Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,1%
  • 7,3%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд сомонӣ
    17,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Октябр)13,06
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 11.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2389.35 2446.41
10 4691.72 4803.77
20 9237.35 9457.95
50 22855.17 23400.99
100 45545.57 46633.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Семинари ҷамъбастӣ оид ба анҷоми татбиқи лоиҳаи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон”

25.06.2018

22 июни соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси БМТ Сироҷиддин Икромӣ, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода, ҳамоҳангсози Барномаи VOLIP Исроил Исмоилов, намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Вазорати молияи ҶТ ва ташкилотҳои қарзии иштирокдори Барномаи VOLIP семинари ҷамъбастӣ оид ба анҷоми татбиқи лоиҳаи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон (VOLIP)” баргузор гардид.

563A3355.jpg

Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси БМТ Сироҷиддин Икромӣ вобаста ба татбиқи барномаи мазкур суханронӣ намуда, миннатдории худро ба Гурӯҳи татбиқи лоиҳа, аз ҷумла, намояндагони Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди мактабҳои миёна дар назди Вазорати маориф ва илми ҶТ ва ташкилотҳои қарзии иштирокдори Барномаи VOLIP баён намуд.

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ зимни суханронӣ изҳор намуд, ки Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ҳадафҳои муайян, яъне баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани саводнокии касбии ҷавонон, омӯзиш ва такмили малакаву маҳорати амалии бонувони коргари беихтисос ва муҳайё намудани имконияти дастрасӣ ба маблағҳои арзон ва шароити мусоид ба қишри осебпазири ҷомеаро пайгирӣ намуда, маблағҳои Барнома бо усули нав дар асоси принсипҳои маблағгузории исломӣ пешниҳод карда мешаванд. Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи мазкур ташкил намудани маблағгузории гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ, хусусан дар деҳот, тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ ба воситаи ташкилотҳои қарзии интихобгардида дар минтақаҳои татбиқи Лоиҳа пешбинӣ шудааст.

563A3456.jpg

Сипас, ҳамоҳангсози Барномаи VOLIP Исроил Исмоилов ва намояндагони Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди мактабҳои миёна дар назди Вазорати маориф ва илми ҶТ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон” дар муассисаҳои таълимии сохтори Вазорати илм ва маорифи ҶТ, натиҷаҳои омӯзиши касбӣ ва дастрасӣ ба шуғли пурмаҳсул дар доираи барномаи VOLIP, таъмини истифодаи маркази касбомӯзӣ ва рушди омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Хуросон маърӯза намуданд.

Дар рафти семинар ба иштирокдорон муяссар гардид, ки оид ба раванди ташкили фаъолияти бонкӣ ҷиҳати қарздиҳии хурди исломӣ дар доираи барномаи мазкур, нақшаҳои ояндаи гурӯҳи татбиқи лоиҳа дар заминаи принсипҳои маблағгузории хурди исломӣ ва таъмини устувории натиҷаҳои ба даст овардашуда маълумот дастрас намоянд.

563A3362.jpg

Хотиррасон мекунем, ки маблағҳои лоиҳаи Барномаи VOLIP дар асоси принсипҳои маблағгузории исломӣ тавассути амалиётҳои Муробаҳа ва Салам пешбинӣ гардидаанд. Созишномаи қарзӣ байни Вазорати маориф ва илми ҶТ ва Бонки миллии Тоҷикистон ба маблағи 2, 976, 500 (ду миллиону нуҳсаду ҳафтоду шаш ҳазору панҷсад) дол. ИМА аз санаи 14 декабри соли 2016 ба имзо расонида шудааст. Дар асоси Созишномаи қарзии фаръии Бонки миллии Тоҷикистон бо ташкилотҳои қарзии иштирокдори Барномаи VOLIP маблағҳои ба ин ташкилотҳо ҷудогардида, ҳамчун фонди гардон, то соли 2021 истифода мешаванд.

Қобили қайд аст, ки маблағҳои лоиҳаи мазкур тавассути ташкилотҳои қарзии ватанӣ (БДА “Амонатбонк”, ҶСК “Бонки Эсхата”, ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон”, ҶСК ”Коммерсбонки Тоҷикистон”, ҶСП ТАҚХ “Имон Интернешнл”, ҶСП ТАҚХ “Ҳумо”, ҶДММ ТАҚХ “Арванд”) амалӣ карда мешаванд. Айни ҳол, лоиҳаи Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон (VOLIP) дар 11 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Норак, Сарбанд ва ноҳияҳои Шаҳринав, Файзобод, Нуробод, Хуросон, Муъминобод, Ҳамадонӣ ва Зафаробод мавриди амал қарор дорад.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 1116

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4768 (54.56%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2151 (24.61%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        828 (9.47%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5855 (67.00%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1359 (15.55%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        314 (3.59%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ