Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,1%
  • 7,3%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд сомонӣ
    17,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Октябр)13,06
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 12.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2392.09 2449.22
10 4697.21 4809.39
20 9248.32 9469.19
50 22882.61 23429.09
100 45600.45 46689.47

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Раванди имрӯзаи тағйирот дар бозори дохилии асъор қӯтоҳмуддат арзёбӣ гардида, аз вазъи геосиёсии ҷаҳон вобаста мебошад

26.04.2018

Ба маълумоти ВАО расонида мешавад, ки Бонки миллии Тоҷикистон қурби хариду фурӯши доллари ИМА ва рубли русии нақдро барои ташкилотҳои қарзӣ муайян намекунад. Қурби аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайянкардашаванда, қурби расмии ин асъорҳои хориҷӣ буда, онҳо танҳо бо мақсади ҳисоббаробариҳо бо буҷет, пардохтҳои гумрукӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ истифода шуда, бо ин қурб хариду фурӯш анҷом дода намешавад.

Қурби хариду фурӯш ва табдили асъори хориҷии нақд аз ҷониби худи ташкилотҳои қарзӣ, дар асоси талабот ва пешниҳод дар бозори дохилӣ, бо назардошти хароҷотҳои нақдикунонӣ ва амалиётии ташкилотҳои қарзӣ муқаррар карда мешавад ва аз қурби расмии ин асъорҳои хориҷӣ фарқ мекунад.

Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи “Дурнамои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 ва давраи миёнамуҳлат”, дар соли ҷорӣ бо дарназардошти гузариш ба реҷаи “ҳадафгирии таваррум” дар амалӣ гардонидани сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати қурбии ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” асосёфтаро, амалӣ карда истодааст.

Тибқи ин реҷа, қурби пули миллӣ дар асоси таносуби талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ муқаррар мегардад. Талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ бештар хусусияти мавсимӣ дошта, ҳамеша дар оғози сол талабот ба хариди он зиёд ва пешниҳоди он барои фурӯш кам мешавад. Коҳишёбии қурби пули миллӣ ва баландшавии қурби асъори хориҷӣ, бахусус, қурби доллари ИМА-и нақд асосан зери таъсири ҳамин омил сурат мегирад.

Дар моҳҳoи январ-апрели соли 2018 қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА устувор боқӣ монда, ҳамагӣ 0,8 фоиз коҳиш ёфтааст (дар ҳамин давраи соли 2017 коҳишёбӣ ба 7,6 фоиз баробар буд).

Айни замон, қурби фурӯши доллари ИМА-и нақд дар бозори ғайрирасмӣ 3,1 фоиз, асосан дар нимаи дуюми моҳи апрел баланд шудааст (дар ҳамин давраи соли 2017 баландшавӣ ба 12,0 фоиз баробар буд).

Дар санаи 26.04.с.2018 фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби нақдии бозори ғайрирасмӣ ба 3,2 фоиз (дар ҳамин давраи соли 2017 ба 4,6 фоиз) баробар шудааст.

Баландшавии қурби доллари ИМА-и нақд ва аз 2 фоиз зиёд шудани фарқияти байни он ва қурби расмии доллари ИМА ва номуътадил гаштани вазъи бозори дохилии асъор дар нимаи дуюми моҳи апрели соли 2018, бинобар сабаби яку якбора паст рафтани қурби рубли русӣ нисбати доллари ИМА дар ин рӯзҳо (то 11,2 фоиз) ва таъсири омилҳои мавсимӣ ба амал омад.

Аз эътидол берун паст рафтани қурби рубли русӣ нисбати доллари ИМА ба бадтар шудани вазъи геосиёсии ҷаҳон, бинобар афзудани зиддиятҳои Федератсияи Русия бо мамлакатҳои ғарб ва ҷорӣ гаштани таҳримҳои нав, алоқаманд аст.

Мубодилаи рубли русӣ ба доллари ИМА яке аз манбаъҳои асосии дарёфт кардани асъори хориҷии озод мубодилашаванда маҳсуб гашта, устувор будани қурби он ба ташкилотҳои қарзӣ имконият медод, ки муназзам доллари ИМА-ро бо қурби қобили қабул аз бозорҳои Русия харидорӣ карда, талаботи мизоҷонашонро ба он қонеъ намоянд.

Мавҷудияти ҳамин механизм яке аз омилҳои асосии муътадил будани вазъи бозори дохилии асъор ва суботи қурби пули миллӣ дар нимаи дуюми соли 2017 ва семоҳаи якуми соли 2018 ба ҳисоб меравад. Тағйирёбии якбораи қурби рубли русӣ дар чанд рӯзи охир фаъолияти низоми мазкурро ҳалалдор намуда, боиси ба маротиб зиёд гаштани талабот ба доллари ИМА-и ғайринақдӣ аз ҷониби мизоҷони ташкилотҳои қарзӣ - субъектҳои хоҷагидорӣ (аз 16,6 млн. то ба 21,1 млн. доллари ИМА) ва чун натиҷа, ба доллари ИМА-и нақд аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ва аҳолӣ гашт.

Ҳолати мазкур ва инчунин таъсири омили равонӣ, дар навбати худ ба фаъол гаштани бозори ғайрирасмии асъор, баланд шудани қурби фурӯши доллари ИМА-и нақд дар он ва аз 2 фоиз зиёд шудани фарқияти байни қурбҳо сабаб гашт.

Тағйирёбии қурби пули миллӣ дар рӯзҳои охир хусусияти бараълои мавсимӣ дошта, ба вазъияти дар моҳи апрели соли 2017 ҷой дошта, шабоҳати зиёде дорад. Фарқият танҳо дар он аст, ки дар соли 2017 коҳишёбии қурби пули миллӣ ва фарқияти аз 2 фоиза зиёди байни онҳо аз аввали сол оғоз гашта, аз коҳишёбии имсолаи моҳи апрел ба маротибаҳо зиёдтар буд.

Дар соли 2018 Бонки миллии Тоҷикистон бо дарназардошти устувории вазъи бозори дохилӣ ва мутавозун будани талаботу пешниҳод ба асъори хориҷӣ, бо истифода аз механизми мутамаркази хариду фурӯши рубли русӣ, фаъолияти онро ба танзим медарорад.

То санаи 26.04. соли 2018 Бонки миллии Тоҷикистон аз бозори дохилӣ (байнибонкӣ) 21,7 млрд. рубли русӣ харидорӣ ва дар он 19,9 млрд. рубли русиро фурӯхта, дар бозори беруна амалиётҳои вогардонии (конверсияи) асъори хориҷиро анҷом дода истодааст.

Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади танзими ҳаҷми пули миллии дар муомилотбуда, ҳамарӯза амалиёти барориши (фурӯши) қоғазҳои қиматноки худро анҷом дода истодааст (аз аввали сол ба маблағи 5,3 млрд. сомонӣ).

Бо назардошти мусбат будани нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ба тағйирёбии қурби пули миллӣ таъсиррасонанда, раванди имрӯзаи ноустувории қурби пули миллӣ қӯтоҳмуҳлат арзёбӣ гардида, бо барқароршудани фаъолияти муназзами механизми мубодилаи рубли русӣ ва оғози дахолатҳои асъории бевосита бо назардошти имкониятҳои мавҷудбуда Бонки миллии Тоҷикистон (фурӯши доллари ИМА дар бозори байнибонкӣ), бартараф хоҳад шуд.


Шуъбаи матбуот


Диданд: 1208

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4768 (54.50%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2155 (24.63%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        833 (9.52%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5859 (66.97%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1362 (15.57%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        315 (3.60%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ