Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо таҳлилгарони Агентии байналмилалии рейтингии “Standard & Poor’s”

20.07.2018

19 июли соли 2018 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо таҳлилгарони Агентии байналмилалии рейтингии “Standard & Poor’s” Тревор Куллинан ва Шоҳрух Темуров, ки барои оғози раванди интишори навбатии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, мулоқоти корӣ анҷом дод.

1.JPG

Мулоқотро нахуст Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба вазъи нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии мамлакат ва тамоюли рушд дар самтҳои муҳимми он дар се соли охир (2015-2018) маълумоти мушаххас дод. Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи намояндагони Агентии “Standard & Poor’s”-ро ба пешбурди сиёсати иқтисодии мамлакат, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати фискалӣ ва қарзи берунаи давлатӣ, бозори коғазҳои қиматнок, барориши евробондҳо бо ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди бахши воқеии иқтисодиёт, таъмини суботи молиявӣ, вазъи низоми бонкии кишвар, татбиқи ислоҳот дар ин самт ва тадбирҳои минбаъда ҷалб намуд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки дар натиҷаи андешидани як қатор тадбирҳои судманд дар ин давра, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои минтақа ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

2.JPG

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев махсусан таъкид кард, ки зимни истифодаи индикаторҳои рейтингӣ ба инобат гирифтани раванди тамоюли рушд дар бахшҳои муҳимми иқтисодиёт бо мақсади муайян кардани эътибору нуфузи кишвар нақши назаррас дорад.

3.JPG

Дар идома, аз ҷониби коршиноси Агентии байналмилалии рейтингии “Standard & Poor’s” Тревор Куллинан методологияи гузаронидани рейтинг ва омилҳои асосии муайянкунии он, аз ҷумла аз рӯи нишондиҳандаҳои суботи молиявӣ, сиёсати фискалӣ, сиёсати пулию қарзӣ, низоми бонкӣ, сатҳи некуаҳолӣ ва нишондиҳандаҳои қарзи давлатӣ маълумот дода шуд. Тревор Куллинан аз ҷумла иброз дошт, ки ҳадафи асосии онҳо таҳлил намудани нишондиҳандаҳои иқтисодию молиявӣ аз рӯи маълумотҳои оморӣ ва иттилоотӣ, бо назардошти дигар нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ истифода мегарданд.

4.JPG

Дар хотима Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳамкорӣ бо Агентии мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, барои шаффоф, дақиқ ва дар такя ба маълумотҳои асоснок бо назардошти тамоюли рушд дар самтҳои муваффақ таҳия шудани рейтинги Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори боварӣ кард.

Бояд қайд кард, ки дар робита ба муқаррароти Протоколи ҷаласаи XIII-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 30 майи соли 2014 таҳти №1с/22-3, Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани раванди интишори рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардидааст.

5.JPG

Раванди интишори рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамасола пайгирӣ мегардад ва барои интишор намудани рейтинги навбатӣ ҳамкориҳои дуҷониба бо Агентии байналмилалии рейтингии “Standard & Poor’s”, ки яке аз агентиҳои бонуфузи байналмилалии панҷгонаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад, тибқи созишномаи тарафайн ба роҳ монда шудааст. Дар асоси ин созишнома, Агентии “Standard & Poor’s” вазъи иқтисодӣ ва масоили амнияти иқтисодии кишварро баҳогузорӣ менамояд, ки гузоришҳои таҳлилии он барои рейтинги кишвар дар ҷалби сармояи хориҷӣ ва дигар омилҳои муҳим, яъне дастрасӣ ба бозорҳои молиявии ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.

6.JPG

Ёдовар мешавем, ки Агентии байналмилалии рейтингии “Standard & Poor’s” дар баробари баҳогузории хавфҳои қарзӣ, инчунин рейтинги бозори қарзӣ, молиявӣ ва маълумоти расмиро таъмин намуда, маводҳои таҳлилӣ ва иттилоотиро ба нашр мерасонад.

Мувофиқи нақша, коршиносони Агентии байналмилалии рейтингии “Standard & Poor’s” зимни сафари худ бо роҳбарияти як қатор вазорату идораҳои кишвар, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ мулоқоту машваратҳо доир намуда, ҷиҳати баҳогузорӣ намудани рейтинги кишварро баррасӣ менамоянд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 2892

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ