Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи апрел
    2,2%
  • 10,6%
  • Пулҳои захиравӣ (апрел), млрд. сомонӣ
    18,6
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 майи с.2020)11,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (апрел)12,18
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-апрел)
    11,11
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-апрел)
    23,88
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-апрел)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (апрел)
    21,89
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-апрел)
    20,97




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.05.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2945.70 3016.05
10 5804.43 5943.06
20 11462.78 11736.53
50 28418.74 29097.43
100 56672.72 58026.16

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Май      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    27 28 29 30 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Баҳодиҳии тарафайни низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон

04.06.2018

Санаи 1 июни соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба баҳодиҳии тарафайни низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти салоҳиятдори кишвар таҳти роҳбарии Ватанзода М.М. – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Роҳбари Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО баргузор гардид.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Ватанзода М.М. кушода, доир ба лоиҳаи нахустини Ҳисобот оид ба натиҷаҳои баҳодиҳии тарафайн, ки қисмҳои татбиқи самаранокии низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО ва мутобиқати техникӣ ба Тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ)-ро фаро мегирад, сухан ронд.

DMM-001.jpg

Сипас, аз ҷониби Файзуллозода Ф. – Директори Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони ин Департамент маълумот оид ба камбудиҳои ҷойдошта ва бартараф кардани онҳо дар доираи лоиҳаи Ҳисобот, ки барои баррасӣ ва пешниҳоди хулосаҳо ба мақомоти дахлдори кишвар ирсол гардидааст, пешниҳод гардид.  

Ватанзода М.М. зимни суханрониаш қайд кард, ки тибқи Тартиботи гузаронидани баҳодиҳии тарафайни аз ҷониби Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) тасдиқшуда, дар ҷаласаи Пленарии ояндаи Гурӯҳи мазкур натиҷаҳои баҳодиҳии тарафайни низоми МҚД/МТ/МПСҚО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт. Вобаста ба ин, омодагии ҳамаҷонибаи мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати баррасии ин масъала дар Ҷаласаи навбатии ГАО муҳим мебошад.

DMM-002.jpg

Файзуллозода Ф. қайд намуд, ки муҳиммияти махсусро ҷараёни марҳилаи дуюми баҳодиҳии тарафайни ГАО дар бар мегирад, аз ин лиҳоз, аз ҷониби ҳама мақомоти давлатӣ андешидани чораҳои саривақтӣ ва мувофиқ зарур мебошад. Зеро дар сурати мавҷуд будани мушкилот дар раванди баҳодиҳӣ, кишвар метавонад ба таснифи давлатҳои вазъи МҚД/МТ/МПСҚО-и номусоиддошта шомил гардад.

Дар фарҷом аз ҷониби Ватанзода М.М. намояндагони вазорату идораҳо вазифадор карда шуданд, ки маълумоти заруриро нисбати камбудиҳои ҷойдоштаи лоиҳаи Ҳисобот бо мақсади пешниҳод намудан ба ҳайати коршиносон-баҳогузорони ГАО ҳарчи зудтар ба Бонки миллии Тоҷикистон (Департаменти мониторинги молиявӣ), ки мақоми ваколатдор дар самти МҚД/МТ/МПСҚО мебошад, пешниҳод намоянд.

Департаменти мониторинги молиявӣ 


Диданд: 1681

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ