Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи июн
    -0,5%
  • 9,0%
  • Пулҳои захиравӣ (июн), млрд. сомонӣ
    23,1
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 28 апрели с.2021)12,00
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (июн)11,01
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-июн)
    10,05
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-июн)
    23,86
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-июн)
    12,30
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (июн)
    22,16
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ-июн)
    21,07




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.07.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3 370.94 3 451.45
10 6 654.91 6 813.84
20 13 163.73 13 478.10
50 32 671.13 33 451.37
100 65 177.49 66 734.05

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Июл      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31 1
  • Яндекс.Метрика

Ахбор

30.04.2009 Дар бозори нақдӣ қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА аз 4,15 то 4,12 сомонӣ поин рафт

30 апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи анҷом додани амалиётҳои фурӯши асъори хориҷӣ аз ҷониби бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон дар бозори дохилии асъор, қурби миёнаи нақдинаи хариду фурӯши доллари ИМА аз 4,15 то 4,12 сомонӣ паст гардид. Илова бар ин, инчунин раванди зиёд шудани талабот ба сомонӣ барои анҷом додани пардохтҳои ҷорӣ мушоҳида мешавад.

29.04.2009 Тангаи БМТ дар озмун ширкат меварзад

Аз 15 апрели соли равон овоздиҳии интернетӣ аз рӯи озмуни “Монетное созвездие – 2009”, ки аз ҷониби нашриёти “Уотер Марк” –ношири маҷалла дар бораи бозори тангаҳои хотиравӣ «Золотой червонец” ва маҷалла оид ба маҳсулоти ҳимоявӣ «Водяной знак» созмон дода шудааст, оғоз ёфт. Дар озмуни номбурда тангаҳои Бонкҳои марказӣ ва Сиккахонаҳои 21 мамлакати дунё ба маърази тамошобинон гузошта шудаанд. Кори озмун то 31 майи соли 2009 идома меёбад.

28.04.2009 Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА тамоюли баландшавӣ дошт

Дар давоми рӯзҳои охир қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА тамоюли баландшавӣ дошт ва ба ҳисоби миёна 4,0850-4,1050 сомониро ташкил дод. Ҳамчунин қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти рубли русӣ ва евро низ тағйир ёфтанд ва мутаносибан 0,1179-0,1203 ва 5,1985-5,2019 сомониро ташкил доданд.

22.04.2009 Бонки миллии Тоҷикистон: Натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2009

Масъалаҳои муҳими низоми бонкдорӣ, инкишофи иқтисоди кишвар ва проблемаҳои дигари соҳа дар нишасти матбуотии навбатии Бонки миллии Тоҷикистон, ки 22 апрели соли 2009 барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ баргузор гардид ва он ба натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2009 бахшида шуда буд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар вохӯрии мазкур аъзои раёсати БМТ, роҳбарият ва сардорони Идораю шӯъбаҳои бонк ширкат варзиданд.

22.04.2009 Шарҳи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба аудити махсуси он

Аудити махсус мутобиқи барномаи молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати байналмилалии “Earnst & Young”, ки онро Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси озмун аз байни чандин ширкати бонуфузи ҷаҳонӣ интихоб намуд, гузаронида шуд.

17.04.2009 Ҳолати қурбҳои асъори хориҷӣ дар бозори дохилии асъор

Дар давоми чанд рӯзи охири соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА ба якчанд банд зиёд шуда, ба ҳисоби миёна дар шаҳри Душанбе 3,8950 – 3,9250 сомониро ташкил дод. Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бошад, баръакс аз 3,8858 то 3,8721 сомонӣ поин рафт.

10.04.2009 Шумораи ташкилотҳои қарзӣ зиёд шуданд.

Дар интиҳои семоҳаи аввали соли равон дар кишвар 121 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 12 бонк, 7 ҷамъияти қарзӣ, як ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ ва 101 ташкилотҳои маблағгузории хурд фаъолият мекарданд. Дар ҳамин давра шумораи бонкҳо, ҷамъиятҳои қарзӣ, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ тағйир наёфта, теъдоди ташкилотҳои маблағгузории хурд 8 адад зиёд гардиданд.

10.04.2009 Афзоиши сармояи ташкилотҳои қарзӣ идома дорад

Сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ (бонкҳо, ҷамъиятҳои қарзӣ, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд) дар маҷмӯъ, ба ҳолати интиҳои семоҳаи аввали соли равон ба 1 089 млн. сомонӣ баробар шуд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 42,3% зиёдтар аст.


Ахбор 4313 - 4320 аз 4435
Аввал | Пешӣ | 538 539 540 541 542 | Баъдӣ | Охир Ҳамаи саҳифаҳо
  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ