат ба кори ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва саҳми онҳо дар мусоидат ба муколамаи байналмилалӣ ва дастгирии мақомотҳои расмии давлатҳо дар таҳкимбахшии сиёсати давлат дар самти коҳиш додани хавфҳои қатъ шудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ ва бартараф намудани оқибатҳои манфӣ баҳодиҳӣ карда шуд. Зимни муҳокимаронӣ масъалаҳои пурзӯр намудани риояи қонунгузорӣ оид ба МҚД/МТ, аз ҷумла, малакаи нозирони комплайнси бонкҳо, мутобиқ намудани фаъолият ба стандартҳои байналмилалӣ ва тавсияҳои ФАТФ, инчунин таҳким бахшидани робитаи бонкҳо бо бонкҳои муросилотии хориҷӣ бо мақсади ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ, вусъат бахшидани назорат аз ҷониби мақоми танзимгар,  таъмини шаффофияти бонкҳо ва ҳифзи амнияти иттилоотӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Вобаста ба ин мавзӯъ дар қисмати мубоҳиса намояндагони низоми бонкии як қатор кишварҳо ба муҳокимаронӣ баромаданд. Аз ҷумла, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев вобаста ба имконияти ХБА дар таҳким бахшидани муколамаи мусоид ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти муносибатҳои муросилотии бонкӣ барои кишварҳои минтақа, инчунин саҳми ширкатҳои консалтингӣ дар таҳкими муносибатҳои муросилотӣ ва имконияти роҳбаладии ХБА барои муколамаи мусоид дар минтақа баҳри рушди иқтисодиёт ва суботи молиявӣ андешаҳои худро баён дошт. Доир ба саҳми институтҳои байналмилалии молиявӣ ва нақши онҳо дар ҳалли мушкилоти муносибатҳои муросилотии бонкӣ, инчунин, Муовини якуми Раиси ҶСК "Ориёнбонк" Шуҳрат Исматуллоев, Раиси ҶСП "Аввалин бонки молиявии хурд" Энтем Гиямшо Лама ба суолҳои худ посух гирифтанд. Дар муҳокимаи мазкур инчунин намояндагони низоми бонкии Ҷумҳурии Озарбойҷон иштироки фаъол дошта, як қатор пешниҳодҳо карданд.  Оид ба пурзӯр намудани муқовимат ба қонунигардонии даромадҳо ва маблағгузории терроризм, (МҚД/МТ СҚО) директори Департаменти мониторинги молиявӣ Файзулло Файзуллозода муаррифии муфассалро пешниҳоди ҳозирин гардонид.

563A3915-3.JPG

Ба иштирокдорони семинар инчунин муаррифии намояндаи ХБА оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал дар мавзӯи "Мушкилоти қатъ шудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ дар минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ" бо таҳлили васеъ пешниҳод гардид.

Дар идомаи кори семинар иштирокдорон тағйиротҳои минтақавӣ дар соҳаи муносибатҳои муросилотии бонкӣ ва қувваҳои асосиро баррасӣ намуда, натиҷаи тадқиқот оид ба мушкилоти қатъ шудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ, аз ҷумла, табодули таҷрибаи иштирокдоронро дар хусуси ба амал омадани як намуди ҷунбиш дар кишварҳои худ муҳокима намуданд.

563A3929-4.JPG

Дар қисмати дигари ҷаласа қарорҳо дар заминаи бахши хусусӣ, муколамаи байни бонки муросил бо бонки респондент дар бораи қарорҳои мушаххаси соҳа баҳри беҳбудии раванди мушаххас (идентификатсия) кардани муштариён, санҷиш ва табодули маълумот дар бораи муштариён ва бенефитсиарҳои онҳо мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар рафти муҳокима пайомадҳои эҳтимолӣ, муҳлати амалӣ шудани қарорҳо ва монеаҳо дар қабули қарорҳои соҳа баррасӣ гардид.

Дар хотима, барои хулосаҳои асосӣ ва мулоҳизаҳои ниҳоӣ сухан ба Директори Департаменти ХБА оид ба Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Ҷиҳад Азур дода шуд. Ҷиҳад Азур ба иштирокдорон барои ширкати фаъолона дар муҳокимарониҳо изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки “кор дар самти муносибатҳои муросилотии бонкӣ идома дода мешавад ва ҳар як муҳокимароние, ки барпо шуд, бояд дар амал татбиқ карда шавад. Ҳамин тариқ, муколамаи байни бонкҳои муросил ва бонкҳои респондент бо мақсади ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотии бонкӣ идома меёбад ва ҳар як иштирокчӣ дар ин самт бояд саҳмгузорӣ намуда, барои ноил шудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ тамоми талаботҳои заруриро иҷро намояд. Барои ба даст овардани маълумоти боз ҳам мукаммал дар атрофи масъалаҳое, ки дар кори семинар баррасӣ шуд, тадқиқоти иловагӣ доир карда мешавад ва дар дурнамо самтҳои асосӣ барои татбиқи муносибатҳои муросилотии бонкӣ муайян хоҳад шуд”.

563A3952-5.JPG

Қобили қайд аст, ки дар ҷаласаи сатҳи баланд дар мавзӯи “Қатъ гардидани муносибатҳои муросилотии бонкӣ дар мамлакатҳои минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ“ ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев ва намояндагони як қатор бонкҳои ҷумҳурӣ, аз қабили БДА ҶТ "Амонатбонк", ҶСК "Ориёнбонк", ҶСК "Спитаменбонк", ҶСК "Эсхата", ҶСП "Аввалин бонки молиявии хурд", ҶСК "Соҳибкорбанк", ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" ва ҶДММ ТАҚХ "Арванд" ширкат варзиданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 1280

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4765 (54.97%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2090 (24.11%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        824 (9.51%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5837 (67.33%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1356 (15.64%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        313 (3.61%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ