Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,1%
  • 7,3%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд сомонӣ
    17,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Октябр)13,06
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 10.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2387.69 2444.71
10 4688.40 4800.37
20 9230.72 9451.16
50 22838.59 23384.02
100 45512.42 46599.34

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Ҷаласаи 28-уми Пленарии Гурӯҳи Авросиё оид ба МҚД/МТ ва Ҷаласаи 11-уми Шӯрои Роҳбарони Воҳидҳои кашшофии молиявии давлатҳои аъзои ИДМ

28.05.2018

Аз 22 то 26 майи соли 2018 дар ш. Нанкин (Ҷумҳурии Мардумии Чин) ҷаласаи 28-уми Пленарии Гурӯҳи Авросиё (ГАО) оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) ва ҷаласаҳои Гурӯҳҳои кории ташкилоти мазкур баргузор гардид. Дар чорабинии зикргардида, ҳайатҳои давлатҳои-аъзоёни ГАО, аз ҷумла Белорус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, инчунин намояндагони як қатор кишварҳои дигар ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар ГАО мақоми мушоҳидро соҳиб мебошанд, ширкат варзиданд.

Ҷаласаи 28-уми Пленарии ГАО аз ҷониби Раиси Гурӯҳ хонум Сзинхуа ХАО (Ҷумҳурии Мардумии Чин) роҳбарӣ карда шуд. Бо сухани ифтитоҳӣ дар ҷаласа муовини Раиси Бонки Мардумии Чин Лиу Луосин ва Муовини губернатори музофоти Сзинхуа Лиу Ян баромад намуданд.

Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои-аъзои ГАО дар ин чорабинӣ ширкат варзида, аз шахсони зерин иборат буд:

1. Ватанзода М.М. - Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ (Роҳбари ҳайат);
2. Назарзода Х. - Муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3. Икромӣ С.С. - Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон;
4. Идрисзода И. - Муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5. Файзуллозода Ф. - Директори Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон.

Инчунин, дар қатори ҳайати расмӣ намояндагони Вазорати адлия, Вазорати молия, Вазорати корҳои дохилӣ ва Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаҳои кории Гурӯҳи мазкур ширкат варзиданд.

_DSC1072.jpg

Дар рафти ҷаласаи Пленарӣ як қатор масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифта, нисбати онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд, аз ҷумла:

1. Ба Кумитаи Шӯрои Бехатарии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) мақоми мушоҳид дар Гурӯҳи Авросиё дода шуд;

2. Масъалаҳо марбут ба фаъолияти амалии давлатҳои-аъзои ГАО дар самти мубориза ба маблағгузории терроризм мавриди баррасӣ қарор дода шуда, афзалияти вазифаҳо барои мубориза бо терроризм ва маблағгузории он қайд гардиданд;

3. Ҳисоботи типологӣ дар мавзӯи “Ошкор намудани шахсоне, ки бо ташкилотҳои террористӣ тавассути харидорӣ намудани чиптаҳои ҳавопаймоӣ барои террористон-ҷанговарон ҳамкорӣ менамоянд” тасдиқ гардид. Ҳисоботи мазкур дар сомонаи ГАО ҷой дода мешавад;

4. Иштирокчиёни ҷаласа ҳисоботро оид ба фаъолияти ГАО барои соли 2017 ва буҷети ГАО барои соли 2019 дастгирӣ намуданд;

5. Ҳамкорӣ бо Гурӯҳи Осиё ва Уқёнуси ором дар қисмати гузаронидани тадқиқотҳои типологӣ оид ба ҚД/МТ муҳим арзёбӣ гардид;

6. Масъалаҳо марбут ба ҳамоҳангсозии ёрии техникӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, баргузории вохӯрии минтақавии донорҳо дастгирӣ ёфтанд.

7. Маълумот оид ба тағйирот ба қонунгузории миллии давлатҳои-аъзои ГАО дар самти МҚД/МТ/МПСҚО ва гузаронидани Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм пешниҳод гардид.

Дар рафти Ҷаласаи Пленарӣ дар қатори масъалаҳои болозикр натиҷаи баҳодиҳии тарафайни низоми МҚД/МТ-и Ҷумҳурии Қирғизистон баррасӣ гардид.

Snimok_2.PNG

Ҳисобот оид ба натиҷаи баҳодиҳии тарафайни Ҷумҳурии Қирғизистон дар доираи даври дуюми баҳодиҳии тарафайни ГАО аз ҷониби ҷаласаи Пленарӣ тасдиқ гардид. Ҷумҳурии Қирғизистон нахустин давлате мебошад, ки аз давраи дуюми баҳодиҳии тарафайн мутобиқи стандартҳои нави Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) гузаштааст.

Мутобиқи тартиботи гузаронидани баҳодиҳии тарафайни ГАО Ҷумҳурии Қирғизистон вазифадор гардид, ки дар ҷаласаи 30-юми Пленарии ГАО, ки моҳҳои май-июни соли 2019 баргузор хоҳад гашт, ҳисоботро оид ба пешрафт манзур намояд. Пас аз анҷом ёфтани тартиботи ФАТФ оид ба таҳлили сифат ва мутобиқатӣ Ҳисобот оид ба натиҷаҳои баҳодиҳии тарафайни Ҷумҳурии Қирғизистон дар сомонаи ГАО ҷойгир карда мешавад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки айни замон марҳилаи дуюми баҳодиҳии тарафайни низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ГАО амалӣ гашта истодааст. Аз ин лиҳоз, иштироки намояндагони мақомоти кишвар дар ин ҷаласа таҷрибаи ғайричашмдошт мебошад.

Тибқи Тартиботи гузаронидани баҳодиҳии тарафайни аз ҷониби ГАО тасдиқшуда, дар ҷаласаи Пленарии ояндаи Гурӯҳи мазкур натиҷаҳои баҳодиҳии тарафайни низоми МҚД/МТ/МПСҚО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт. Вобаста ба ин, омодагии ҳамаҷонибаи мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати баррасии ин масъала дар Ҷаласаи навбатии ГАО муҳим мебошад.

Инчунин, маълумоти иловагӣ аз натиҷаи ҷаласаи 28-уми Пленарӣ дар сомонаи расмии ГАО гузошта шудааст (www.eurasiangroup.org).

Ғайр аз ин, аз 21 то 23 май Ҷаласаи Гурӯҳҳои кории Ҷаласаи 11-уми Шӯрои Роҳбарони Воҳидҳои кашшофии молиявии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустаъқил (ИДМ) баргузор гардид.

IMG_0124.jpg

Дар чорабиниҳо намояндагони Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ф. Файзуллозода –Директори Департамент ширкат варзиданд.

Тибқи натиҷаи фаъолият, як қатор Қарорҳо, ки ба фаъолияти амалии ояндаи Шӯро тааллуқ доранд, ба имзо расиданд. Бояд қайд кард, ки дар ҷаласаи Шӯрои мазкур бори нахуст Мақомоти кашшофии молиявии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Мавлонов А.Ю. – Сардори Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои андоз ва асъорӣ ва қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоврадаи назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба наздикӣ ба аъзогӣ пазируфта шуданд, иштирок намуданд.

Департаменти мониторинги молиявӣ


Диданд: 1268

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4767 (54.88%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2102 (24.20%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        826 (9.51%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5848 (67.32%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1357 (15.62%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        314 (3.61%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ