- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
- Таваррум дар моҳи октябр0,1%
- 7,3%
- Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд сомонӣ17,7
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат7% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 02 декабри с.2019)12,25 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнаи коғазҳои
қиматноки БМТ (Октябр)13,06
- Меъёри фоизӣ дар соли 2019
(% солона) - Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)10,40
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)22,45
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)19,39
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)21,77
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)22,51
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 11.12.2019 1 USD 9.6920 1 EUR 10.7436 1 RUB 0.1520
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2018
- Соли молиявии 2008
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Вохӯрӣ бо намояндагони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар доираи мизи мудаввар дар мавзӯи “Низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО”
30 маӣи с. 2018 дар бинои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва масъулини Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон сурат гирифт.
Ҷаласа бо сухани ифтитоҳӣ аз ҷониби м. Фақеров Ҳ.Н. – Ректори Донишгоҳ оғоз гардида, мутобиқи рӯзнома аз ҷониби намояндагони Департамент, аз ҷумла, Директори Департамент Файзуллозода Ф. баромад, муаррифнома дар мавзӯи “Низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” (минбаъд - МҚД/МТ/МПСҚО) ва як қатор наворҳои видеоӣ доир ба масъалаҳои марбут ба пешгирии терроризм, ифротгароӣ, истифодаи ғайримақсадноки низоми молиявии кишвар, ва инчунин истилоҳи “қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда” ба ҳозирин пешниҳод гардид.
Дар доираи суханронии худ, Фақеров Ҳ.М. намояндагони Департаментро бо хушнуди пазируфта, миннатдории худро ба Директори Департамент Файзуллозода Ф. барои омода намудани баромад ва муаррифнома баён намуд. Пас аз анҷоми суханронии Фақеров Ҳ.М., Файзуллозода Ф. ба масъулини Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон нисбати вазъи ҳасосӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки аз таҳдидҳои амалҳои ба мисли терроризм, ифротгароӣ ва қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда бармеоянд, ҳарф зад.
Қобили қайд аст, ки ба ҳозирин наворҳои видеоӣ дар мавзӯҳои мухталиф, аз ҷумла, пешгирии терроризм, ифротгароӣ, истифодаи ғайримақсадноки низоми молиявии кишвар, ва инчунин истилоҳи “қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда” пешкаш гардид.
Файзуллозода Ф. ҳозиринро бо вазъи кунунӣ дар самти мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуб ба мисли терроризм ва ифротгароӣ ошно сохта, қайд намуд, ки масъалаи таҳия намудани стандарти таълимии “Бехатарии иқтисодӣ” ва омода намудани мутахассисони баландихтисос дар самти МҚД/МТ/МПСҚО талаботи замон мебошад. Ҳамзамон, дар доираи чорабинии мазкур аз ҷониби мутахассиси Департамент муаррифнома дар мавзӯи “Низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО” мавриди пешниҳод қарор гирифта, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ҷалб намуд.
Пас аз анҷом ёфтани баромади намояндагони Департамент, сухан ба масъулини Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, аз ҷумла, Декани факултаи “Молия ва Фаъолияти бонкии” Донишгоҳ Қурбонов А.Р. ва мудири Шуъбаи робита бо ҷомеа, доктори илмҳои иқтисодӣ (PhD) Исупова Б.Ф. пешниҳод гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Қурбонов А.Р. доир ба масъалаи таҳия намудани стандарти таълимӣ “Бехатарии иқтисодӣ” фикрҳои худро иброз намуда, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба курси омӯзишии аз ҷониби Маркази байналмилалии омӯзиши-методии мониторинги молиявии Федератсияи Русия ташкилгардида ҳарф зад.
Дар баробари ин, Исупова Б.Ф. дар рафти суханронии худ доир ба муҳим будани масъалаи таҳия намудани стандарти давлатии таълимии “Бехатарии иқтисодӣ”, маълумоти мухтасарро нисбати фаъолияти Донишгоҳ ва факултаҳои он пешниҳод намуд. Инчунин, Исупова Б.Ф. барои пешбурди фаъолият дар самти пурзӯр намудани низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО тариқи омода гардидани мутхассисҳои баландихтисос як қатор пешниҳодҳоро манзури ҳозирин намуд.
Аз ҷумла, пешниҳод гашт, ки бо дастгирии бевоситаи Бонки миллии Тоҷикистон дар симои Департаменти мониторинги молиявӣ масъалаи омода ва такмили ихтисосӣ мураттибон дар самти МҚД/МТ мувофиқи мақсад мебошад. Ҳамзамон, Исупова Б.Ф. пешниҳод намуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон ба таври санҷишӣ мавриди амал қарор додани ихтисоси “Таҳлили хавфҳо ва бехатарии молиявӣ” дар заминаи факултаи “Молия ва Фаъолияти бонкӣ” лозим арзёби гардид.
Дар интиҳои вохӯрӣ Файзуллозода Ф. ба ҳозирин барои иштирок дар чорабинӣ миннатдории худро баён намуда, масъулини соҳаро барои ҳамкории минбаъда бо Департаменти мониторинги молиявии назди бонки миллии Тоҷикистон даъват кард. Дар навбати худ намояндагони Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон ба масъулини Департамент арзи сипос изҳор намуда, омодагии худро баҳри рушди минбаъдаи низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО ва таҳияи стандарти давлатии таълимии “Бехатарии иқтисодӣ” мавриди баён қарор дод.
Департаменти мониторинги молиявӣДиданд: 1024
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ
-
-
НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
-
СУОЛИ РӮЗ
Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?-
Ба ман фарқ надорад;
4768 (54.55%) -
Не, аз он ягон фоида нест;
2151 (24.61%) -
Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
829 (9.48%)
-
Ба ман фарқ надорад;
-
Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
-
Не, муроҷиат накардам;
5855 (66.98%) -
Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
1360 (15.56%) -
Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
314 (3.59%)
-
Не, муроҷиат накардам;
-