Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Посух ба суолҳои хабарнигори рӯзномаи “Садои мардум” Хуршед Ховарӣ

21.05.2018

1. Ҳаҷми қарзҳо дар бонкҳои кишвар ба ҳолати 31 марти соли 2018 бақияи сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзӣ (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ) тибқи ҳисоботҳои молиявии онҳо маблағи 8 118,3 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки дар ин давра ба 241 125 адад суратҳисобҳои муштариён рост меояд.

Қайд кардан зарур аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии бахши воқеии иқтисодиёт, зиёд намудани қарздиҳӣ ва паст кардани фоизи қарзҳо пайваста ба ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ тавсия медиҳад, ки ҷиҳати ҷалби маблағҳои қарзии дарозмуддат бо фоизҳои нисбатан паст ва пешниҳоди онҳо ба соҳаҳои истеҳсолии иқтисодиёт, аз ҷумла ба соҳибкории хурду миёна тадбирҳои мушаххас андешанд.

Илова бар ин, Бонки миллии Тоҷикистон барои бартараф кардани мушкилиҳои ҷойдошта, аз ҷумла баргардонидани қарзҳои ғайрифаъол чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

2. Пасандозҳои маҷмӯии ташкилотҳои қарзӣ дар санаи 31 марти соли соли 2018 маблағи 9 072,6 млн. сомониро ташкил намуда, ки дар ин давра ба андозаи 2 417 212 адад суратҳисобҳои муштариёни пасандозӣ рост меояд.

Дар баробари ин, илова намудан лозим аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои мукаммал намудани заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзиму назорати низоми бонкӣ ва ҷалби бештари амонатҳои аҳолӣ чораҳои лозима андешида истодааст.

3. Тибқи ҳалномаҳои Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 3 марти соли 2017 аризаи Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи муфлис эълон кардани ҶСП БСТ ТИСТ “Тоҷпромбонк” ва ҶСК "Фононбонк" қонеъ карда шуда, дар бонкҳои мазкур мудирони махсус таъин карда шуд.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ”, аз лаҳзаи таъин шудани мудири махсус ваколатҳои мақомоти идораи ташкилоти қарзӣ (маҷлиси умумии саҳмиядорон, шӯрои нозирон, раёсат, раис) ба мудири махсус мегузаранд ва ӯ ягона намояндаи қонунии ташкилоти қарзӣ ба ҳисоб меравад.

Вазифаи асосии мудири махсус ба манфиати қарздеҳон ситонидан ва бегона кардани (фурӯхтани) дороиҳои ташкилоти қарзӣ ва тақсими маблағҳо бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур мебошад.

Ғайр аз ин, талаботи ҳар як пасандоздор шахси воқеӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” аз ҷониби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҷуброн карда шуда, боқимондаи талаботи пасандоздорон аз ҳисоби дороиҳо ва моликияти бонкҳои номбурда қонеъ мегарданд.

4. Айни замон қайд кардан зарур аст, ки тибқи ҳисоботҳои мудирони махсус бақияи амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бо назардошти фоизҳо ба санаи ҳисоботӣ маблағи 277,9 млн. сомониро ташкил медиҳад ва дар ин давра амонатҳо ба маблағи 101,8 млн. сомонӣ (ба 2 279 адад пасандоздор) пардохт карда шудаанд.

Дар доираи ҳисоботҳои молиявӣ қайд кардан зарур аст, ки бақияи қарзҳои ғайрифаъоли низоми бонкӣ ба санаи 31 марти соли 2018 маблағи 2 715,2 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1 338,9 млн. сомонӣ ё 33% кам шудааст.


Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 2172

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ