Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи ноябр
    0,6%
  • 7,5%
  • Пулҳои захиравӣ (ноябр), млрд сомонӣ
    18,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Ноябр)12,96
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 13.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2402.32 2459.69
10 4717.66 4830.33
20 9289.23 9511.07
50 22984.87 23533.79
100 45804.97 46898.88

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ҳисси ватандӯстӣ барои ҷавонон

27.04.2018

26 апрели соли 2018 бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ бо иштироки муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Марҳабо Олимӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

563A6546.JPG

Ҷаласаро муовини раиси Шӯрои бонувони Бонки миллии Тоҷикистон Гулнора Саломова ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи таҳкими мақом ва таъмини ҳуқуқи конститутсионии занон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат пайваста тадбирҳои судманд меандешад.

“Бо шарофати чунин ғамхорӣ метавон гуфт, ки имрӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон занону духтарон аз корманди оддӣ то ба вазифаҳои пурмасъули Муовини Раис ва сардорони идораю шуъбаҳои мустақил мақому мартаба доранд. Маҳз ҳамин иқдом аст, ки аз ҳайати умумии кормандон 31 фоизро бонувон ташкил медиҳанд. Теъдоди занони роҳбарикунанда бошад, дар Бонки миллии Тоҷикистон 23 фоизро дар байни кормандони роҳбарикунанда дар бар мегиранд”,- қайд намуд Гулнора Саломова.

563A6521.JPG

Муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Марҳабо Олимӣ суханронӣ намуда, диққати иштирокдоронро ба чанд масъала, ташаккули заминаҳои қонунгузорӣ дар самти таъмини баробарии ҳуқуқи занон ва мардон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарон, роҳҳои пешгирии андешаҳои бегонапарастии ҷавонон ва татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҷалб намуд.

Аз ҷумла, Латифзода Марҳабо Олимӣ қайд кард, ки риояи талаботи қонунҳои мазкур бо такя ба сиёсати оқилонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гашта, ба суботи иҷтимоиву ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат менамоянд.

563A6566.JPG

“Пешвои муаззами миллат ҳамеша даъват менамоянд, ки дар баробари анъанаҳо ва арзишҳои миллӣ, ҳамчунин ба арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили фарҳанг ва дӯстии миёни халқҳо арҷ гузошта шавад. Бо назардошти оромиву суботи иқтисодиву сиёсии кишвар бо изҳори қаноатмандӣ метавонам бигӯям, ки аксарияти ҷавонони кишвар имрӯзҳо ҷонибдории худро ба сиёсати созандаи Сарвари давлатамон баён менамоянд, ки боиси фараҳмандист”,- изҳор дошт Латифзода Марҳабо Олимӣ

Дар қисмати муҳокимаронӣ Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди омӯзиш қарор гирифта, қайд гардид, ки аҳли нишаст, хусусан занону модарон дар таълиму тарбияи фарзандон, аз ҷумла, роҳ надодан ба тақлидкории бонувон ба фарҳанги бегона ва пешгирии майли ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, насли ҷавонро дар рӯҳияи муносибати хубу ҳамдигарфаҳмӣ, ватандӯстӣ ва меҳрубониву ғамхорӣ нисбати аъзоёни оила бояд тарбия намоянд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 992

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4770 (54.38%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2171 (24.75%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        837 (9.54%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5862 (66.83%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1366 (15.57%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        316 (3.60%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ