Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Таҳлили нишондиҳандаҳои ташкилотҳои суғуртавӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон

02.07.2018

Санаи 29 июни соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Машрабзода Ҳамидулло бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои суғуртавӣ ва масъулини Идораи назорати суғуртавӣ ҷаласаи навбатии ташкилотҳои суғуртавӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти марҳилавӣ доир гардид.

563A4481-1.JPG

Ҷаласаро Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки бахши суғурта ҳамчун пешниҳодкунандаи бозори хизматрасониҳои суғуртавӣ яке аз бахшҳои муҳимми бозори молиявии мамлакат ба ҳисоб меравад. “Соҳаи суғурта ҳамчун низоми ҳимоя ва дастгирии манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дар самти таъмини бехатарии ҳаёт, саломатӣ ва молу мулк унсури асосии иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ба ҳисоб рафта, барои пешрафти соҳаҳои иқтисодиёт ва хоҷагии халқ бахши муҳим арзёбӣ мегардад ва рушди он ба ҳалли як қатор масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат мусоидат менамояд. Маҳаки асосии сохтани фазои ягонаи суғуртавӣ дар ҳар як давлат - ин мавҷудияти талаботи ҷамъиятӣ ба хизматрасониҳои суғуртавӣ мебошад”, - таъкид намуд зимни баромади худ Машрабзода Ҳ.

Дар идомаи ҷаласа, сардори Идораи назорати суғуртавии БМТ Дилбар Ҳусейнова ба иштирокдорон дар мавзӯи “Таҳлили нишондиҳандаҳои ташкилотҳои суғуртавӣ” муаррифии муфассалро бо нишон додани фаъолияти ташкилотҳои суғуртавии кишвар манзури ҳозирин гардонид.

563A4236-2.JPG

Номбурда, зимни таҳлили нишондиҳандаҳои ташкилотҳои суғуртавӣ оид ба тамоюли бозори суғуртавӣ аз соли 2015 то давраи семоҳаи аввали соли 2018, воридоти ҳаққи суғуртавӣ аз рӯи шаклҳо ва намудҳои суғурта, пардохти ҷуброни суғуртавӣ аз рӯи шаклҳо, сохтори сандуқи суғуртавӣ дар солҳои 2017-2018, нишондиҳандаҳои азнавсуғуртакунӣ маълумоти муфассал дод. Зимни муаррифӣ инчунин мавзӯи фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ аз рӯи воридоти ҳаққи суғурта, аз ҷумла суғуртаи амвол, суғуртаи сохтмон, суғуртаи нақлиёт, суғуртаи ҳодисаҳои нохуш, суғуртаи тиббӣ ва пардохти ҷуброни онҳо, дар баробари ин комёбиҳо ва камбудиҳои ҷойдошта дар соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни муҳокимаронӣ иштирокдорон инчунин оид ба лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии масъулияти гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” ва “Дар бораи суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии интиқолдиҳанда барои расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ва амволи мусофирон” мубоҳиса намуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар рафти ҷаласа, инчунин мутахассиси Департаменти мониторинги молиявӣ Юнусӣ Бежан вобаста ба мавзӯи “Тартиби пешниҳоди маълумот аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ ба ДММ“ ба намояндагони ташкилотҳои суғуртавӣ муаррифӣ манзур намуд.

563A4245-3.JPG

Кори ҷаласаро Муовини Раиси БМТ Ҳамидулло Машрабзода ҷамъбаст намуда, ба ташкилотҳои суғуртавӣ барои ба тарзи дуруст ва саривақт пешниҳод намудани ҳисоботҳо, саҳмгузории фаъол дар бозори хизматрасониҳои суғуртавӣ, ба таври дуруст ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ, ба роҳ мондани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дастуру тавсияҳо дод. Дар баробари ин, даъват ба амал оварда шуд, ки бо мақсади рушди соҳаи суғурта дар кишвар ва ба роҳ мондани ҳамкории муштарак ва ҳамоҳангсоз дар байни ташкилотҳои суғуртавӣ таъсис додани Ассотсиатсияи ташкилотҳои суғуртавии кишвар зарур аст.

Дар ниҳояти ҷаласа таъкид гардид, ки ташкилотҳои суғуртавӣ барои расидан ба натиҷаҳои самарабахш бояд пайваста дар иртибот буда, бо назардошти риояи қонунгузории ҷорӣ фаъолияти рӯзмарраи худро дар асоси рақобати солим ба роҳ монанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ



Диданд: 2089

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ