- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
- Таваррум дар моҳи декабр0,2%
- 4,2%
- Пулҳои захиравӣ (декабр), млрд. сомонӣ38,4
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 01 ноябри с.2022)13,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (декабр)11,49%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2022
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-декабр)10,43 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-декабр)23,34 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-декабр)16,15 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (декабр)19,97 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (декабр)17,57 %
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 03.02.2023 1 USD 10.3105 1 EUR 11.3426 1 RUB 0.1460
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2021
- Соли молиявии 2020
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Пардохтҳои андозӣ тавассути кортҳои пардохтии низоми пардохтии “Корти миллӣ” ба таври онлайн амалӣ мешаванд
Таҳти сарпарастии Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ лоиҳаи муштарак ҷиҳати роҳандозӣ намудани қабули андозҳо ба таври ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ тавассути шабакаи Интернет амалӣ гардид.
Татбиқи лоиҳаи мазкур ба дорандагони кортҳои пардохтӣ имконият медиҳад, ки минбаъд маблағҳои андозиро ба таври ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои муосири электронӣ пардохт намоянд. Инчунин, татбиқи Интернет-эквайринг имконият медиҳад, ки андозсупорандагон тавассути сомонаи Кумитаи андоз дар шабакаи Интернет андозҳоро ба таври ғайринақдӣ пардохт намоянд.
Бо роҳандозӣ намудани иқдоми мазкур шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ имкон пайдо карданд, ки 24 соат дар як шабонарӯз ва 7 рӯз дар як ҳафта тамоми намуди андозҳоро бе ташриф овардан ба марказҳои хизматрасонии бонкӣ пардохт намоянд. Ба ҳолати имрӯза шумораи андозсупорандагон аз ҳисоби шахсони воқеӣ 4 млн. адад ва соҳибкорони инфиродӣ беш аз 270 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Дар баробари ин, дорандагони кортҳои пардохтии НП “Корти миллӣ” беш аз 1,4 млн. нафар буда, 83 фоиз аз шумораи умумии дорандагони кортҳои пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
Пардохти андозҳо ба тариқи онлайн дар сомонаи Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ бо нишони – www.andoz.tj дастрас мебошад. Муштариён ба қисмати дахлдори сомона ворид мешаванд, рақами мушаххаси андозсупорандаро (РМА)-ро ҳуруфчин намуда, намуди андоз ва маблағи пардохтшавандаро интихоб мекунанд. Сипас мушаххасоти корти пардохтиро ворид карда, пардохтро тасдиқ менамоянд. Дар давоми рӯз тамоми пардохтҳо дар реҷаи онлайн коркард мешаванд ва пардохтҳое, ки дар вақти ғайрикорӣ иҷро мегарданд, дар рӯзи минбаъда коркард мешаванд.
Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи андоз ва ташкилотҳои қарзӣ дар ҳамкорӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро вусъат бахшида, дар баробари ин барои беҳтар кардани сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои мусоир мусоидат намоянд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 4470
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ