Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи апрел
    2,2%
  • 10,6%
  • Пулҳои захиравӣ (апрел), млрд. сомонӣ
    18,6
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 майи с.2020)11,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (апрел)12,18
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-апрел)
    11,11
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-апрел)
    23,88
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-апрел)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (апрел)
    21,89
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-апрел)
    20,97




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 26.05.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2960.63 3031.33
10 5834.29 5973.62
20 11522.48 11797.66
50 28568.00 29250.25
100 56971.23 58331.81

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Май      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    27 28 29 30 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2018

21.07.2018

20 июли соли 2018 дар ҷаласаи васеъи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2018 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 мавриди баррасии иштирокдорон қарор дода шуд.

Ҷаласаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, изҳор дошт, ки новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар дар нимсолаи аввали соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мусбат ҷамъбаст гардиданд. Ҷамшед Нурмаҳмадзода аз ҷумла қайд намуд: “Бонки миллии Тоҷикистон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раҳнамои амал қарор дода, ҷиҳати таъмини суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати самараноки пулию қарзӣ, солимгардонии низоми бонкӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ як қатор тадбирҳори заруриро амалӣ намуд ва баҳри боз ҳам вусъат додани корҳо дар ин самт чораҳои таъхирнопазир андешида истодааст”.

563A8338-1.JPG

Зимни ҷаласа инчунин оид ба иҷрои дастуру супоришҳо дар самти татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва асъории Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо, рушди боэътидоли ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, таъмини суботи молиявии низоми бонкӣ, дастрасӣ ба хизматрасонии бонкӣ дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон, вусъат бахшидан ба низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, бартараф намудани камбудиҳо ҷиҳати роҳ надодан ба қонунвайронкунӣ аз ҷониби кормандони ташкилотҳои қарзӣ ва дигар масъалаҳои пурзӯр намудани назорат дар низоми бонкӣ ибрози назар карда шуд.

Дар идомаи ҷаласа, оид ба “Вазъи низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2018 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018” директори Департаменти назорати бонкӣ Нурмуҳаммад Шарипов бо маърӯза баромад намуда, барои иштирокдорон оид ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, вазъи низоми бонкӣ ва низоми пардохт, хавфҳо ва камбудиҳо дар низоми бонкӣ, чораҳои андешидашуда маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Зимни ҳисобот Н.Шарипов вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии ҶТ ва натиҷаҳои ба дастовардашуда, аз ҷумла, муқаррар намудани сармояи ойинномавӣ барои бонкҳои навтаъсис дар ҳаҷми 50 миллион сомонӣ, аз 16 фоиз то 14 фоизи солона кам намудани меъёри бозтамвил, коҳиш додани истифодаи пули нақд дар муомилот ва вусъат ёфтани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, вазъи бозори фурӯши қоғазҳои қиматноки БМТ дар шашмоҳаи якуми соли 2018 иттилоъ дод.

563A8306-2.JPG

Дар қисмати муҳокимаронӣ Роҳбарияти бонк ва роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ баҳри рушди фаъолият дар низоми бонкӣ бо як қатор пешниҳоду таклифҳо баромад намуданд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода диққати роҳбарони ташкилотҳои қарзиро ба чунин масъалаҳо, аз қабили зиёд намудани захираҳои қарздиҳӣ ба иқтисоди миллӣ, ҷорӣ намудани усулҳои идораи корпоративӣ, ба роҳ мондани сиёсати дурусти фоизӣ ва истифода бурдани стратегияи воқеии пешбурди фаъолият, ҳамкории сусти ташкилотҳои қарзӣ бо ассостсиатсияи бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд ҷалб намуда, таъкид кард, ки ҷой надоштани имтиёзҳо барои вусъат додани амалиётҳои ғайринақдӣ барои пешрафти фаъолияти низоми бонкӣ таъсир расонда метавонад. Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар робита ба вазъи дохилии қурби асъор сухан карда, нисбати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, филиалҳои онҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар самти қурби асъор, роҳ додани ҳолатҳои ғайриқонунии мубодилаи асъор аз ҷониби онҳо эродҳои ҷиддӣ овард. Аз ин рӯ, барои пешгирӣ кардани чунин ҳолатҳо, ки боиси ба амал омадани хавфҳои асъорӣ мегарданд, ба ташкилотҳои қарзӣ ва воҳидҳои сохтории онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар баробари таҳлили мухтасари вазъи кунунии низоми бонкӣ, таклиф ба миён овард, ки фаъолияти Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурд дар ҳамбастагӣ ба роҳ монда шавад. Зеро самти фаъолияти ташкилотҳои номбурда, ин муттаҳид сохтани низомҳои молиявӣ, инчунин ташкили низоми хуб ва пешрафта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Зикр гардид, ки пешниҳоди мазкур бо дарназардошти такроршавии вазифаҳо, бо мақсади кам кардани хароҷот ва самаранок ба роҳ мондани фаъолияти як сохтор манзур гардида, имконияти дар амал татбиқ намудани ин масъала мавриди баррасии ташкилотҳои номбурда дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзӣ қарор дода шавад.

563A8387-3.JPG

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин дар навбати худ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷории бонкӣ, ба роҳ мондани сиёсати дурусти фоизӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ, баланд будани маржаи фоизии байни қарзҳо ва пасандозҳо нуқтаи назари худро баён намуда, аз роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ даъват ба амал овард, ки барои рушди низоми бонкӣ рақобати солимро ба роҳ монанд.

Қобили қайд аст, ки зимни ҳисоботи роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода ба онҳо ҷиҳати баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкии кишвар, пешниҳоди хизматрасониҳои мусоиди бонкӣ ба шаҳрвандон, аз ҷумла дар манотиқи дурдасти кишвар, таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони низоми молиявӣ, мутобиқи меъёрҳо ба роҳ мондани фаъолият дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ, таъмини ташкилотҳои қарзӣ бо пули нақд, аз муомилот гирифтани пулҳои фарсуда ва дуруст ба роҳ мондани идоракунии корпоративӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар баробари ин, таъкид карда шуд, ки ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани сиёсати фоизӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ, таҳия ва пешбурди стратегияи муайяни фоизӣ ҷиҳати паст кардани фоизи қарзҳо ва кам кардани маржаи байни пасандоз ва қарз тадбирҳои саривақтӣ андешида, ба дастрасии молиявии аҳолӣ мусоидат намоянд.

563A8308-4.JPG

Дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати рушди низоми бонкии кишвар дар назди ташкилотҳои қарзӣ барои нимсолаи дуюми соли 2018 вазифаҳои нав гузошта шуд, аз ҷумла ташкилотҳои қарзӣ барои андешидани чораҳои воқеӣ ҷиҳати ҷалби бештари сармояи дарозмуҳлат, баланд бардоштани фарҳанги қарздиҳӣ, такмил ва таҷдиди сиёсати қарзӣ, такмили идоракунии корпоративӣ, баланд бардоштани тахассусияти кормандон, пурзӯр намудани назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо ва ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосири бонкӣ, васеъ намудани доираи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва таъмини соҳибкорон бо терминалҳо, зиёд кардани қарздиҳӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла истеҳсолоти хонагӣ, истифодаи имкониятҳои гуногун барои баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ вазифадор шуданд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Диданд: 1788

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ